logo

иҷтимоиёт

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ АФСОНАРО БА ҲАҚИҚАТ ТАБДИЛ ДОД

Солҳои 90-уми асри гузашта, оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар саросари Тоҷикистон аланга мезаду мурғи дили ҳазорон ҷавон, бахусус ҷавондухтарони деҳотӣ, қурбони тири нохалафон мегашт. Бештари духтарони рустоӣ то синфи 4 - 5 пинҳонӣ ба мактаб мерафтанду  дар синни 15 - 16 – солагӣ  бошад, волидонашон онҳоро аз  ноилоҷӣ ва тарси он ки мабодо ҳадафи ягон одамсурати ҳайвонтабиат нагарданд ба шавҳар медоданд. Барои таҳсил ба пойтахт омаданро танҳо як орзуи дастнорас медонистанд.   
Ин ҳақиқатест, ки ҳасраташро то ба ҳол  аз забони садҳо занони деҳ  мешунавӣ. Ҳар  гоҳ медидам, ки духтарон пас аз   хатми мактаби миёна боҳасрат ба занони коргар менигаристанду афсӯс мехӯрданд, ки онҳо имконияти идомаи таҳсилро дар мактабҳои олии кишвар надоранд, ба модарам мегуфтам: «Очаҷон, маро мисли худатон зани соҳибмаълумот гардонед. Илтимос, мисли дигар духтарон ҳавасҳои ба ноз дар дил мепарваридаамро ормонӣ накунед!». Чунин суханонро дар сурате мегуфтам, ки медонистам мушкилоти зиндагӣ ва вазъияти ноороми он замон ба волидон имконият намедод, то духтаронашонро соҳибмаълумот гардонанд.  Солҳо сипарӣ мешуданду садои ҷангҷӯёну тирпарронӣ то рафт паст ба гӯш мерасид. Бо омадани фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат орзуҳои духтарони рустоӣ оҳиста – оҳиста ҷомаи амал пӯшиданд. 
Соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷалби бештари занону духтаронро ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва мансабҳои давлатӣ ба миён гузоштанд. Худи ҳамон сол барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, бахусус ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ВМКБ, Квотаи президентӣ ҷудо намуданд. Дар он рӯзҳои вазнин ҳанӯз ҳам таъсири ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боқӣ буд ва касе тасаввур карда наметавонист, ки ин иқдоми Президенти кишвар як таҳаввулоте дар рӯзгори мардум, бахусус ҷавондухтарони деҳотӣ, мегардад. Вале, бо гузашти вақт ин афсона ба ҳақиқат табдил ёфт. 
Хурсандона, баъди солҳо ман ҳам аз ҷумлаи духтароне гардидам, ки  бахт ба рӯям хандид. Пас аз хатми мактаби миёна бо дастгирии волидону тавсияи устодонам тибқи Квотаи президентӣ дар баробари садҳо духтарони водии Рашт ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурда, сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардидам. Аз рӯзҳои аввали донишҷӯиям ман ва  4 духтари дигарро, ки тавассути квота донишҷӯ шуда будем «духтарони Президент» мегуфтанд, ки аз чунин ном гирифтани устодону ҳамкурсон ифтихор мекардем. Воқеан, ин ғамхории Сарвари давлат ҷиҳати саводноку соҳибмаърифат намудани бонувон тавонист  мақоми занро дар ҷомеа  баланд бардорад. Шумораи онҳое, ки аз ин имтиёзи тақдирсози Пешвои миллат истифода бурда соҳибтахассус гардиданд, аз даҳҳо ҳазор нафар гузашт. 
Ғамхориву дастгириҳои падаронаи Роҳбари давлат ва маҳз квотаи тағдирсоз духтаронро аз кунҷи русто то маркази маърифат овард, ки то ҳол ва минбаъд низ аз ҳисоби онҳо садҳо кадрҳои роҳбарикунанда ба камол  мерасанд. 
Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон шуҷоату далерӣ ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи қаҳрамониҳоро дар  симои Рухшона, чилдухтарони покдомани  хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид, ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова, духтари Октябр - Низорамоҳ Зарифова метавон дид. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат бори дигар собит намуд, ки зан дар оила ҳамеша нақши асосӣ дорад. Бо ҷудо намудани квота Сарвари давлат теша ба решаи нофаҳмию тангназарӣ зада, ҷавононро ба фардои  нек раҳнамун сохтанд. Агар солҳои пеш барои ба мактабҳои олӣ рафтани духтарони деҳот  аз тангназарии аҳли деҳ таън буду квотаҳои ба духтарон ҷудошуда бо амри маҳол соҳибашро меёфт, хушбахтона, имрӯз баръакси ҳол шудааст. Дар деҳот барои донишҷӯ шудани духтаронашон, аллакай, аз моҳҳои февралу март  омодагӣ мегиранд. Дар бораи ба даст овардани Квотаи президентӣ бошад,  ҷои гап нест. Охирҳои моҳи май саҳни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои дурдасти кишвар барои сазовор шудан ба Квотаи президентӣ як саҳнаи идонаро мемонад. Ин қадар озодӣ, ин қадар боварӣ ба фардои дурахшони духтарон  аз кӯшишҳои пайваставу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дарвоқеъ, ин иқдоми нек занону духтаронро ба қуллаи мурод хоҳад расонд.  
Ин омил, бешубҳа, ба боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат кард. Ҳадаф аз таъсиси квота низ фароҳам овардани имкон барои рушди зеҳнии духтарон, тарбияи насли донишманд мебошад. Бахусус, духтароне, ки соҳибмаълумот ҳастанд, дар оянда дар оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзанд муваффақ мегарданд. Ҳоло духтарони тибқи квота таҳсилкарда дар ҳамаи  мақомоти идоракунӣ адои вазифа намуда, ба ин  васила дар пешбурди ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд.  
Дастгириҳои  беғаразонаву падаронаи Пешвои миллат сабаб шуд, ки ман чанд сол дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод  кор  кардаму айни ҳол ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи бонуфузи кишвар: Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки садҳо мардони асилро тарбия намудааст, фаъолият менамоям.  Барои чунин дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати расидан ба орзуҳои даврони кӯдакии духтарони кӯҳистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамоям.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2021    №: 145    Мутолиа карданд: 560
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед