logo

Хабарҳо

Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 25 июли соли равон бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии ВМКБ омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки ҳамаи чораву тадбирҳои  бехатариро риоя карда, селроҳаву ҷӯйбору каналҳоро сари вақт тоза намоянд. То ҳадди имкон ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чарондани чорвою ҷамъоварии ҳезум ва ҳар гуна рустаниҳои доруворӣ нараванд. Рафтан ба моҳидорӣ низ дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, чун оби рӯдхонаҳо баногаҳ метавонад баланд шавад. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ ва маконҳои хатарноке, ки омадани сел эҳтимол дорад, ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
 
 
Мулоқоти Баҳодур Шерализода бо роҳбари Барномаи озуқавории 
ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбари навтаъйини Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам мулоқот кард.
Дар ин дидор масоили марбут ба лоиҳаи грантӣ «Таҳкими устувории ҷомеаҳои осебпазир ва озуқаворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани иқтидор ва диверсификатсияи воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амиқтар намудани ҳамкорӣ байни кумита ва БОҶ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ва ташаккули иқтидори он дар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
 
 
 
Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон  40 ҳазор воя ваксина дастрас шуд
Дар асоси ҳамкории дуҷониба аз тарафи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи  «AstraZeneca» ҳамчун кумаки башардӯстона дастрас гардид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дод, тақдими вояҳои ваксинаи мазкур аз ҷониби кишвари Озарбойҷон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ба шумор  рафта, ин ташаббус аз равобити неки ду давлати дӯсту бародар гувоҳӣ медиҳад.
 
 
COVID-19. 56 нафар сиҳат ёфтанд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 56 нафар пас аз муоилиҷа сиҳат ёфт.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 22 июл дар кишвар 14359 нафар гирифтори COVID-19 сабт шуда, аз ин то санаи зикргардида 13902 нафар (96,8%) шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинон даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед