logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ҚУЛФИ СЕҲРНОК»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1.Тамғаи автобуси Венгрия. 2. Бори аввал бемории Прогерияро кадом олим муайян кардааст. 3. Файласуф ва олими немис, зодаи Калининград (ФР) … Кант. 4. Дӯсти Д. Артаниян. 5. Моддаи тарканда. 6. Номи қадимаи дарёи Волга. 7.Дарахти калони шамшодмонанд (русӣ). 8. Унвони ашрофзодаи англис. 9. Агентии иттилоотии Россия. 10. Зеби арусхона. 11. Пойтахти Албания.
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
12. Хушнависи махсус. 13. Ҳайвони бадбӯи амрикоӣ. 14. Ҳамоҳангии якчанд садои мусиқӣ. 15. Аввалин директори Сирки тоҷик. 16. Махлуқи афсонаҳои Аврупо. 17.  Пастнасаб чу дид ганҷ, … шавад аз ӯ маранҷ. 18. Ҷоизаи Алфред. 19. Санги сулаймонӣ, ақиқи рах-рах. 20. Кишвар дар нимҷазираи Балкан. 21. Крейсери инқилоби рус.  22. Осорхонаи машҳури Франсия. 23. То бар варақи гул … аз мушки рақамҳо. 24. Киножурнали кӯдаконаи Россия. 25. Гулӯгоҳи байни Франсия ва Британияи Кабир. 26. Палтои сарбоз. 27. Дарвозабони ҳокейи СССР Владислав … . 28.  Калимаҳои якхелаи гуногунмаъно. 29. Насаби маъмули кореягиҳо. 30. Нависандаи муосири тоҷик. 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ,
сокини ноҳияи Данғара
 
 
ҶАВОБИ БА «МУАММОИ АҶИБ», АЗ 16 ИЮЛИ СОЛИ 2021:
1. Азу, 2. Равза, 3. Илиада, 4. Ҳарвард, 5. Арман, 6. Уганда, 7. Холис, 8. Пеликан, 9. Рашмар, 10. Рибак, 11. Хок, 12. Доғистон, 13. Сталлоне, 14. Куриосити, 15. Ваёлетт, 16. Елизавета, 17. Фа, 18. Ёл, 19. ТТ, 20. Ки, 21. РО, 22. ШФ, 23. Ос, 24. Ли, 25. Вирд, 26. Форд, 27. Маяк, 28. Ораз, 29. Фил, 30. Туз.
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
ФАРИШТАИ НАҶОТ
МОДАРИ ҶОНБОХТА ТИФЛАШРО 24 СОАТ ЗИНДА НИГОҲ ДОШТ
22 феврали соли 2011 дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав заминларзаи шадиде ба вуқӯъ омад, ки дар таърихи 80-солаи ин кишвар касе  мислашро ёд надошт. Бар асари ин ҳодиса, садҳо нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 220 нафари дигар беному нишон гардиданд. Вале дар байни қурбониҳо тифле зинда монду наҷот ёфт. 
Воқеа чунин аст: зане бо мақсади харид ба мағоза даромада тифлашро аз аробача гирифта, вориди мағоза мешавад. Ин ҳангом заминларзаи шадид ҳамаро фурӯ рехт. Модар худро ба болои тифлаш партофта, зери сақфи бинои мағоза ҷон дод. Наҷотдиҳандагон пас аз як шабонарӯз кӯдакро аз зери бағали модараш зинда ёфтанд.    
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Субҳ дамид ва шафақ чун рахҳои алочаи ҳазоррангаи карбосбоф аз паси кӯҳ ғоз хӯрдаву дароз шуда, оҳиста-оҳиста сиёҳии рӯйи осмонро бидарид ва ба рӯйи «Чорбоғ» пардаи ҳарири рӯшноӣ фуромад. Аз миёни дарахтони сарсабзи деҳа суроби хонаҳо низ намоён гардидаанд, ки замбуруғҳои байни алафзор сар баровардаро ба ёд меоварданд. 
* * *
То нақши хаёли дӯст бо мост,
Моро ҳама умр худ тамошост.
Он ҷо, ки висоли дӯстон аст,
Валлоҳ, ки миёни хона саҳрост.
 
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 16 ИЮЛИ СОЛИ 2021:
Шераки Ориён,  М. Турсунзода
 
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Ҳаҷвнигори машҳур Чарли Чаплини англис на як бору ду бор зан гирифтааст. Маҳз аз тарси он ки мабодо сирраш фош мешавад, ҳамин ки кинои овоздор пайдо шуд, фавран саҳнаро тарк кард. 
«Ягона чизе, ки маро ба кино ҷалб мекард, ин имконияти лаҳзае дар хомӯшӣ монданам буд»,- маъюсона иқрор шудааст Чаплин. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДАСТИ САХО
Маҷаллаи «Forbes» тахмин мезанад, ки Ҷоан Кэтлин Роулинг, муаллифи китоби машҳури «Гарри Поттер», то имрӯз 160 миллион доллари худро хайр кардааст. Асосан Роулинг ба муассисаҳое хайрия кардааст, ки нигоҳубини ройгони кӯдаконро ба зимма доранд. 
Ӯ, инчунин, ба дигар созмонҳои хайриявӣ, ки барои беҳбудии вазъи кӯдакон, аз ҷумла бесаводӣ, қашшоқӣ ва нобиноӣ алоқаманданд, ёрӣ мерасонад.  Воқеан, Роулинг нодориро тавре мегӯянд, дар пӯсти худаш чашидааст. Ҳатто баъди хонадор шуданаш аз бепулӣ духтарашро дар мактаби камбизоатон гузошта буд. Зеро барои нигоҳубини ӯ дасташ намерасид.
Танҳо баъд аз навиштани китобҳои «Ҳайвонҳои афсонавӣ ва ҷои зисти онҳо»,  «Афсонаҳои Барда Бидля» ва «Квиддич аз замонҳои қадим то имрӯз» 30 миллион доллар маблағ барои хайр ҷамъ кардааст. 
Воқеан, саховатмандии ин бону зиндагии ҳазорон нафарро тағйир додааст. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ЭРКАГӢ
Даҳсола будам (Владимир Вайсов, соли таваллуд 1957), дар кӯча машғули бозӣ. Дидам, ки падарам (Мирзоалӣ Вайсов, вазири молияи Тоҷикистон, 1963 – 1972) аз кор меояд. Аз дастам гирифта ба хона равон шудем. Сари роҳ яхмос мефурӯхтанд.
- То яхмос нахаред, хона намеравам!- зуъм кардам ман.
- Рафтем, Владик, пагоҳ, албатта, мехарам,- бо илтиҷо гуфтанд падар.
- Не, ҳозир харед! - исрор кардам.
Падарам хаёле ба андеша рафта ,аз роҳашон гаштанд ва ба идораашон – Вазорати молия омадем. Аз ғаладони мизи кориашон як сесӯмаи (рубл) даридагиро кофта ёфта бо эҳтиёт ширеш карданд.
Яхмосфурӯш сесӯмаро гирифта яхмос дод, аммо пайвандӣ будани рублро дида онро пас гардонданӣ шуд. Падарам дар ҳолати ногувор монданд.
- Гиред амак, суматона, инро қабул намекунанд,- мегуфт фурӯшанда.
- Мекунанд, ҷони амак, мо худамон пулшиносем, - тавалло мекард падарам ва ниҳоят розӣ кунонд ӯро...
Яхмосхарии падарамро ёд оварда, ба виҷдону инсофи ӯ қоил мемонам.
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
Оё медонед?
ОРД ВА ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ОН
• Орди гандум қодир аст, ки кори узвҳои ҳозимаро ба эътидол оварда, дар организм равандҳои мубодилаи моддаҳоро ба роҳ монад. Он барои тоза кардани организм аз шлакҳо ва токсинҳо мусоидат мекунад, инчунин, мушакҳоро мустаҳкам нигоҳ медорад.
• Дар ҷаҳон зиёда аз 600 намуди макарон мавҷуд аст, ки аз навъҳои гуногуни орд омода мешавад.
• Дар маҳсулоти ордӣ миқдори зиёди тиамин – витамини В1 мавҷуд аст. Ин витамин табъи касро хуш намуда, ба ҷамъ намудани диққат кумак мерасонад ва хастагиро рафъ месозад.
• Таркиби 100 грамм макароне, ки аз орди дурушт тайёр мешавад, 13 грамм сафеда дорад, ки он ба хароб шудан мусоидат мекунад.
• Орди аз ҳама калорияаш паст аз марҷумак тайёр мешавад, ки барои тайёр намудани маҳсулоти парҳезӣ тавсия дода мешавад.
• Орди навъи паст низ дорои витаминҳои РР, Е, В1, В2 мебошад, ки онҳо ҳам аз манфиат орӣ нестанд.  
 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
 
АГАР СОЛИМ БУДАН ХОҲЕД БА ТАБИАТ ШИТОБЕД!
Дар як таҳқиқот олимони Британияи Кабир байни 19 ҳазор сокини Албиони Тира пурсиш гузаронданд. Дар ҷараёни назарпурсӣ муҳаққиқон мехостанд фаҳманд, ки як ҳафтаи охир онҳо чӣ қадар вақти холии худро дар табиат гузаронданд ва саломативу ҳолаташон чӣ гуна буд.
Олимон мушоҳида карданд, ки одамони ҳафтае камаш 2 соати вақти худро дар табиат мегузаронда, беҳтар шудани ҳолати психологӣ ва таъсири онро ба солимии ҷисмонӣ дар муқоиса ба одамони умуман ба табиат намебаромада, қайд намуданд.  
Муҳим нест, ки шумо ин 2 соатро дар куҷо ва чӣ тавр гузарондед. Инҳо метавонанд сайру гашт дар назди хона ё сафарҳои тӯлонии боғ ё ҷангалзор дар рӯзҳои истироҳатӣ бошанд. Таъсир ҳамон аст. 
Бино ба гуфтаи олимон, ин қадами аввалин дар тавсияи расмӣ ба одамон  ҷиҳати гузарондани вақти муайян дар табиат мебошад.   
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
«ХАЗИНАИ МАХФИИ АМОНАТӢ»
Ё БУРДИ КИТОБХАРУ БОХТИ КИТОБФУРӮШ
Бонуи амрикоии 71- сола аз Нюарк (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) баъди марги шавҳараш китобҳои куҳнаи ӯро ба фурӯш баровард. Яке аз китобҳоро ба 5 доллар фурӯхту ба харидор гуфт, ки бо ёрии ин китоб метавонад зуд бой шавад. Зеро китоб чунин унвон дошт: «Чӣ тавр метавон бой шуд?». Аммо пиразан аз куҷо медонист, ки китоб «хазинаи махфии амонатӣ» - и шавҳари марҳумаш буд. Вақте баъди чанд рӯз мактуби ҳамсарашро ёфта мехонад, дар он чунин сатрҳо навишта шуда буданд: «Ман дар фалон китоб 10 000 доллар барои рӯзи мабодо пинҳон кардаам». Албатта, бонуи пир дилреш мешавад, вале бефоида, зеро на номи харидорро медонисту на ҷойи зисташро. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
 
 
ЯК СИРРИ ДАРОЗУМРӢ
Федерика Амати, пизишк ва олим, дар суҳбат бо «Express» барои дарозумрӣ чанд маслиҳат додааст. Ӯ дар харита панҷ минтақаро бо ранги кабуд ишора кардааст, ки мардумаш аз сад сол зиёд умр мебинанд. Ин минтақаҳо ҷазираҳои Окинава (Ҷопон), Сардиния (Италия), Икария (Юнон), нимҷазираи Никоя (Коста-Рика) ва шаҳри Лома-Линда (ИМА) мебошанд. 
Ба гуфтаи хонум Амати, аввалин сирри дарозумрии сокинони ин минтақаҳо аз ғизои рӯзмарраи онҳо вобаста будааст. Онҳо парҳези рустанигиро риоя карда, бештар мева, сабзавот ва ғалладона истеъмол мекардаанд. Яъне, агар умри дароз дидан хоҳед, пас бештар меваҷоту сабзавоти тару тоза истеъмол намуда, аз ҳар гуна ғизоҳои хамирӣ ва серғизо, ки ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонанд, худдорӣ намоед. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
БАЛАНДТАРИН ШАРШАРАҲОИ ОЛАМ
ТУГЕЛА
Тугела дар раддабандии балантарин шаршараҳо бо баландии 947 метр баъд аз Анхел дар мавқеи дуюм қарор дорад. Он аз панҷ қисмат иборат буда, дар Боғи миллии Натали Африқои Ҷанубӣ ҷойгир аст. Тугела пас аз боридани борон баръало намоён аст ва дар охири рӯз бо инъикоси офтоб медурахшад. Оби болои шаршара тоза ва, ҳатто, барои нӯшидан бехатар аст. Саргаҳи шаршара манзараҳои хело зебо дорад. Дар пеши назари шумо кӯҳҳо, водиҳои ҷангалзор ва минтақаҳои васеи биёбони беохир кушода мешаванд. Ин макон барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла қаиқронӣ, кӯҳнавардӣ, сайругаштӣ ва велосипедронӣ дар кӯҳ хеле мувофиқ аст.
Шаршараи Тугела машҳуртарин объекти сайёҳии Африқои Ҷанубӣ буда, аксари сайёҳон маҳз барои дидани ин мӯъҷизаи табиат ба он ҷо сафар мекунанд.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
COVID-19
МИЛЛИОНЕРИ МЕКСИКОИРО САХОВАТМАНД КАРД
Миллионери мексикоӣ Рикардо Салинас Плиего пас аз пирӯз шудан бар бемории COVID-19 қарор дод, ки ба эҳсонкорӣ даст занад. Дар натиҷа, ҳазорон муштариёни бонки ӯ соҳиби миллионҳо песо (асъори миллии Мексика) шуданд. Ин хушбахтӣ насиби муштариёни бонки «Azteca» пас аз натиҷаи манфии тести соҳибмулки он ба бемории коронавирус гардид. Рикардо Плиего тамоман умеди худ-ро аз даст дода буд. Дар аввал ба нишондиҳандаҳои тест шубҳа ҳам намуд, аммо баъд аз боварӣ ҳосил намуданаш, хурсандиашро панаҳ карда натавонист.
Бисёриҳо ӯро ба кумаки ниёзмандон ташвиқ мекарданд. Вале маълум гардид, ки вай аллакай дар ин роҳ миллиардҳо песо сарф намудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ҚАСОС
Нафари зираке аз тоҷирони мусофир ба гумони ғолиб зани императори бузурги Рим Галлиенро дар бозор намешиносад, ки санги чун шиша яллаққосиеро алмос гуфта, ба ӯ бо қимати баланд мефурӯшад. Вале ҳамин ки аз ҳақиқати ҳол воқиф мегардад, худаш ба дарбор ҳозир мешавад ва хоҳиш мекунад, ки барои чунин як кирдори ношоиста нисбати аълоҳазрат ҷазояш диҳанд. 
Галлиен дар ҳузури дарбориён амр медиҳад, ки савдогари фиребгарро ба қафаси шери гурусна партоянд, то дар як дам пора-порааш кунад. Вале ғайриинтизори ҳама вақте муттаҳамро ба қафас меандозанд, аз торикии девор ба ҷои шери бадҳайбат як хурӯси «гурусна» берун меояд. Аз тамошои ин манзара, ки хандаи аҳли дарбор  ба осмон мепечад, императори ҳаким ба савдогар ишора карда мегӯяд:
- Бародари тоҷир, ки моро фиреб дод, мо ҳам аз ӯ қасос гирифтем. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҶАҲОН БО ИНСОН  ЧӢ ИРТИБОТ ДОРАД?
Шоҳи бузурге фармуд, ки барояш қасри бузургу зебое бунёд кунанд. Толорҳои қаср бо санъати баланди меъморӣ оро дода шуда, яке аз онҳо пурра (деворҳо, шифт ва фарш) оинабандӣ буд. 
Боре саг ба толор давида омад ва байни он дар ҷояш шах шуда монд. Чун сагҳои зиёдеро дид, ки ӯро аз ҳар тараф, аз боло ва поён иҳота карданд, ба эҳтимоли зиёд дандонҳояшро “тез” кард ва ҳама сагҳо низ ба вай ҳамин тавр ҷавоб доданд. Саг аз тарс ҳаросида, ноумед аккос зад. Акси садо аккоси вайро такрор мекард.
Саг торафт баландтар аккос мезад, акси садо баландтар мешуд. Ин сӯ он сӯ давида, торафт ҳаворо мегазид, сагҳои дигар ҳам меҷунбиданд. Субҳи рӯзи дигар ходимони толор саги бадбахтро дар иҳотаи миллионҳо сагҳои мурда беҷон пайдо карданд. Дар толор касе набуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ӯ зарар расонад. Саг дар муқобили инъикоси худ мурд.
Хулоса: ҷаҳон бо инсон тавре муносибат мекунад, ки инсон ба ӯ. Агар шахс ба ҷаҳон душманӣ дошта бошад, ҷаҳон ба он як хел посух хоҳад дод.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, тарҷума аз русӣ
 
 
 
«КАПИТАН»-И АФСОНАВӢ
Ё ҚАЛЛОБЕ, КИ БО РАСИДАНИ ҚИССААШ БА ГӮШИ ИМПЕРАТОР МАШҲУР ШУД
Соли 1906. Як муҳоҷири ғайриқонунии бекор Вилгелм Фойгт дар канори Берлин шаҳри Кёпеник либоси капитани артиши Пруссияро харида, ба казармаи маҳаллӣ меравад. Фойгт он ҷо бо чанд сарбоз вохӯрда, амр медиҳад, ки ӯро ба бинои шаҳрдорӣ баранд то бургомистер (раиси шаҳр) ва хазинадорро дастгир кунад. Сарбозон фармонро бечунучаро иҷро карданд. Фойгт ба мансабдорон эълом дошт, ки онҳо барои азхудкунии маблағҳои давлатӣ боздошт шуда, ҳамаи маблағҳои мавҷуда бояд ҳамчун далел барои парванда мусодира шаванд. «Капитан» ба сарбозон фармон медиҳад, ки боздоштшудагонро посбонӣ кунанд, худаш бошад, бо хазина ба истгоҳ рафта, кӯшиши фирор мекунад.
Пас аз 10 рӯз, қаллоб дастгир ва ба 4 соли зиндон маҳкум мешавад. Баъд аз муддате ин хабар ба императори Германия Вилгелми II мерасад ва ӯ бо фармони шахсияш қаллобро аз маҳбас озод мекунад. Соли 1909 дар бораи ин рӯйдоди аҷиб китобе рӯи чоп меояд. Ва баъдан филм ба навор гирифта шуда, намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Ҳоло, дар зинапояи бинои шаҳрдории Кёпеник, ҳайкали биринҷии «капитан» -и афсонавӣ гузошта шудааст.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
Инсони оқил аз худ бештар талаб мекунад, одами нодон аз дигарон.  
Лев Николаевич ТОЛСТОЙ
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ИШТИБОҲ
Ё ЧӢ ТАВР ПИРАЗАНИ 102-СОЛА  АЗ ТАШХИСИ КӮДАКОНА ГУЗАШТ
Эрна Шноор, сокини шаҳри Марнеи Шлезвиг-Голштейн аз беморхонаи шаҳрӣ нома гирифт. Мактуб чунин сатрҳо дошт: «Эрнаи азиз, ту аллакай духтарчаи калонакӣ, барои ташхис ба беморхона биё» ва баъд даъватнома дар хусуси гузаштани ташхиси тиббӣ барои кӯдакон замима шуда буд. Вале гап сари он буд, ки нома пас аз сад сол ба нишонӣ расид, зеро ҳамон рӯз бону Шноор ҷашни мавлуд дошт: 102 – солагиашро ҳамчун куҳансолтарин шаҳрванд таҷлил мекарданд. Компютер рӯзи таваллуди ӯро ба 100 сол хато кардааст. Нафақахӯри қавирӯҳ ҳазлро дӯст медошт. Аз ин рӯ, бо ҳисси виқору болидагӣ барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон омад. Дар байни хурдтаракони зиёд вай шавқи волидону фарзандони онҳоро ба вуҷуд овард. Маъмури беморхона узру маъзарати зиёд иброз дошт. Вале кампир хеле хурсанд буд, ки дар ташхиси кӯдакон бори дигар иштирок намуд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
 
 
20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР  ҶУБРОНИ ЯК ИШТИБОҲИ СУД
Хуан Ривера маҳбусе, ки бо ҷурми таҷовуз ва қатл дар ИМА зиндонӣ шуда буд, ахиран 20 миллион доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ гирифт, ки дар таърихи баҳсҳои судӣ камсобиқа аст. Чунин маблағи ҳангуфт дар ҳоле ба Ривера дода шуд, ки маълум гашт, суд дар эълони ҳукми айбдории ӯ иштибоҳ кардааст. Вале то исбот шудани бегуноҳии ӯ, ки дар натиҷаи ташхиси ДНК муяссар гардид, Хуан Ривераи бегуноҳ 20 соли умри худро пушти панҷара гузаронд.
 
Таҳияи ФАРОМАРЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2021    №: 146    Мутолиа карданд: 2557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед