logo

иҷтимоиёт

ДУРУД БА ТУРСУНЗОДАВУ ҲИСОРИ ШОДМОН!

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки аз соли 1925 инҷониб дар хидмати халқу Ватан мебошад, ба ифтихори  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иқдоми басо наҷибонаеро ба роҳ андохт.
 
Рӯзнома дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба пешвози ин санаи фархунда ва таҷлили 110 - умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири оламшумул устод Мирзо Турсунзода озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд. Ин давоми озмунҳоест, ки рӯзнома чанд сол инҷониб ба ифтихори Қаҳрамонҳои Тоҷикистон доир менамояд. Бояд гуфт, ки чунин озмунҳо дар таърихи матбуоти тоҷик падидаи наву дурахшон аст.
Озмуни навбатӣ дар миёни сокинон, дар байни аҳли илму адаб ва кулли равшанфикрони кишвар ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он яке аз паси дигар мавҷи мақолаҳо ба идораи «Ҷумҳурият» ворид мегардиданд. Дар миёни муаллифон ашхоси гуногун – одамони одӣ, аҳли илму адаб, доктору профессорҳо ва шахсиятҳои маъруф зиёд буданд.
Ба озмун ба таври умум беш аз 200 мақола ворид гардид, ки чунин миқдори зиёд дар озмунҳои пешин ба чашм нарасида буд.
Мо аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» сипосгузорем, ки саховатмандона саҳифаҳои худро ба матолиби озмун бахшида, бештари мақолаҳои воридшударо ба табъ расонд. Ҳатто дар яке аз шумораҳои навбатӣ (8 июн) якбора шаш мақола ба табъ расидааст.
Оқибат, ба хотири ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар арафаи ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қариб 50 нафар ҳайати эҷодии «Ҷумҳурият» ҳамроҳ бо меҳмонон рӯ ба ҷониби водии Ҳисори шодмон ниҳоданд.
Ҳисоре, ки фарзанди бузургу арҷмандаш Мирзо Турсунзода табиати дилрабо ва силсилакӯҳҳои онро васф намуда, бо қалби саршор аз муҳаббат гуфтааст:
Бағали кӯҳи Ҳисор аст тамошогаҳи мо,
Манзилу маҳфили мо, бистари мо, ҷогаҳи мо.
Чашмаҳояш дами ҷӯшидану фаввора задан,
Гашта монанд ба оҳанги дили огаҳи мо.
Мо дар аснои роҳ медидем, ки дар муддати 30 соли Истиқлолияти давлатӣ симои водии Ҳисор ба куллӣ дигаргун гардидааст. Заминҳои доманфарохи серҳосил, шоҳроҳи байналмилалӣ, қасрҳову кӯшкҳои муҷалло, меҳмонхонаҳо, биноҳои баландошёна чашми бинандаро мерабуданд.
Ҳайати меҳмонони озмунро дар ноҳияи Шаҳринав бо гулу гулдаста, бо нону намак ва бо шеъри Турсунзода самимона истиқбол намуданд. Сипас, дар пояи муҷассамаи шоири бузург барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз шеъру сурудҳои Мирзо Турсунзода намоиш дода шуд. Садои дили шоири шаҳир тавассути ашъораш дар майдону кӯчаву хиёбонҳои Шаҳринав танинандоз мегашт.
Чилу чор сол аст, ки устод Мирзо Турсунзода дар миёни мо нест ва ба абадият пайвастааст. Дар ин муддат садҳо нафар шоирон ба майдон омаданд, ҳазорон маҷмӯаи  ашъор мунташир гардиданд, аммо имрӯз баландтару шевотар аз ҳама шеъри Мирзо Турсунзода садо медиҳад.
Баъд ба тамошои қалъаи қадимии Ҳисор ва дигар ҷойҳои таърихии он раҳсипор гардидем, ки басо мутаассиркунанда буд. Қалъаи Ҳисор ёдгории замони бос-тон аст, ки боду тӯфонҳои шадид ва лашкаркашиҳову қатли кушторҳои ҳазорсолаҳоро паси сар намуда, то имрӯз шаҳомату азамати худро маҳфуз доштааст. Агар бо чашми дил ба деворҳои чандҳазорсолаи он назар афканем, аз дили ҳар хишти он нола бармехезад. Нолае, ки аз амиқиҳои дили таърих, аз қаъри асру замонҳо бурун меояд.
Шомгоҳон меҳмони бӯстонсарое гаштем, ки хеле ободу зебо буда, дар соҳили дарё доман паҳн кардааст. Аз рӯи нақли дӯстони ҳисории мо чанд сол қабл ин ҷо як макони харобу нообод ва санглохе будааст. Соҳибкори бонангу номусе паи ободии ин гӯшаи диёр афтода, дар ин ҷо бӯстонсарое бино кардааст, ки шабеҳи қасри босафоест. Дохили он дар чор фасли сол як боғи дилкушост. Ин бӯстонсарои хуррам дар хидмати мардуми Ҳисор ва меҳмонони сершумори он қарор дорад. 
Дар шаҳри Турсунзода дар қасри фарҳанги бошукӯҳе бо ширкати аҳли ҷамъияти ду шаҳру як ноҳияи водии Ҳисор дар вазъияти ботантана ва бо баргузории барномаи ҷолиби консертӣ натиҷаи озмун ҷамъбаст гардид ва бист нафар аҳли калом аз самараи он ком ширин намуданд.
Банда аз ҳайати ҳакамони озмун сипосгузорам, ки ба ду мақолаи хоксоронаи ман ҷои якумро сазовор донистаанд. 
Ҷамъбасти озмун бо баргузории як маҳфили дилнишини дӯстиву фарҳангӣ дар соҳили хурраму дилкушои дарёи Қаратоғ хотима ёфт, ки ҳама гуфтугӯву ибрози андешаҳо танҳо марбут ба Мирзо Турсунзода буданд.
Хумори ширкаткунандагони озмун ва меҳмонон аз як бору ду бор нӯшидани оби ширину гуворои дарёи Қаратоғ, ки онро Мирзо Турсунзода дар ашъори худ бо ифтихор «рӯди ман» мегуфт, ҳеҷ намешикаст. Бо дасти худ аз дарёи пурмавҷу тобнок об нӯшидан хеле хушу гуворо буд. Гӯё аз миёни амвоҷи дарёи Қаратоғ садои Мирзо Турсунзода ба гӯш мерасид: 
Тезтар, бурротар обат аз дами шамшер ҳам,
Софтар аз оби чашми тифли бетақсир ҳам.
Пурзиётар аз рухи хуршеди оламгир ҳам,
Тундтар аз бод ҳам, аз бодпо нахчир ҳам,
Гарчи бепарво дили ман раҳ ба сӯят дер ёфт,
Ҳарчӣ бошад, ҳусни ту дар шеъри ман тасвир ёфт.
Дар иртиботи ҷамъбасти озмун ду рӯз дар шаҳру ноҳияи водии Ҳисор чандин маҳфилҳову ҷамъомадҳои дӯстиву фарҳангӣ доир гардиданд. Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва даҳҳо ашхоси гуногункасб дар аснои суханрониҳои худ ифтихор аз он мекарданд, ки Ҳисори хуррамзамин ва деҳаи Қаратоғ шахсияти оламшумулеро дар симои Мирзо Турсунзода ба ҷаҳониён армуғон додааст. Боз аз он шод буданд, ки шоири шаҳир водии зархези Ҳисор ва мардуми меҳнатқарини онро дар шеъру достонҳояш бо муҳаббати фарзандӣ тараннум кардааст.
Воқеан, водии Ҳисори шодмон дар ошёни дили  шоири бузург маъво гирифта буд.  Ӯ сарзамини Ҳисорро як гӯшаи дилрабои қитъаи Осиё медонист ва дарёи пуртуғёни Қаратоғро бо рӯдҳои бузурги олам Гангу Нил ҳамнаво месохт:
Гӯш кардам Шарқро, ҳам Нилро, ҳам Гангро,
Нармдил хоки замину пуртаҳаммул сангро,
Гӯш кардам, вазиши рӯди равон омад ба ёд,
Деҳаи ман, дар Ҳисори шодмон омад ба ёд.
Рӯди хурди деҳаи ман рӯди пуршӯр аст, шӯр
Бо садои рӯдҳои Осиё ҷӯр аст, ҷӯр.
Озмун ва ҷамъбасти ҳақиқати суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит сохт, ки гуфтаанд: «Мирзо Турсунзода ба маънои томаш шоири халқ ва маҳбуби ҳар хонадон аст. Шеъри ӯ барои имрӯз ва фардои миллат суруда шудааст».
Оре, ҳақиқат чунин аст. Мирзо Турсунзода савори саманди зарринёли назм ба сӯи фардо, ба сӯи асрҳову наслҳои нав раҳсипор мебошад. 
 
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2021    №: 144    Мутолиа карданд: 949
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед