logo

Хабарҳо

Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

 
Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат - китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд тақдим гардид. Сокинон пас аз дастрас намудани китоби мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин амали ватандӯстона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ин туҳфаи гаронарзиши Сарвари давлатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ба мардуми сарбаланди ноҳия супурданд.
 
 
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуда, перомуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Ёрии навбатӣ ба зарардидагони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади расондани ёрӣ ба зарардидагон аз заминларза бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз рӯзҳои аввали офат ёрӣ дар шакли маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ғайриозуқаворӣ мунтазам расонда мешавад.
Ба иттилои маркази матбуоти кумита,  аз ҷумла барои 75 оила дар ноҳияи Тоҷикобод ва 35 хонавода дар ноҳияи Рашт, ки аз заминларзаи 10 июл зарар дида буданд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) маводи ғайриғизоӣ, аз қабили бастаҳои беҳдоштӣ, лавозимоти ошхона, рахти хоб, зарф барои об ва ғайра тақдим шуданд.
 
 
Кумаки якдафъаина ба зиёда аз 480 ҳазор оилаи осебпазир 
Дар давраи паҳншавии  бемории сироятии COVID-19 тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 480 ҳазор оилаи осебпазир пардохти кумакпулии якдафъаина ба андозаи 400 сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз ба 149 ҳазору 856 оилаи ниёзманд пардохт шуд. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед иттилоъ дод. 
Ба зикри мавсуф, Дастурамал дар бораи таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо (оилаҳо) - и камбизоат аз ҷониби вазорат дар шарикӣ бо кормандони «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шуд. Он бо Вазорати молия ва Агентии омор мувофиқа гашта, барои корбарӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ирсол гардид.
Тибқи созишнома оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7 - сола ва  хонаводаҳое, ки тибқи ҳуҷҷати дахлдори мақомоти маҳаллӣ занҳо сардори оила эътироф гардида, кӯдакони аз 7 то 16 - сола доранд,  кумакпулӣ мегиранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед