logo

иҷтимоиёт

БО МАБЛАҒИ ҲАҶ МОШИНИ «ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ» ХАРИДАНД

Муродалӣ Ҳалимов, ки дар ободонии шаҳри Норак ва бунёди неругоҳҳои он саҳми арзанда дошт, чанд соли охир дар сохтмони НБО «Роғун» заҳмат мекашид ва дар дил орзуи тавофи Каъбаро мепарварид.  Ӯ аз маоши худ пасандоз мекард ва ба ҳамин тариқ маблағи сафари ҳаҷро таҳия намуд. Аммо натавонист ба сабаби хуруҷи бемории сироятии COVID – 19 ба мақсади дерин бирасад. 
Мавсуф шахси сермутолиа буд. Рӯзномаву маҷаллаҳои давриро муттасил мехонд. Махсусан суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саховатмандӣ, некиву накукорӣ, гирифтани дасти ниёзмандон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ки дар рӯзномаи дӯстдоштааш – «Ҷумҳурият» нашр мешуданд, барояш писанд буданд. Имсол низ дар паёми шодбошиашон ба ифтихори фарорасии моҳи шарифи Рамазон Пешвои муаззами миллат чунин иброз доштанд: «Ба ҷои баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаю намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот мо бояд ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳали зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи Ҷашни бузурги миллиамон – 30 – солагии Истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон гузорем». 
Баъди шунидани паёми шодбошӣ тавассути оинаи нилгун, дар дилаш фурӯғе дамид, дар зеҳнаш фикре ҷой гирифт. Андешид, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯриҳои пайвастаашон бо сокинони шаҳру ноҳияҳо, дар рафти суҳбатҳои ошкоро ва суханрониҳояшон воқеан ҳам дурусту боасос таъкид месозанд, ки мардони бонангу номуси кишвар ба корҳои нек, хайру саховат даст зананд. Муродалӣ ин ҳарфҳои шоистаро дар маҳаки ақл баркашида, ба дил гуфт, ки нафъ расондан ба мардум, обод кардани деҳа, маҳали зист, хати об кашидан, пулу мактабу бунгоҳи тиббӣ сохтан амали неку шоиста буда, ҳамчун садақаи ҷория маҳсуб меёбанд. Чаро ӯ аз пайи чунин кори наку нашавад? Вай ба вақти бемор буданаш ба завҷааш мегӯяд, ки сиҳат шавад ҳатман ба маблағи сафари ҳаҷ барои беморхонаи шаҳри Норак мошини «Ёрии таъҷилӣ» мехарад. 
Зиндаёд Муродалӣ Ҳалимов ба ин нияти неки худ нарасид, вале фарзандонаш васияти ӯро ба ҷой оварда, бо маблағи ҷамъовардаи падар чунин мошин харида, ба беморхона туҳфа намуданд. Имрӯзҳо мошин табибонро зуд ба сарвақти маризон мерасонад ва мардум марди биҳиштиро бо самимият ёд мекунанд. 
 
Ҳусейн МИРЗОЕВ, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Норак»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 543
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед