logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ

Аз рӯзҳои  нахустини сар задании пандемияи ҷаҳонии коронавирус  кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Сангвор дар якҷоягӣ  бо ташкилоту муассисаҳои дигар корҳои беҳдоштию поккориро ба роҳ монда, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои омодагиву пешгириро барои ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат тайёр намудани шуъбаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад.
 
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди ноҳия барои табобату пешгирӣ аз  бемории COVID-19 тамоми шароит ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона, дар шаш моҳи соли  ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба ин навъи беморӣ ба қайд  гирифта  нашудааст. Ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани кор дар беморхонаи марказӣ бо дастгирии шарикони рушд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуд.  
- Ташкили гурӯҳи корӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули фаҳмондадиҳии байни аҳолӣ кори  мо - кормандони соҳаи тибро осон кардааст. Ситоди ноҳивӣ ба ҳар деҳаю маҳалла сафар намуда, дар рафти суҳбатҳо хурду бузурги ноҳияро хотиррасон менамоянд, ки барои ҳифзи саломатии худу пайвандон бетарафӣ зоҳир накунанд. Ҳамарӯза  гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта,  бо нигоҳдошти талаботи пешбинишуда, яъне фосилавӣ,  суҳбату вохӯриҳо доир намуда, сари вақт  шустани дастон бо  собун ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб,  ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро мефаҳмонанд, гуфт - Маъруф Ёров, сардухтури идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия. 
Воқеан, омили асосии пайдошавии тамоми касалиҳо, бахусус бемориҳои  сироятӣ ин истеъмоли нодурусти маводҳои ғизоие, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст  ва риояи нодурусти гигиенаи шахсӣ ба ҳисоб меравад.  Ин аст, ки бо талошҳои шабонарӯзии масъулони ноҳия барои таъмини солимии аҳолӣ дар шаш моҳи соли равон барои риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ–гигиенӣ ва иҷро накардани тавсияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятшаванда, ба 4 нафар корманди мағозаву ошхонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ ба маблағи 660  сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст. Ҳамчунин, 84 санҷиши ҳолати санитарӣ-гигиении ошхонаву фурӯшгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои соҳаи маориф гузаронда шуда, 15 ҷарима ба маблағи 2040 сомонӣ баста шудааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани кор дар ин самт масъулони соҳаи мазкурро дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар зарур аст, ки назоратро дар самти санитарию эпидемиологӣ дуруст ба роҳ монда, барои кам кардани шумораи беморони сироятӣ чораҳои судманд андешанд, то тавонем худ ва дигаронро аз ин вирус эмин дорем. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед