logo

иҷтимоиёт

РОМИТ АЗ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲОРИСТОН МЕШАВАД

Солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгириҳои рӯзафзуни  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дараи зебоманзари Ромит, ки 45 километр дуртар аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҷойгир аст, сол ба сол ривоҷу равнақ меёбад.
Боиси тазаккур аст, ки ба хотири ҳифзи ин мавзеи афсонавӣ соли 1959 дар ин ҷо мамнӯъгоҳ таъсис дода шуд, ки масоҳаташ 16,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар мамнӯъгоҳ миқдори зиёди дарахту буттаҳои худрӯи себ, нок, олуча, гелос, чормағз, биҳӣ, бодом, арча, сарв, буттаҳои дулона, писта, ангат, зирк, настаран мерӯянд, ки онҳо дастниҳоли ниёгони мо ва босахои табиатанд. Ҳамчунин, мавзеи мазкур  бошгоҳи навъҳои зиёди парандагону ҳайвонот мебошад, ки баъзеи онҳо нодир буда, ба "Китоби сурхи Тоҷикистон" ворид гаштаанд. Бино ба маълумотҳо, солҳои 60-уми қарни гузашта аз мамнӯъгоҳи «Полвонтуғай»-и Вахш, ки ҳавояш гарм аст, ба ин ҷо чанд сар гавазни бухороӣ – хонгул оварда шуд. Онҳо ба шароити маҳал хуб мутобиқ шудаанд. Ин тадбир як таҷрибаи нодир ба шумор рафта, боиси афзудани саршумори гавазнҳои бухороӣ дар шароити кӯҳистон гардид. 
Дигар афзалияти ин макони афсонавӣ табиати рӯҳбахшу обҳои шифобахшаш мебошад, ки ба хотири онҳо ҳанӯз асри пор дар ин мавзеъ табобатгоҳу осоишгоҳҳо бунёд шуданд. Масалан, осоишгоҳи «Зайрон» бо оби давобахши худ, ки аз қабати кӯҳ ҷорӣ мешавад, маъруф аст. Оби он барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландӣ, дил, устухонҳои даст, пою сутунмуҳра ва пӯст пешбинӣ шуда, дар таркибаш калсий, натрий, хлор, йод, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору гидрокарбонат дорад. Осоишгоҳ, ки дар лаби дарё воқеъ аст, ҳавои тозаву форам дошта, асабҳоро ором мекунад.
Дигар осоишгоҳи дараи Ромит истироҳатгоҳи “Явроз” мебошад, ки дар баландии 1150 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, бо чашмаҳои гарми худ шуҳрат дорад. Оби онҳо барои табобати бемориҳои узвҳои ҳаракат, системаи асаб ва пӯст муфиданд. Бар илова, дар ин мавзеъ зиндагӣ намудан ва аз ин ҳаво нафас гирифтан, инсонро табобат ва рӯҳияи ӯро болида месозад. Ин ҳама дараи Ромитро ба мавзеи нотакрор ва гавҳари тозаву шукуфоне табдил додааст.
Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат эътироф гаштани соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина бунёди инфрасохтори созгор, инчунин, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ривоҷу шукуфоии бештари Ромит мусоидат намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ маънидод карда, таъкид сохтанд: “Муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеъҳои истироҳативу фароғатии кишвар, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, муаррифии шоистаи табиати зебо ва, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар имкон медиҳанд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешрафтаи олам мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.
Ин аст, ки 18 сентябри соли 2000-ум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараи Ромит минтақаи сайёҳию истироҳатии мамлакат эълон гардид. 
Дар баробари ин, 4 июни соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи металлҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ба рушду нумӯи ин дараи афсонавӣ такон бахшид. Корхонаи мазкур идомаи хати истеҳсолии корхонаи ғанигардонии маъдани Покрӯд ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳо, дар марҳилаи аввал дар корхона дар як шабонарӯз 65 ва дар як сол 21 450 тонна консентрати флотатсионӣ коркард мешавад. Баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм иқтидори коркарди маъдан ба 130 тонна дар як шабонарӯз ва дар як сол ба 42 900 тонна мерасад. Пас аз коркарди маъдан дар ин ҷо, дар навбати аввал, дар як сол 1300 килограмм ва дар марҳилаи дуюм бошад, беш аз 2000 килограмм тиллои холис истеҳсол мегардад.
Дар ҳолати бо иқтидори пурра фаъолият кардани коргоҳ шумораи коргарон низ меафзояд. Айни ҳол дар ҶДММ «Покрӯд» беш аз 900 нафар кор мекунад, ки 600 нафараш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Музди меҳнати миёнаи онҳо 3200 сомониро ташкил медиҳад.
Муваффақияти дигари ин мавзеъ он аст, ки дар ин ҷо зеристгоҳи барқии Ромит – 110/20/10 кВ ва хати интиқоли барқи 04 киловолта дар масофаи 53 километр мавриди истифода қарор гирифт. Акнун, сокинони деҳаҳои Қоҳу, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, ки то имрӯз аз барқ маҳрум буданд, ба ин неруи ҳаётан муҳим дастрасӣ пайдо намуданд. 
Дар воқеъ, татбиқи лоиҳа кори одӣ ва осоне набуд. Барои он ки деҳоти ин минтақа бо барқ таъмин гарданд, дар доираи лоиҳа трансформаторҳо ва дигар таҷҳизотҳои барқӣ аз ширкатҳои бонуфузи “Chint Electric”, “Jinagsu Rugao High Voltage Electric Appartus”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, “Alimar Generator”, “Metranak”-и Ҷумҳурии Туркия ва “Южноуральский арматурно-изоляторный завод”-и Федератсияи Россия дастрас ва ворид шуданд. Баъди сохтмони зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби трансформатори 10 МВА), кашидани 500 метр хати баландшиддати интиқоли барқи 110 кВ, 46,75 км, хати интиқоли барқи 20 кВ бо насби 810 такягоҳи оҳану бетонӣ, сохтмони 15 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо васлу насби 428 такягоҳ дар ҳамаи деҳаҳои зикргардида, насби 9 трансформатори 20/0,4 кВ имконият фароҳам овард, ки ин гӯшаи зебои кӯҳистон чароғон ва бештар ҷолибу диданӣ гардад.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит” барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд, пешбинӣ гардида, бобати амалишавии он Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) давоми солҳои 2016 – 2017 ҳамкории густурдаро ба роҳ монд.
Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор додани онро қадами муҳиме дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ номиданд.
Ба ғайр аз ин, вобаста ба имконоти табиӣ, яъне мавҷуд будани гулмоҳӣ, дар масоҳати 13 гектар аз тарафи ҶДММ “Баҳор” бунёд намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ як иқдоми наҷиб ба шумор рафта, имкониятҳои иқтисодии минтақаро тақвият мебахшад. Алҳол дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, гулмоҳии навъҳои рангоранг, дарёӣ  ва тиллоранг парвариш мешаванд.  Ибтидо аз соли 2019 барои минбаъд тавсеа бахшидан ба   фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи Ромит сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад. Соҳибкорон ният доранд бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин карда, оянда барои содирот ҳам моҳӣ истеҳсол намоянд. 
ҶДММ “Баҳор” бо роҳбарии Саидмуҳриддин Сайфов фаъолияти худро васеъ намуда, дар оянда ворид намудани технологияи парвариши моҳиро такмил дода, вобаста ба ин бо ширкати “Алераква”-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯроки моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ баст.
Дар доираи бунёди маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии “Баҳор” зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, акнун баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шуданд. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёнаи дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот ва меҳмонхона бунёд гашт.
Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит, дар мавзеи ноободу санглохи соҳили дарёи Кофарниҳон, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе”, инчунин, ҳавзҳои моҳипарварӣ бунёд гардиданд. Соҳибкорон қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба дарозии зиёда аз як километр корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба ҷо оварда, барои бо об таъмин намудани ҳавзҳо лӯлаҳои обгузар хобонданд. Масоҳати умумии гирду атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектар буда, дар майдони 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонда шудаанд. Теъдоди ҳавзҳои моҳипарварӣ 30-торо ташкил дода, дар онҳо имкони аз 30 то 70 тонна моҳӣ парвариш кардан мавҷуд аст.
Ҳоло дар ин мавзеи зебоманзар корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, бо итминони комил метавон гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ояндаи наздик дараи Ромит на танҳо чун макони сайёҳӣ, балки ҳамчун  минтақаи саноатӣ пешрафт карда, дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзанда мегузорад.
 
Нозир ЁДГОРӢ, адиб 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед