logo

иҷтимоиёт

ШОМУҲАММАД ҲАЙДАРӢ – ДОНИШМАНДИ НОМШИНОС

 
Ман ӯро аз замони донишҷӯияш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз курси 3-юм тавассути маҳфили «Забоншиносӣ», ки  профессор Додоҷон Тоҷиев роҳбарӣ менамуд, мешиносам. Дар ин маҳфил шогирдони пешқадаме, ки ба илми забоншиносӣ майл ва қобилият доштанд, корҳои курсию дипломӣ ва гузоришҳои илмӣ омода мекарданд, ширкат меварзид. Аз ҳамон вақт дар ин маҳфил Д. Саймуддинов, Д. Хоҷаев, Т. Ваҳҳобов, А. Рустамов, З. Яҳёева, Қ. Юнусов ва дигар забоншиносони машҳур тарбия ёфтанд. Аз ҷумла, Ҳайдарӣ низ аз ҳамон зумра аст.
Ба ман дар муносибат, одамият, усулу услуби кори илмии Ҳайдарӣ чанд чиз писанд аст. Аввал, одамият. Ӯ шахси ором, нарм, пуртоқат, собитқадам, устувор, дурандеш, қадрдону қадршинос ва таҳаммулгаро, ҳурматро медонад. Аз донишҷӯӣ то имрӯз ба як мавзӯъ содиқу вафодор аст: номшиносӣ.
Соли 1973 баъди хатми донишгоҳ Ҳайдарӣ ба шуъбаи забони адабии ҳозираи тоҷик ва таърихи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо бо роҳхат ҳамчун лаборанти калон ба кор омад. Соли 1980 дар шуъбаи таърихи забони тоҷикӣ ва лаҳҷашиносии ҳамин пажӯҳишгоҳ ба тадқиқоти илмӣ пардохт. 
Номзади илми филология Шомуҳаммад Ҳайдарӣ 28 китоб нашр кард, 4 китобаш дар арафаи чоп аст. Дар кишвари Перми Федератсияи Россия 9 китобу 4 мақола ба табъ расонд.  Солҳои 1983 - 1986 ҳангоми сафари хизматӣ дар Афғонистон 3 китоб ва 10 мақола оид ба масъалаи топонимҳо нашр намудааст. 
Рисолаи бо ҳаммуаллифии В. Одегов навиштааш бо номи «Следы арийской цивилизации в Прикамье» (Историко-сравнительное изучение проблемы) соли 2006 дар намоишгоҳи китобҳои илмию оммавии кишваршиносии Россия дар Перм сазовори диплом ва мукофоти пулӣ гардид. Дар ин рисола кӯшиши ҷустуҷӯйи осори ориёӣ дар Россия таҷассум ёфтааст. Олими тоҷикро В. Одегов ва дигар олимони забоншиноси Перм бо ифтихор ориёӣ меноманд. 
Ш. Ҳайдарӣ дар беш аз 20 конфронси илмию назарии кишвар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳрҳои Екатеринбург, Владикавказ, Ижевск, Перм, Чебоксар, Магнитогорски Федератсияи Россия бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромадҳо намудааст, ки аксари онҳо дар маҷаллаҳо нашр шудаанд. 
Шомуҳаммад Ҳайдарӣ дӯстдори номҳои тоҷикист. Дар китоби «Муждаи меҳр» қариб 2000 номи аслаш тоҷикӣ пешниҳод гардидааст. Номи фарзандону пайвандонаш Авесто, Аноҳито, Ардамеҳр, Дониш, Фарангису Томирис, Анӯшу Ромиш, Ориёну Ораз ва Анижа… Номшинос ки ҳаст, китобҳояш низ унвонҳои зебо доранд: «Муждаи меҳр», «Султони сухан», «Меҳрбахши дилҳо», «Марди илм», «Наврӯз ва номгузорӣ», «Ном ва замон», «Ном ва тилло», «Ном ва Офтоб», «Ном ва Моҳ», «Номи зебо ҳусни инсон аст», «Меҳрҷӯе, Зулайховаше» …
Дар хонааш беш аз 5 ҳазор китоб мавҷуд аст. Мақсад дорад, ки дар зодгоҳаш деҳаи Понғози ноҳияи Ашт китобхонае бунёд намояд.
 
Нурулло МИРЗОМУҲАММАД, забоншинос
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 523
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед