logo

фарҳанг

“СОЗҲОИ МУСИҚӢ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ”

“Падид омадани найҳои устухонӣ аз ёдгории “Тахти Сангин” (асрҳои III-II то мелод), кашф гардидани тасвири рубобҳо дар сангнигораҳои ноҳияи Ишкошим (асри I мелодӣ), тасвири навозандагони чанг ва буқ аз ёдгории “Панҷакенти қадим” (асрҳои V-VIII), тасвири ансамбли мусиқачиёни уду чанг аз Уструшан (асрҳои VII-IX), тасвири навозандаи чанг ва рубоби камонӣ аз ёдгории “Ҳулбук” (асрҳои IX-X) ва амсоли инҳо далели қадима будани созҳои мусиқии тоҷикон маҳсуб меёбанд”, - ибрози андеша намуд Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи намоиши “Созҳои мусиқӣ - муаррифгари фарҳанги миллӣ”.
Чорабинии мазкур 15 июли соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълондошти Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ баргузор гардид. Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Академияи миллии илмҳо, Китобхонаи миллӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Филармонияи давлатии бачагона иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии осорхона, зикр намуд, ки дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 300 сози гуногуни мусиқии миллӣ аз қабили найю сурнай, дутору думбра, карнаю шайпур, рубобҳои гуногун, сетор, шаштор, ҳафтор, дафу доира ва таблу нағора ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар оғози намоиш бо истифода аз тасвири созҳои мусиқии деворнигораҳои ёдгориҳои Тоҷикистон таърих ва ташаккули созҳои мусиқии тоҷик нишон дода шуд. Қадимтарин созҳои мусиқие, ки дар намоиш ба маъраз гузошта шудаанд найҳои устухонии мансуб ба асрҳои III-II то мелод мебошанд, ки аз ёдгории “Тахти Сангин” бозёфт гардидаанд. Дар қисмати дигари намоиш созҳои мусиқии устодони санъати тоҷик: танбурҳо аз устоди “Шашмақом” Содирхон Ҳофиз, Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, падари Одина Ҳошимов – Ҳошим Қосимов, думбраи гурғулисарои машҳур Ҳикмат Ризо пешниҳод шудаанд.
Ҳамзамон, дар  гӯшае аз намоиш созҳои мусиқии дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтаи устоҳои моҳири кишвар намоиш дода шудаанд, ки аз рушди ҳунари созтарошӣ дар ин даврон дарак медиҳанд. Дар намоиш чанд осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ки дар онҳо созҳои мусиқӣ тасвир ёфтаанд, ба тамошо гузоштанд.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 1884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед