logo

иҷтимоиёт

ШЕРАЛӢ КАБИР: “САҲМИ САНОАТРО ДАР ММД БА 30 ДАРСАД МЕРАСОНЕМ”

Ба шарофати  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан шаҳри Душанбе,  теъдоди корхонаҳои саноатӣ зиёд гардид. Ҳаҷми содироти ашёи хом коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ватанӣ беш аз пеш меафзояд. 
Дар робита ба татбиқи ин ҳадаф хабарнигорони рӯзнома бо вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир суҳбат оростанд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем.
 
- Дар Тоҷикистон дастикам 600 кони маъдан муайян шудааст, аммо ҳанӯз ҳам коркарди онҳо  ва дигар ашёи хоми саноатӣ ба таври кофӣ сурат намегирад. Барои бештар баҳравар гардидани иқтисоди миллӣ аз ин сарвати бузург ва манбаъҳои табиӣ Пешвои миллат ҳанӯз 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳалли кадом масъалаҳо дар мадди аввал меистад? 
- Кишвари мо аз захираҳои минералии зеризаминӣ бой буда, дар он зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданҳои фоиданок ошкор, иктишоф ва барои азхудкунӣ  қисман омода шудаанд. Ин конҳо аз  зуҳуроти ангишт, сурб, руҳ, мис, висмут, сурма, симоб, металлҳои асил, оҳан, волфрам, молибден, нафт, газ, шпати плавик, стронсий, намаксанг, бор, сангҳои нимгаронбаҳову гаронбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва амсоли инҳо, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 50 намудро ташкил медиҳанд, иборат мебошанд.  
Ҳамчунин, мамлакат дорои захираҳои зиёди ашёи хоми маъмул, аз ҷумла  барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ  буда, захираи беш аз 30 намуди онҳо (оҳаксанг, санги хоро, гранодиорит, мармар, оҳаксанги мармарӣ, гаҷ, хок, қуми кварсӣ ва ғайра) кашфу мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтаанд.  
Солҳои 90-уми асри гузашта дар саноати масолеҳи сохтмонӣ 30 корхона ва ташкилоти хизматрасонии соҳа арзи вуҷуд дошта,  соли 2021 бошад, шумораи онҳо ба 530-то расид. Аз ин  25-тоаш танҳо соли 2019 таъсис ёфта, аз ҳисоби онҳо 661 ҷои кор ташкил ва ба маблағи 82,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Сарфи назар аз паҳншавии пандемияи коронавирус, соли 2020 дар соҳа 13 корхонаю коргоҳҳои нав ба фаъолият пардохта, дар онҳо ба андозаи 1,8 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид шуд.
Ҳоло дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ дар 45 кон 24 корхона ба истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва  регҳои зардор машғул буда, дар онҳо зиёда аз 11000  нафар фаъолият дорад. Захираи тавозунии конҳои маъдандор  то аввали соли 2021 зиёда аз 186 690,9 ҳазор  тонна маъдан ва 36 113,1 ҳазор метри мураббаъ регҳои зардорро ташкил медиҳад. 
Тибқи Барномаи саноатикунонии  босуръати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2020 – 2025, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ бунёди коргоҳҳои ғанисозӣ ва металлургӣ ба нақша гирифта шуда, дурнамои истеҳсоли маҳсулот то соли 2025 наздики  20 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
 
- Дар бораи бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои нав сухан гуфтед. Дар ин маврид вазъи омодасозии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии назди вазоратро чӣ баҳо медиҳед? Мушаххас гӯем, ҳадди ақал панҷоҳ дарсади онҳо омода ҳастанд, ки ҳангоми ҷалб шудан ба кор дар корхонаҳои саноатии замонавӣ технологияҳои муосирро идора кунанд ё барои пешбурди кор бо ҳампешагони хориҷӣ озодона ҳарф зада тавонанд?
- Дар тобеияти вазорат шаш муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ – Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, донишкадаҳои технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуфова фаъолият доранд. Айни замон теъдоди умумии донишҷӯёни ин муассисаҳо қариб 19 ҳазорро ташкил медиҳад. Таълими онҳо дар 25 факулта аз рӯи 156 ихтисос бо ҷалби 1281 нафар устодони ботаҷриба ба роҳ монда шудааст. Аз ин шумора 38 нафар доктор ва  263 нафари дигарашон номзади илм мебошанд. Давоми панҷ соли охир муассисаҳои таълимии тобеи вазоратро 5025 донишҷӯ хатм намуда, аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ кор мекунанд. 
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар истеҳсолоти саноатии мамлакат норасоии мутахассисони баландихтисоси соҳаи кӯҳкорӣ,  идоракунандагони технологияҳои инноватсионӣ, технологияҳои истеҳсоли маводи хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, коркарди чарм, тавлиди пойафзол ва менеҷерҳои инноватсионию маркетологҳо ба назар мерасад. 
Аз ин рӯ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси самтҳои гуногуни саноат масъалаи калидӣ хоҳад буд. Фаъолияти мазкур дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ, пеш аз ҳама, дар асоси омӯзиши таҷрибаи мамолики хориҷӣ, ҷалби коршиносон ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи мутақобила бо намояндагони корхонаҳои саноатӣ (корфармоён) сурат хоҳад гирифт.
Имрӯзҳо дар аксар муассисаҳои илмию таълимии вазорат марказҳои рушди касбият ва инноватсия фаъолият менамоянд. Мунтазам омӯхтани талаботи бозори меҳнат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин марказҳо буда, давоми соли хониш байни толибилмон ва корфармоён вохӯрию семинарҳо ташкил  мешаванд. Айни замон муассисаҳои мазкур бо 171 ташкилот шартномаи ҳамкорӣ доранд. Инчунин, дар назди корхонаҳои саноатӣ 35 филиали кафедраҳои тахассусии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат ташкил ёфтааст, ки онҳо ба тавъам намудани илму истеҳсолот мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, муассисаҳои мазкур вобаста ба талаботи бозори меҳнат ҳамасола барномаҳои таълимиро мавриди таҳлил қарор дода, дар ҳолати зарурӣ омӯзиши ихтисосҳои навро ба роҳ мемонанд.
Ҳамзамон, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – cаноатикунонии босуръати кишвар ва мустаҳкам намудани алоқамандии илму истеҳсолот ва, ба ин васила, тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй солҳои наздик ҷорӣ намудани усули дуалии таҳсил дар муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дар назар аст.
 
- Барои таъмини рушди саноати кишвар чӣ нақшаҳо доред ва дар ин ҷода кадом тадбирҳо андешида мешаванд? 
- Барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар  бунёди корхонаҳои саноатии аз ҷиҳати техникӣ ва технологӣ рушдёфта, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулот, аз ҷумла молҳои ватании воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, таъминоти корхонаҳо бо мутахассисони баландпоя, татбиқи самараноку босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои   истеҳсолӣ, ҷалби сармояи мустақим, гузариш аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ ва ба 30 дарсад расондани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зарур мебошад.
Вобаста ба ҷалби сармояи мустақим ҳаминро бояд таъкид сохт, ки   айни замон, аз ҷониби мутахассисони вазорат лоиҳаҳои сармоягузорӣ омода  шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории онҳо   ҷалби 1 миллиард доллари ИМА-ро дар назар дорад. Дар  робита ба ин,  Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо институтҳои молиявӣ,  ширкатҳои хориҷии сармоягузор ва шарикони рушду намояндагони сафоратҳо гуфтушунид доир намуда, ҷиҳати татбиқи чунин лоиҳаҳо  чораҳои зарурӣ меандешад. Инчунин, барои таъсиси технопаркҳои истеҳсолӣ ва марказҳои логистикӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои ташкилӣ ҷараён доранд. Ҳамчунин, ташкили кластерҳои саноатии дорои сикли пурраи истеҳсолот – аз коркарди ашёи хоми дохилӣ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ зарур аст. Дар баробари ин, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда яке масъалаҳои дигари муҳим арзёбӣ мешавад. 
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки оид ба афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.   Айни замон аз ҷониби вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии вазъи молиявӣ-истеҳсолии корхонаҳои мазкур омода шуда истодааст, ки бо қабул гардидани он шумораи корхонаҳои саноатӣ афзуда, фаъолияти истеҳсолии корхонаву коргоҳҳои саноатӣ беҳтар мегардад.
Вазорат пайваста талош меварзад, ки тамоми  соҳаҳои саноати кишвар пешрафта бошанд ва дар ривоҷу равнақи иқтисоди миллӣ саҳми бориз гузоранд. 
 
- Аз соли 2012 Тоҷикистон шомили Ташкилоти байналмилалии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷист, ки он айни замон беш аз 50 давлатро фаро мегирад. Ин барои кишвари мо аз кадом ҷиҳат манфиатбор аст?
- Мувофиқи арзёбии олимону мутахассисони байналмилалӣ аз ҳисоби истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон то 50 дарсади даромади Буҷети давлатиро таъмин кардан имконпазир аст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз захираҳои фаровони табиии кишвар ва, ба ин васила, зиёд намудани даромади Буҷети давлатӣ фазои мусоиди сармоягузориро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, соли 2012 тибқи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 449, «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ»,  кишвари мо узви ин созмони байнамилалӣ (ТШСИ)  гардида, бо он ҳамкории зич дорад. Ин иқдоми Ҳукумати мамлакат ба  ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи истихроҷ мусоидат менамояд. 
Узвият дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ яке аз нишондодҳои фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷодаи истихроҷи канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ буда,  пеш аз ҳама, бо роҳи истихроҷи канданиҳои фоиданок ворид намудани маблағи бештар ба Буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, ворид  гардидан ба ташкилоти мазкур  такмили шаклҳои идоракунӣ дар соҳаи истихроҷ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба ин соҳа ва  боло рафтани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯзҳо воқеан,  бо дастгирию ғамхории пайвастаи Ҳукумати кишвар соҳаи саноати Тоҷикистон рӯ бо рушд дошта, бо мақсади тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ба ин хотир, мо – саноатчиён ва соҳибкорони истеҳсолиро мебояд, ки дар раванди амалисозии ин ҳадаф давра ба давра мушкиливу монеаҳои ҷойдоштаи бахшҳои саноати мамлакатро рафъ намуда, ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.  
                                                              
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2021    №: 146    Мутолиа карданд: 1129
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед