logo

сиёсат

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ШАХСИЯТ, ХОДИМИ ДАВЛАТӢ ВА СИЁСӢ

Марҳилаи аввали ташаккулёбии иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон алоқаманд мебошад.  
 
Дар ин давра Шириншоҳ Шоҳтемур то тақсимоти миллӣ дар таъсиси Нозироти маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд фаъолият дошт. Баъди тақсимоти миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон мавсуф узви бюрои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон таъйин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристонда шуда, дар масъалаи таъсиси мактабу маориф, иттифоқҳои касаба, нашрияи алоҳида барои тоҷикон  саҳми муносибе мегузорад.
Аз ҷумла, бо саъюу кӯшиши ӯ 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба нашр расид. Он рӯзномаи расмии Бюрои ташкилии Ҳизби Коммунисти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон буд. Дар рӯзнома дар радифи ҳадафҳои сиёсии ҳизбӣ ҳадафҳои иттифоқҳои касаба низ тарғибу ташвиқ мешуд.
Вазъи ҳаракати иттифоқи касаба, аз ҷумла аъзошавӣ ба иттифоқи касабаи Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба (Тоҷикистон) дар давраи мухторият дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон аз рӯи мансубияти миллӣ хеле ташвишовар буд. Чунончи, маълумотҳои оморӣ оид ба ҳаракати иттифоқҳои касаба (аъзошавӣ) нишон медиҳанд, ки дар ҶМШС Тоҷикистон (ҳамчун Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба) ба ҳолати 1 декабри 1924 шумораи аъзои иттифоқи касаба 1012 нафарро (аз ин 623 нафараш тоҷикон) ташкил медод. Масъалаи мазкур Шириншоҳ Шоҳтемурро бетараф нагузошт.
Моҳе пештар, яъне ноябри соли 1924, масъалаи таъсиси иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба миён омад, ки дар таъсиси он нақши ӯ ҳамчун узви бюрои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон муассир мебошад.
Баъди як соли таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Бюрои ташкилии ҶШС Ӯзбекистон аз I августи 1925 дар шаҳри Душанбе Бюрои ташкилии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки вазифаи он ба роҳ мондани корҳои ташкилии иттифоқҳои касаба дар ҷумҳурӣ буд.
15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи ҶМШС Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба-"Тоҷиксовпроф" таъсис дода шуд. 
Бояд зикр намуд, ки то таъсиси иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон дар ҶМШС Тоҷикистон иттифоқҳои касаба дар шакли Шӯрои вилоятии иттифоқи касаба дар ҳайати Иттифоқҳои касабаи ҶШС Ӯзбекистон амал мекард. Аз ҷумла, тибқи ҳуҷҷатҳои конференсияи Осиёимиёнагии иттифоқҳои касаба аз 16-20 июни соли 1925 дар Тоҷикистон Шӯрои вилоятии Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон амал мекард ва он шомили иттифоқи касабаи вилояти Тошканд буд. Тавре пештар зикр гардид, Шириншоҳ Шоҳтемур дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд фаъолият дошт.
Соли 1924 дар Ӯротеппа (Истаравшан) аввалин маротиба Хонаи истироҳатӣ барои 120 кат ба истифода дода шуд,  ки дар таъсис додани он Шириншоҳ Шоҳтемур нақш дошт.
Ӯ дар баробари таъсиси нашрияҳои тоҷикӣ, дар таъсиси мактабҳои маҳви бесаводӣ саҳми муносиб гузошт. Дар сохтори Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳам мактабҳои маҳви бесаводӣ таъсис дода шуданд. 
Ҳадаф аз таъсиси чунин мактабҳо аввалан, хату савод гирифтани аъзои иттифоқи касаба бошад, дуюм, ин тарғиби ҳадафҳои иттифоқи касаба дар байни аъзо буд. Ба ҳолати 1 январи соли 1926 дар Тоҷикистон 10 мактаби маҳви бесаводии иттифоқҳои касаба амал мекард.
Аз тарафи дигар, аз рӯи шумораи аъзошавӣ ва ҳайати миллӣ ба иттифоқҳои касаба танҳо 30 фоизашро тоҷикон ташкил медоданд.  Ин масъала дар он солҳо ташвишовар маҳсуб мешуд. Барои ҷалби бештари сокинони маҳаллӣ, ташкилоти ҳизбӣ ба шӯрои иттифоқҳо ва органҳои маҳаллии ҳизбӣ вазифа гузошт, ки азнавсозӣ ва ба расмият даровардани органҳои иттифоқи вилоятиро дар шакли котиботи иттифоқи касаба пурра таъмин намоянд. 
Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси котиби масъули комитети партиявии вилоятии Тоҷикистон тавсия дод, ки ба шумораи аъзои иттифоқи касаба нигоҳ накарда, дар вилоятҳо дар ҳайати аз панҷ то ҳафт нафар котиботи иттифоқҳои касабаро таъйин намудан лозим мебошад.
Дар асоси ин нишондоди ҳизбӣ, корҳои ташкилиро то охири соли 1927 дар ҷумҳурӣ танҳо ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кормандони савдо, бинокорон, тиб, хоҷагии қишлоқ ва маориф ба сомон расонданд.
Корҳои ташкилии иттифоқҳои касаба, иборат аз бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва дигар самтҳои фаъолияташ дар давраи мухторияти ҷумҳурӣ аз тарафи Бюрои иҷроияи кумитаи ҳизбии вилоятии КМП (б) Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон назорат карда мешуд.
Ба ҳамин мақсад Бюрои иҷроияи кумитаи ҳизбии вилоятии КМП (б) Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон дар маҷлиси худ масъалаи аз нав бастани шартномаи коллективиро (шакли имрӯзаи созишномаи генералӣ) барои солҳои 1927 - 1928 муҳокима карда, дар шартномаи коллективӣ банди махсус ҷойгир намудаанд, ки он ба ҷалби кормандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, ба истеҳсолот ва дастгоҳҳои ҳизбию иттифоқҳои касаба равона гардида буданд.
Масъалаи дигари хеле муҳимро,  ки Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун узви Бюрои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон  дар он солҳо дар назди иттифоқҳои касаба ба миён гузошт, ин  нақши иттифоқҳои касаба дар мубориза ба маҳви бесаводии оммаи мардум буд. Дар ин маврид, барои иттифоқҳои касаба зарурат пеш омад, ки мактабҳои маҳви бесаводиро таъсис дода, ба ҳамин васила на танҳо оммаи меҳнаткашонро хату савод омӯзад, балки дар чунин мактабҳо мақсаду вазифаҳои иттифоқҳои касабаро ба оммаи мардум фаҳмонад.
Барои расидан ба ин ҳадаф соли 1927 дар шаҳри Душанбе чор мактаби маҳви бесаводии иттифоқҳои касаба кушода шуд, ки 150 нафар узви иттифоқи касаба дар он таҳсил менамуд. Соли 1927 дар ин мактабҳо 370 нафар таҳсил мекард.
Ба мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани оммаи заҳматкаш ба иттифоқҳои касаба дар сохтори шӯрои иттифоқҳои касаба шуъбаи маданият таъсис дода шуд. Вазифаи шуъбаи мазкур маҳви бесаводӣ дар байни аъзо, таъсиси клубҳои варзишӣ, роҳандозии маҳфилҳои гуногун буд. 
Дигар масъалаи муҳиме, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳувияти миллӣ ва худшиносии халқи тоҷик асос гузошт, ин таъсиси мактабҳо барои омӯзиши забони тоҷикӣ буд. Ин ҳақиқат ниёз ба исбот надорад, ки ҳарчанд ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта буд, вазъи забони тоҷикӣ дар он солҳо хеле ташвишовар маҳсуб меёфт. 
Дар дастгоҳҳои ҳизбӣ, ташкилоту муассисаҳои амалкунандаи он давр, махсусан дар иттифоқҳои касаба, бештар ақаллиятҳои миллӣ фаъолият менамуданд. Аз байни иттифоқҳои соҳавӣ, аввалин шуда иттифоқи касабаи кормандони савдо 2 мактаби омӯзиши забони тоҷикиро таъсис дод, ки дар он 115 узви иттифоқи касаба таҳсил менамуд.
Ҳамин тавр, Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси корманди котиботи Шӯрои Комиссарони халқӣ, инструктори шуъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шуъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон, узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик, котиби масъули комитети партиявии вилоятии Тоҷикистон,  котиби дуюми КМ ҲК(б) Тоҷикистон,  раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон, ҳамчун ходими давлатӣ ва сиёсӣ дар таъсиси дигар сохторҳои давлатӣ ба таъсис ва таҳкими иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.
 
Қурбоналӣ РАҲИМОВ,
корманди иттифоқи касабаи 
кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед