Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир 24. Британияи Кабир ҳама маҳдудиятҳоро бар зидди COVID-19 бекор мекунад. Ниқобпӯшӣ ва фосилаи иҷтимоӣ аз рӯзи душанбеи 19 июл ихтиёрӣ мебошанд. Аммо, набояд ҳушёриро аз даст дод, - огоҳ кард сарвазир Борис Ҷонсон.
Мир 24. Директори Институти илмӣ - тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Санкт-Петербург ба номи В.И. Пастер Арег Тотолян дар шабакаи телевизиони «Россия -1» гуфт, ки масунияти дастаҷамъӣ ба COVID-19 ба 60 дарсади аҳолӣ расидааст.
RT. Иштирокдорони музокироти байни афғонҳо дар Қатар аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон» барои дар саросари кишвар ташкил намудани ваксиназанӣ ба мувофиқа расиданд.
Мир 24. Теъдоди қурбониён бар асари обхезӣ дар Олмон ба 156 нафар расид. Полис интизор дорад, ки ин рақам боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1139