logo

иҷтимоиёт

ОРЕ, «СОЗҲОИ МИЛЛӢ БА ОМӮЗИШУ ТАРҒИБ НИЁЗ ДОРАНД»

Пас аз мутолиаи матлаби нашргардидаи Абдулқодири Раҳим бо номи «Созҳои миллӣ ба омӯзишу тарғиб ниёз доранд» («Ҷумҳурият», 28-уми декабри соли 2020) бисёр шод гардидам ва умед доштам, ки ин мавзӯъ ва масъалаи басо муҳим барои соҳаи мусиқӣ бо баррасӣ ҳалли дурусти худро аз ҷониби мутахассисону масъулони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ пайдо мекунад. Ҳатто мақсад ҳам гузоштам, ки ҳарчи зудтар чун ҳамовозӣ ба он ва дастгирии муаллиф андешаҳоямро рӯи коғаз биёраму ба нашр бирасонам. Мутаассифона, бар асари беморӣ иҷрои ин корро ба рӯзҳои дигар вогузор мекардам.
 
Бояд ин нуктаро низ зикр бинамоям, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба навиштаҳои ин муаллиф шиносам ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунам. Ба пиндори ман, ӯ ягона рӯзноманигорест, ки масъалаҳои фарҳангиро хуб медонад ва дар ин хусус навишта ҳам метавонад. Барои ин далелҳои зиёд дорам. Агар ҳам касе ба ин андешаи ман андаке шубҳа дорад, бастаҳои Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро аз назар бигузаронад. Баъзе аз ин матлабҳо дар китобҳои ӯ ва дигар китобҳое, ки масъулину мутахассисони соҳаи фарҳанг ба нашр расондаанд, ҷой дода шудаанд. Вақте ки ӯ дар бораи таъсису ташкили ташхисгоҳи мусиқии кишвар бо навиштааш масъалагузорӣ намуд, ба ростӣ, ман ба тааҷҷуб афтодаму хурсанд шудам. Мутаассифона, дарки ин масъала ва моҳияти мавҷудияти ин ташхисгоҳ на ҳамаи мутахассисонро ба андешидан водор намуд. Ҷойи таассуф аст, ки то ба ҳол мо ин гуна ташхисгоҳро дар кишвар надорем. Дар натиҷа созҳои миллиамон дар барномаҳои консертӣ ноҷӯр садо медиҳанд. Барои истифодаи созҳо, чи миллӣ ва чи хориҷӣ хулоса ва иҷозати мутахассисону масъулони ташхисгоҳ зарур мебошад. Охир, дар ансамбл истифодаи созҳои миллии тарошидаи чанд усто, он ҳам аз чанд чӯб, ҳеҷ мумкин нест. Ин гуна берабтиву бемасъулиятие, ки оид ба масъалаи мазкур дар кишвари мо аст, дар ҳеҷ кишвари пешрафта нест. Мо- мутахассисон аз мавҷудияти ин мушкилот ва ноҷӯр навохтану садо додани созҳои миллӣ дар барномаҳои консертӣ бисёр ранҷ мекашем. Ҳарчанд дар ин хусус мегӯему менависем, ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чаро? Чунки дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурии мо ба ин масъала аз он рӯ аз паси парда менигаранд, ки  мутахассисони соҳаи мусиқиро, ҳатто як нафарро надоранд. Ҳамин ки ин ноҷӯрнавозиҳову ноҷӯр садо додани созҳои миллиро  дар барномаҳои мустақими ҳунарӣ мешунавем, худро ноилоҷ кар, ношунаво мекунем ва ё чунин вонамуд менамоем. 
Вазорати фарҳанг пас аз чанд моҳи нашри матлаби муаллиф вокуниш намудааст. Мутолиаи он бори дигар собит сохт, ки бе мавҷудияти мутахассиси соҳаи мусиқӣ масъалаи ба миёнгузоштаро дарк накардаанд. Ба қавли мардумӣ, агар муаллиф тут гуфта бошад, масъулини вазорат, балки кормандони он, бед фаҳмидаанд. Албатта, мурод онҳоест, ки посухи  беасосу подарҳаворо навиштаанду зикр кардаанд муаллиф дастовардҳои замони истиқлолро нодида гирифтааст. Пас аз он зикри адабиётҳо ба миён оварда мешавад, ки бештарашонро наметавон чун далел пазируфт. Ин адабиётҳо дар бораи созҳои миллӣ нестанд. Боиси тааҷҷуб он аст, ки муаллифи мақола дар хусуси баъзе аз ин адабиётҳо ҳанӯз дар замони нашрашон маълумот додааст, чун муждагонии фарҳангӣ ба хонандагони рӯзнома онҳоро шинос намудааст. Бо баъзе аз муаллифон дар хусуси онҳо суҳбатҳо доир кардаву ба табъ расондааст.
«Тарғиб»-у «омӯзиш»-ро дар вазорат бисёр сатҳӣ ва маҳдуд дарк кардаанд. Наход муаллиф боре надидаву нашунида бошад, ки созҳои миллии мо дар барномаҳои консертӣ садо медиҳанд, дар намоишгоҳҳо ба маърази тамошобинон гузошта мешаванд? Агар муаллиф аз дигар кишвар мебуд, метавон ин ифтиро ё туҳматро дар ҳаққи ӯ раво дид.
Тарғиб бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам қарор бигирад, на танҳо дар кишвар. Омӯзишу пажӯҳиш низ бояд ба талаботи ҷаҳонӣ ё худ аврупоӣ ҷавобгӯ бошад. Зикри чандин адабиёти пешин ва бо он имрӯз ифтихори ноҷо кардан аз камоли касбият дур аст, инчунин, зебанда нест. Маълумотро аз омӯзишу пажӯҳиш бояд фарқ кард. Бисёре аз маълумотҳо дар сарчашмаҳо дар бораи созҳои миллии мо ба талаботи асри навин ҷавобгӯ  ва баъзе аз онҳо ба манфиати миллати мо нестанд. Як бори дигар масъулон ё худ кормандони вазорат агар ба он рӯ меоварданд ва муқоиса менамуданд, ҳақиқат чун офтоб барояшон равшан мешуд. Барои мисол ва осонии кору масъулият як бор ба маълумотҳои пешини сози танбӯр назар кардан кофист. Он гоҳ маълум мегардад, ки даъвогарони ин сози миллии мо зиёданд. Дигар созҳои миллиамонро низ ба тадриҷ аз худ кардаанду аз худ намуда истодаанд. Мо, ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, «андар хами як кӯчаем».
Аз имкониятҳои замони истиқлол дар ин шабу рӯз бояд бештару беҳтар истифода бикунем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро дар ин маврид бо ғамхории махсус фароҳам овардаанд.
Чаро мо аз баёни ин, ки пажӯҳишгарону мутахассисони асилу варзидаи созҳои миллиро надорем, бояд шарм бидорем? Ва ин хомӯшиву бетарафӣ, бемасъулиятӣ то ба кай бояд идома биёбад? Мутахассису пажӯҳишгари созҳои миллӣ нафарест, ки  онҳоро навохта ва бо ҳам муқоиса карда метавонад. Инчунин, чун пажӯҳишгар эътироф гардидаву матлаб ё худ рисолаи илмӣ дар бораи онҳо бо таҳлилу нишон додани хусусиятҳои фарқкунандааш навишта метавонад. Мутахассисони унвондори илмии мо аксаран танҳо дар бораи таърихи созҳо, ҷамъоварии онҳо маълумот доранду рисолаҳо таълиф кардаанд. Агар чунин нест, куҷост асарҳои бунёдияшон ҳамчун мусиқишиносу навозандаи ин созҳои миллӣ, то аврупоиён ҳам эътирофашон бикунанду мо аз ин ҳама ифтихор бинамоем. Албатта, 1 - 2 нафар истисност, агарчи рисолаҳояшон комил нестанду эътирофи ҷаҳониён нагардидаанд. Ба ҷуз ин, пешниҳодҳояшонро ҳам мутахассисони дур аз соҳа дар мавриду сарвақташ намепазиранд.
Дур нест ва ҳам ба манфиати кор мебуд, агар Вазорати фарҳанг чанд мутахассисро барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мефиристод. Борҳо дар суҳбатҳо гуфтааму дар матлабҳоям ишора намудаам, ки ба ҳангоми таҳсил дар Консерваторияи миллии Тошкент, яъне солҳои 60-уми асри рафта, аз Тоҷикистон дуторчаеро бурда будам. Профессори соҳа, сарвари ташхисгоҳи мусиқӣ Ашот Иванович Петросян дуторчаро диду навохт ва аз ман хоҳиш кард, ки онро барояш, балки барои ташхисгоҳ, омӯзишу пажӯҳиш, тақдим намоям. 
Гурӯҳҳои ҳунарии ин кишвар аз ин ташхисгоҳ хуб истифода мекунанд. Созҳои миллӣ ва хориҷӣ дар ин ҷо аз рӯи талаботи байналмилалӣ ҷӯр мешаванд. Бо 12 овоз бояд мутобиқу ҷӯр бошанд. Яъне, талабот сахт ва ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ, вақте кас ё худ мутахассиси соҳа навозиши ҳунарпешагонашонро мешунавад, ҳеҷ гуна ноҷӯриро на дар навозиш ва на дар созҳо ба мушоҳида намегирад.
Матлаби хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» саривақтӣ ва дилсӯзона буд. Ман инро бо тамоми масъулияти касбӣ ва инсонӣ мегӯям, инчунин, ба масъулияти шаҳрвандӣ, ҳамчун як дӯстдори Ватани азизам ва хоҳишманди пешрафти соҳа. Муаллиф кормандони вазоратро на ба коре ё худ бемасъулиятӣ айбдор кардааст ва на гуфтааст, ки мавҷудияти мушкилот аз бетафовутии онҳо сар задааст. Ӯ холисона, масъала ва мушкилоти мавҷударо матраҳ месозад ва роҳи ҳаллашонро низ баён медорад. Ба ҷуз ин мехоҳад, ки бисёре аз созҳои миллии мо, ки дар хонаҳои сокинони мамлакат дур аз таваҷҷуҳу навозиш мондаанд, ҷамъоварӣ ва пажӯҳиш бишаванд.
Муаллиф чун шаҳрванди асили ин кишвар бисёр хостор аст, ки созҳои миллиямонро сари вақт соҳибӣ бикунем, онҳоро такмил бидиҳем. Ихтироотро низ дар ин маврид хостор мебошад, то созҳои миллии мо ҷаҳониён, мутахассисонро дар олам мафтун бисозад ва зарур бишуморанд, ки баъзе аз ин созҳоро ба гурӯҳҳои ҳунарӣ, хосса оркестрҳои симфонӣ, дохил бикунанд. Магар аз чунин нек хостанҳо, масъалагузориҳо бояд ранҷид? Не, ҳаргиз не!
Ман ба навиштаҳо ва хостаҳои муаллиф комилан мувофиқам. Ба ҷуз ин мехоҳам, ки ҳарчи зудтар ташхисгоҳи мусиқӣ бунёд ёбад. Мутахассисони соҳа, ба маънии дурусту аслии соҳа, омода карда шаванд. Ба назарфиребиҳо, ифтихорҳои ноҷо, додани ҳисоботҳои бардурӯғ хотима бибахшем. Масъалаҳоро бо ҷалби мутахассисон дуруст баррасӣ бикунем. Як консепсияи комилро дар ин маврид ба вуҷуд биёрему ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод бинамоем. Қабули барномаи махсус низ, фикр мекунам, бисёр муҳим мебошад. Ҳукумат онро ҳатман ба манфиати миллат, пешрафти соҳа хуш мепазирад ва маблағҳои заруриро барои он ҷудо менамояд.
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2021    №: 144    Мутолиа карданд: 768
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед