иқтисод
КИШОВАРЗӢ. РУШДИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ ДАР ЗАМИНАИ ПАЁМ
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла, иброз доштанд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шудааст. Бо вуҷуди таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва шароити экологӣ дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Иқтисодиёти кишвар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Дар ин давра 9,7 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 дарсад заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.
Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 1997 - 2020-ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Ин омил ҳар яки мо кормандони соҳаи кишоварзиро водор менамояд, ки ҷиҳати фарогирии бештари ҷавонон ба инкишофи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ масъулиятро бештар намоем.
Соли 2020 нисбат ба соли 1991 дар кишвар истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полизӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзор ба беш аз 200 ҳазор гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд аст. Яъне, замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас доранд.
Дар охир бояд таъкид намоям, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун қутбнамои соҳаи кишоварзӣ аз ҳар яки мо - ходимони илми кишоварзӣ танҳо серталабӣ, поквиҷдонӣ, пурмасъулиятӣ ва дарки эҳсоси ватандориро тақозо мекунад.
Ш. ХОҶАЕВ,
директори Институти хокшиносӣ
ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
Т. ХОҶАЗОД, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2021 №: 144 Мутолиа карданд: 2078