logo

сиёсат

Изҳори тасаллият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз реҳлати Қурбонбӣ Раҳмонова - хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андуҳгин буда, ба Президенти мамлакат, фарзандон, хешу табор ва ақрабои модари марҳума тасаллияти амиқ арз мекунанд.
Хабари даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова, ки як намоди меҳру муҳаббат, иффату ҳунар, модари ғамхору иззатманд буданд, бас таконбахшу ғамангез аст.
Шахсе ба олами абадият пайваст, ки аз табори меҳру иффат буд, бо самимияту меҳрубонӣ, фазилати баланди инсонӣ маҳбуби дили пайвандону ҳамдеҳагону ҳамдиёрон гардида буд. 
Ҳамагон ин модарро ҳамчун шахси комилан беозор, нармгуфтор, инсондӯст, самимӣ ба ёд хоҳанд дошт.
Аз ин ҷост, ки марги чунин инсони соҳибдил барои азизонаш талафоти ҷуброннопазир ба шумор меравад.
Мо бо Пешвои миллат ва ҳамаи пайвандони марҳума ғамшарику ҳамдардем ва ба онҳо дар таҳаммули дарди фироқ сабру шикебоӣ таманно дорем.
Хотираи дурахшони инсони некном дар дилҳои мо ҷовидонист.
Ному ёдашон гиромӣ ва маскани охираташон пурнур бод.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти 
давлатии вилояти Хатлон
 
 
 
* * *
Мардуми вилояти Суғд хабари реҳлати нобаҳангоми Қурбонбӣ Раҳмонова - хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳузну андуҳи гарон дарёфтанд ва ғамшарики аҳли хонаводаи модари марҳума ҳастанд. 
Марг шахсеро ба олами улвӣ пайваст, ки бо хислатҳои ҳамида, кирдорҳои наҷиб, амалҳои неку солеҳ, покизарафторӣ, раҳнамоӣ ва адабпарварӣ дар дили мардум маскан доштанд ва намунаи ибрат буданд. Аз ҳама муҳимтар, модаре буданд фариштахислат, меҳрпарвар, мураббӣ ва тарбиятгар. Фарзандону шогирдони соҳибкамол, донишманду ватанпарвар ва меҳнатқаринро ба воя расонданд, саҳми амиқ дар рушди ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузоштанд.
Ҳамагон, хосатан аҳли пайвандону наздикон ва шогирдон, ин модари мушфиқро чун намоди иффату покӣ, муҳаббату садоқат ва инсони комили ватандӯст дар ёд хоҳанд дошт.
Даргузашти ин инсони соҳибдил барои пайвандону азизон, дӯстону ҳамдиёрон мусибатест басо вазнин ва ҳасратбор. 
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин лаҳзаҳои мусибатангез ва басо риққатбор ба Президенти мамлакат, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандони модари марҳума изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонем. 
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти 
давлатии вилояти Суғд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2021    №: 145    Мутолиа карданд: 757
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед