logo

Хабарҳо

Аз нишастҳои матбуотӣ

ТОҶИКОБОД ВА РАШТ
Муассисаҳои бар асари заминларза харобгашта барқарор мешаванд
 
- Бар асари офати табиат дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 4 деҳа пурра хароб гардид. Мушкили асосӣ он аст, ки дар наздикии ин деҳаҳо муассисаҳои таълимӣ мавҷуд нест. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки дар кӯтоҳтарин муддат барои хонандагони ин деҳаҳо мактаб бунёд кунем, - гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, дар нишасти матбуотӣ.
Инчунин, гуфта шуд, ки ба таври кофӣ маблағгузорӣ нашудани муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мушкили асосӣ мебошад. Агарчи солҳои охир муассисаҳои томактабии пойтахти кишвар ва маркази ноҳияҳо бо ашёи таълимӣ таъмин гардида бошанд ҳам, вазъияти деҳот дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад. 
Маҳз бо ҳамин сабаб Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020 пурра иҷро нагардид.   
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳия ба анҷом расид
Ҳоло аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи лоиҳаи нақшаи генералии маркази 64 шаҳру ноҳия ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дорад. 
Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади таъмини сифатнокӣ ва татбиқи амалии назорати техникӣ оид ба риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои шаҳрсозӣ дар 742 иншооти навбунёд аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ якҷо бо нозирони кумита таҳлилу санҷишҳо гузаронда шуда, 2  ҳазору 805 ҳолати вайрон намудани қоида ва талаботи сохтмон ошкор гардид. Барои бартараф намудани камбудиҳо 564 масъули сохтмонҳо амрнома гирифта, ба маблағи 610 ҳазору 172 сомонӣ ҷарима шуданд.
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
ХАДАМОТ
Ба ҳар иҷрочӣ аз 300 то 1000 иҷроварақа рост меояд
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо 26,5 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ворид гардидаанд. Дар ин бора Юсуфҷон Юсуфзода, муовини якуми сардори хадамот, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт.
Юсуфҷон Юсуфзода ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» дар мавриди ситондани иҷроварақаи алимент ва алиментҳои мушкилситон гуфт, ки аз 7307 истеҳсолоти иҷро бо 7220 адади он амалҳои иҷро гузаронда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ ва 76 адад ба муҳосиботи ҷойи кори қарздор ирсол гардид. 
- То ҳол дар истеҳсолоти иҷрочиён 84 214 ҳуҷҷат вобаста ба ситондани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ  қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо 12,6 миллион сомонӣ ситонда шуд. Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 372 нафар санад барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод шуда, нисбат ба 213 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, - афзуд Ю. Юсуфзода.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 869
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед