logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРӢ

19 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Сарвазир, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.
 
Дар он масъалаҳо оид ба омодагиҳо ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Оид ба омодагиҳо ба баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳисоботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки барои татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланди мизбонӣ баргузор кардани чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ - 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкори Шанхай тадбирҳои мушаххас амалӣ шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо гармӣ супориши мушаххас гирифтанд.
Ба Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастур дода шуд, ки ҷиҳати сари вақт анҷом додани таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ ва омодагии иншооти соҳа ба соли нави таҳсили 2021 – 2022 чораҷуӣ намоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш гирифт, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 эмгузаронии пурраи аҳолиро таъмин намуда, байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ пурзӯр намояд.
Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба барқарор кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба зарардидагон, таъмини нақшаи кишти такрорӣ ва ҷамъоварии беталафи ҳосил дода шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2021    №: 144    Мутолиа карданд: 992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед