logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ
Ба маблағи 118 миллион сомонӣ даъво қонеъ карда шуд
Дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар самти баамалбарории адолати судӣ 2081 парванда баррасӣ гардид. Ин нуктаро Файзалӣ Комилӣ, муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ, дар нишасти матбуотӣ ба самъи рӯзноманигорон расонд.
- Аз ҷумла, бо баровардани ҳалномаи 925 парванда, истеҳсолот доир ба 70 парванда қатъ карда, 110 ариза бе баррасӣ монда, 5 ариза рад ва 341 арзу дархости бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон, баргардонда шуд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 163 ва назоратӣ 151 парванда баррасӣ гардид. Судҳои иқтисодӣ 151 парвандаро дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ намуда, доир ба онҳо 172 таъйиноти хусусӣ бароварда, барои ҷораҷӯӣ ирсол шудааст, - илова кард Файзалӣ Комилӣ.
Муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ афзуд, ки доир ба рӯёндани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра беш аз 150 миллион сомонӣ талабот арз гардида, аз он 118 миллион сомонӣ даъво қонеъ гардонда шуд. 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Таъсиси шабакаи телевизионии нав ва баргузории озмуни «Эъҷози сухан» 
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат»   дар нимсолаи аввал расман ба фаъолият оғоз намуд. Ҳоло фарогирии аҳолӣ ба ин шабакаи телевизионӣ 51,2 дарсадро ташкил медиҳад. 
Инчунин, зикр гардид, ки аз 30 май то 2 июни соли равон бори аввал дар кумита озмуни адабии «Эъҷози сухан» аз рӯйи номинатсияҳои «Китобхонӣ» ва «Шеърхонӣ» баргузор гардид. Ҳамзамон, бори нахуст даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд, ки аз байни 30 иштирокчӣ, 10 нафар ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд.
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият» 
 
 
 
Мушкилот: нарасидани мутахассис 
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ, яъне нимсоли соли ҷорӣ, дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии кишвар 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва, дар маҷмӯъ, 4059 иттиҳодияи динӣ сабти ном гардидааст. Дар посух ба пурсиш изҳор дошт, ки дар ин муддат фаъолияти ягон масҷид қатъ нашудааст.
Ба иттилои раиси кумита, дар масҷидҳои ҷомеи шаҳру ноҳияҳои мамлакат 29 ҷойи холӣ мавҷуд мебошад. Ба таъкиди ӯ, яке аз мушкилоти мавҷуда алҳол дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ ва қонунҳои соҳавӣ таъйин нашудани мутахассисони варзида мебошад. Сабабгори пурра ва дуруст ҳал нагардидани онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо донист. Ҳамчунин, гуфт, ки масъалаи дигар, ки ба мавҷудияти ин мушкилот иртибот мегирад, зуд-зуд иваз шудани кормандони соҳа дар шаҳру ноҳияҳо аст.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БОНКИ МИЛЛӢ
Қурби пули миллӣ аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, ММД-и номиналии кишвар 40 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 дарсадро ташкил дод. ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4, сохтмон 22,1, гардиши савдои чакана 17,1, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 фоиз афзоиш ёфт. 
Қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 дарсад коҳиш ёфт (АЗ 11,3000 то ба 11,3210). 
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,75 миллион корти пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд. Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 35,5 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ гузаронда шуд. 
Ш. ҚУРБОН. “Ҷумҳурият”
 
 
 
"Амонатбонк": дар 51 шаҳру ноҳияҳои кишвар 90 лоиҳа сармоягузорӣ шуда истодааст
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар 6 моҳи  соли 2021 тибқи санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд. 
Ба санаи 30 июни соли 2021 дороиҳои бонк маблағи 4 695 миллион сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 4 204 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 10,5 фоиз зиёд мебошад. 
- Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 62,4 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи  18,1 миллион сомонӣ ва ё 40,8 фоиз зиёд мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”.    
Бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ “Амонатбонк” шумораи 15 адад ташкилоти қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизмат расонанд.
Ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, аз оғоз 74,7 миллион доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 90 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст. 
“Амонатбонк” аз ҳисоби хати қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллари ИМА кушодашуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 10,6 миллион доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 
 
 
Намоиши озмуни «Тоҷикистон Ватани азизи ман» аз 25 шаҳру ноҳия
Аз омодагии довталабон ва ҷараёни даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман» то имрӯз 60 гузориш омода ва пахш гардид. 
Тариқи студияи сайёри муассиса даври ноҳиявии Озмуни «Тоҷикистон ватани азизи ман» - ро аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра намоиш додем, - гуфт Карим Азиз, муовини аввали директори телевизиони «Сафина» дар нишасти матбуотӣ. 
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки вобаста ба мавзӯъҳои муҳими рӯз, масъалаи ҳифзи сиҳатии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳдошти вазъи эпидемиологӣ 18 барномаи «Ганҷи бебаҳо», барномаҳои «Солим бимонед» ва «Дармон» бо ҷалби коршиносони соҳа таҳия ва манзури бинандагон гардид. 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДТТ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ шомил гардид
Дар ин бора Кудрат Давлатзода, ректори донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, таъкид кард, ки пазируфтани донишгоҳ ба ассотсиатсияи мазкур на танҳо ба рушди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ мусоидат менамояд, балки имкон фароҳам меорад, то равобити донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар тавсеа ёбад. 
Ин аст, ки донишгоҳ тавонист дар 6 моҳи сипаришуда бо 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Зикр гардид, ки ҳоло парки технологии донишгоҳ дар асоси шартнома бо корхона ва ташкилотҳои гуногун корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ба роҳ мондааст. Дар ин самт донишгоҳ ба хотири дарёфти ихтироъкорон озмун гузаронда, навоварони ҷавонро ба парки технологӣ ҷалб намуд. 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Таъсиси кафедраи “Технологияи ВАО”
Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки моҳи майи соли ҷорӣ кафедраи “Технологияи ВАО” таъсис ёфт. Кафедраи нав аз моҳи август ба фаъолият шурӯъ намуда, ба он устодони ҳирфаии соҳа ҷалб хоҳанд шуд. 
Мавсуф, ҳамзамон, тазаккур дод, ки дар назди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ китобхонаи адабиёти бадеӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло китобхона дорои наздик ба 1000 нусха китоб буда, онҳо аз рӯи номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. 
Инчунин, бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар саҳни муассиса гулгашти нав бунёд гардида, дар он нимпайкараи нави устод гузошта шуд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед