logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. НАҚШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Дарвоқеъ, агар ба зиндагии кӯтоҳи фарзанди пуршарафи халқи тоҷик, ходими намоёни сиёсӣ ва бунёдгузори давлати тоҷикон дар асри ХХ Шириншоҳ Шоҳтемур назар афканем, дар баробари саргузашти печидаву азобу машаққат боз пур аз далерию қаҳрамонист. Тавре аз зиндагиномаи ӯ маълум мегардад, ҳанӯз дар овони наврасӣ аз падару модар маҳрум мешавад. Барои дарёфти қути лоямут ва беҳтарсозии шароити рӯзгор як муддат донишандӯзиро мавқуф гузошта, дар чаҳордаҳсолагӣ ба корҳои гуногун, аз ҷумла мардикорӣ дар заводҳо, фаррошӣ ва кондукторӣ, машғул шуда, бо меҳнати софидилона зиндагиро пеш мебурд. Шириншоҳ аз мушкилиҳо наҳаросида, барои расидан ба мақсади ягона, яъне пиёда кардани ҳадафҳои сиёсияш барои ташкил ва бунёди давлати миллӣ талош мекард. 
Ислоҳоти бахшҳои муҳими хоҷагии халқ солҳои 1922 – 1923 дар шароите ба миён омад, ки он замон Шириншоҳ Шоҳтемур раиси узви сегонаи фавқулоддаи ҳарбию сиёсӣ дар Помир (Бадахшони Кӯҳистон) буд. Ӯ дар ин давра ҷиҳати рушди хоҷагии халқ, ташкил намудани соҳаи маориф, татбиқи ислоҳоти обу замин ва ҳифзи сиҳатии мардуми ин кишвар корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Ҳол он, ки татбиқи амалии ин масоил он вақт кори саҳл набуд. Кормандон дар ноҳияҳои баландкӯҳ музди маоши баланд намегирифтанд. Ин масъаларо Шириншоҳ Шоҳтемур борҳо дар КИМ – и Туркистон мавриди муҳокима қарор дода, дар яке аз гузоришҳояш соли 1923 «Дар бораи вазъияти кор дар Помир» ишора менамояд, ки: «Вазъи кор дар Помир ҳамон вақт тағйир меёбад, ки сегонаро ба воситаи кор дар шӯроҳо таъмин намуда, барои тайёр намудани кадрҳо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ шароит фароҳам оварда шавад». 
Он замон раванди амалисозӣ ва татбиқи ислоҳоти обу замин дар Помир ба муқобилиятҳои сахт рӯ ба рӯ шуд. Зеро дар ин давра, солҳои 1922 – 1923 иқтисоди хоҷагии қишлоқ хеле ақибмонда буд. Бойҳо, ки онҳоро миллатчиёни буржуазӣ дастгирӣ мекарданд, савияи пасти донишу ақибмондагии мардумро истифода бурда, миёни онҳо тарғиботи душманона мебурданд. Заминҳои кораму ҳосилдеҳ дар тасарруфи бойҳо буданд. Мувофиқи маълумот дар давраи Инқилоби Октябр 78 дарсади саршумори  чорво дар тасарруфи бойҳо буд. Дар ҳамон шабу рӯз дар Кӯҳистони Бадахшон баъди ғалабаи инқилоб ва барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ норасоии кадрҳои маҳаллӣ низ аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт. Вале роҳбарияти сегонаи ҳарбию сиёсӣ он замон таҳти раёсати Шириншоҳ Шоҳтемур тавонист мақомоти ҳизбӣ ва шӯравиро барои ҳалли масъалаи ислоҳоти обу замин сафарбар намояд. Бо мақсади тезондани тараққиёти иқтисодиёт ва маданияти Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин, барои ташкилу гузарондани ислоҳоти обу замин дар Помири Ғарбӣ назорати дурусти қарорҳои сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба уҳдаи Шириншоҳ Шоҳтемур гузошта шуд. 
Бо ташаббусу суботкориҳои Шириншоҳ ислоҳоти замин дар Помири Ғарбӣ бори аввал моҳи апрели соли 1922 баргузор шуда, дар ноҳияҳо комиссия меъёри тақсими заминро ба ҳар як одам як кавш (майдоне, ки дар он мешавад, 24 килограмм ғалла кишт кард) муайян шуд. Бояд гуфт, ки то ин вақт дар Помир дигар намуди асбобу воситаҳои ченкунии замин вуҷуд надошт. Дар натиҷаи гузарондани ислоҳоти обу замин заминҳои бойҳоро гирифта, ба деҳқонон доданд. Яке аз муваффақиятҳои ба он ноилшуда дар пешбурди ислоҳоти обу замин ин буд, ки ҷараёни ин амал аз ҷониби вакилон ва оммаи деҳқонону заҳматкашон  якдилона дастгирӣ меёфт. Анборҳои ғаллаи халқӣ, ки деҳқонон баъди ҷамъоварӣ аз ҳар анбон (халтачаи чармин) 12 килограмм ғалла мегирифтанд аз нав ташкил шуд. Дар он вақт аз ин анборҳо ба деҳқонони камбағал ва шахсони камбизоат ба миқдори лозима ғалла медоданд. Ҳамин тариқ, ин таҷриба дар дигар волостҳо низ роҳандозӣ шуда, вазъи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар аксар ноҳияҳо амалан беҳтар гардид. Татбиқи амалии ин масъала, ислоҳоти замину об тавассути раиси узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур, яке аз тадбирҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ буд, ки дар натиҷаи он дар Помири Ғарбӣ ва дигар волостҳо барои ҳамешагӣ истифодаи замин чун воситаи истисмор ба анҷом расид.
Сарчашмаҳо шаҳодат медҳанд, ки Шириншоҳ роҳбари принсипнок, шахси ростқавл, меҳнатдӯст, ватанпарвар буда, ба хотири ободии давлату миллат хизмати босазо намуда, дар рушди ҳайёти хоҷагии халқ, фарҳанг, маориф, маданият ва тарбияи сокинони кишвар ҳисса гузоштааст. 
Ин марди муборизу сиёсатмадор, ҳамагӣ 38 сол умр дид. Аз ин 17 солашро сарфи хизмат ба Ватану ҳифзи манфиатҳои халқу миллати худ намуда, ҳамеша аз тоҷик будани худ ифтихор мекард. Ин ки Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҷурми «миллатчӣ», «душмани халқ» ба қатл расонда шуд, аз ӯ танҳо ҷон, молу амвол, вазифа, мукофотҳо ва фарзандони ятиммондашро рабуд. Вале ягона чизе, ки аз Шириншоҳ касе гирифта натавонист ин номи неки ӯ буд. Ин ном то имрӯз дар таърих чун рамзи далерӣ, номусу шуҷоат, қаҳрамонӣ, покӣ ва садоқати миллӣ дарҷ шудааст.     
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида 110 – солагии ин абармарди миллатсоз ва нақши ӯ дар рушди хоҷагии халқу шинохти асолати миллӣ қайд намудаанд: «Шириншоҳ Шоҳтемур, ҳамчун роҳбари покзамиру ватанпарвар ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босуботу ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи мамлакатро бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ тасаввур кардан номумкин аст. Ин марди муборизу қавиирода ва ҳамсафаронаш дар ҷараёни фаъолияти кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд».
Хизмату ҷонфидоиҳои ин абармарди таърих дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон аз 27 июни соли 2006 дар бораи ба Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвонии Қаҳрамони Тоҷикистон муносиб дониста шуд. Маҳз пас аз қадрдонӣ гаштани Шириншоҳ Шоҳтемур ба унвони қаҳрамонӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бештари аҳли назар низ вобаста ба ҳаёту фаъолияти ин шахсият афзун гашт.  
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2021    №: 144    Мутолиа карданд: 1027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед