logo

фарҳанг

«ТОРҲОИ ГУСАСТА Ё ҲАДИСИ ТАЛХИ «АРМУҒОН»-И СОЗСОЗ»

«Ҷумҳурият», 2 апрели соли 2021
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Торҳои гусаста ё ҳадиси талхи «Армуғон»-и созсоз», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо қалами Гулнисои Саъдоншо нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Бояд зикр кард, ки Корхонаи воҳиди давлатии илмӣ - истеҳсолии «Созтарош» то соли 1995 як қисми Иттиҳодияи «Армуғон» буда, баъдан ба сохтори Вазорати фарҳанги кишвар ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии алоҳида ворид шуда, то имрӯз ҳамчун як корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд.
Корхонаи мазкур коргоҳи давлатиест, ки ба истеҳсоли асбобҳои мусиқии миллӣ машғул буда, вазорат ба воситаи он дар доираи имкониятҳои воқеӣ муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумла мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, дастаҳои хунарӣ, хонаҳои маданияти шаҳру ноҳияҳо ва деҳотро бо асбобҳои мусиқии миллӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин,  меҳмонони хориҷӣ, ки ба кишвар ташриф менамоянд, бо фарҳанги миллии мо шинос шуда, асбобҳои мусиқии миллиро ҳамчун туҳфаҳои хотиравӣ харид менамоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии илмӣ - истеҳсолии «Созтарош» муассисаи ба ҳисоби хоҷагӣ гузашта мебошад ва фаъолияти иқтисодӣ, молиявию хоҷагиашро бояд аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ амалӣ намояд. Корхона ҳамасола миқдори истеҳсоли асбобҳои мусиқиро зиёд намуда, айни замон ба сифати онҳо аҳамияти зарурӣ надодааст.
Маблағе, ки ҷиҳати харидани созҳои мусиқии миллӣ барои муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, мувофиқи хароҷотномаи солонаи вазорат ба семоҳаҳо тақсим шуда, маблағгузорӣ мешавад.
Бояд зикр намоем, ки бинои корхонаи «Созтарош» солҳои 60-и асри гузашта сохта шудааст ва ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Аксарияти дастгоҳу таҷҳизоти мавҷудбударо иваз бояд кард. Вазорат якчанд лоиҳаҳои инвеститсиониву грантӣ барои гузарондани таъмири асосӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ пешниҳод намуд, вале масъала то ҳол ҳалли худро наёфта истодааст.
Айни ҳол, дар Корхонаи воҳиди давлатии илмӣ – истеҳсолии «Созтарош» ҳамагӣ 8 нафар, аз ҷумла 3 усто, ба сохтан ва таъмири созҳои миллии мусиқӣ машғул мебошад. Дар устохона созҳои миллӣ, аз қабили рубоб (бадахшӣ, қошғарӣ), тор, думбра, сетор, дутор, най, дойра, таблак ва ғайра тайёр карда мешаванд. Айни замон дар корхона дастгоҳу  таҷҳизоте кор фармуда мешаванд, ки аксарияти онҳо то 80-90 фоиз фарсуда мебошанд.
Бинои корхона аз 8 ҳуҷра иборат мебошад, аз ҷумла анбори маҳсулоти тайёр, сехи маҳсулот, сехи раванди гармидиҳӣ, сехи ҷамъоварӣ, 2 устохона, сехи дойрасозӣ ва анбор, ки арзиши бақиявии онҳо 143,65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои дуру дароз дар бинои корхона ягон маротиба корҳои таъмирӣ гузаронда нашудаанд. Даромади корхона танҳо барои пардохти андозҳои муқарраргардида, музди меҳнати кормандон, хизматрасонии коммуналӣ (барқ, обу корез ва ғайра), инчунин, дастрас намудани маводу лавозимоти зарурӣ харҷ мешавад.
Бинобар ин, вазорат чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон - сармоягузорони ватанӣ корхонаи «Созтарош»-ро таъмиру таҷдид ва бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин намуда, фаъолияти онро пурзӯр намояд.
 
Д. САФАРЗОДА, 
муовини вазири фарҳанг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 1812
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед