logo

иҷтимоиёт

САРСУПУРДА. АЗ РӮЗГОРИ ТАЛХИ ЯТИМӢ ТО РАСИДАН БА МАҚОМИ ОЛИИ РОҲБАРӢ

Халқи тоҷик фарзандони содиқи хеш, бунёдгарони давлати тоҷикон, қаҳрамонҳои ҷасуру бошараф ва сарсупурдаи миллатро дар ягон давру замон фаромӯш накардааст ва нахоҳад кард. Зеро ин шахсони бузург фарзанди як деҳа ё як ноҳия набуданд, балки фарзанди тамоми Тоҷикистон буданд, ки мо имрӯз бо номи неки онҳо ифтихор мекунем. Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи чунин ҷавонмардон буд, ки фаъолият, вусъати ҷаҳонбинӣ ва мафкураи ӯ дар синну соли ҷавонӣ хеле баланд парвоз карда буд. 
Тавре аз маъхазҳои таърихӣ маълум аст, аслу насаби Шириншоҳ ва авлоди онҳо саидзода буданд ва мардуми деҳа падари ӯ - Шоҳтемурро барои ин мартаба ва шахси фозилу хирадманд буданаш эҳтиром менамуданд. Вай фарзандонашро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавии ниёгон ташвиқ менамуд, хондану навиштанро аз алифбо худаш меомӯзонд. Дар дил орзуҳои ширин мепарварид, ки фарзандонаш илму маърифатро пеша намуда, чун одамони фозилу хирадманд номбардори ӯ ва роҳнамои мардуми диёр мешаванд. Вале, афсӯс, ки умр вафо накард ва бармаҳал дунёи фониро падруд гуфт.
Шириншоҳи хурдсол аслан хушию хурсандиҳои солҳои бачагиро надид. Вақте ки вай ҳанӯз 8 – 9 – сола буд, падару модараш ба бистари беморӣ афтиданд. Чуноне ки Шириншоҳ дар дафтари хотираҳояш ёдоварӣ мекунад: «Бемории волидайн он қадар ҷиддӣ набуд, вале чун дорую дармони табибони замонавӣ вуҷуд надоштанд, дарди онҳо хуруҷ карда, ҳолашонро ба табоҳӣ овард. Табобати саидҳои Хоса (номи деҳа) ҳам кумаке накард». Падару модари дилсӯзу ғамхор яке аз пайи дигар писару духтаронашонро чун идомаи насли худ дар хонаи ҳақирона танҳо монда, ҳосиле аз боғи фарзандон нахӯрда, аз олам рафтанд. Оилаи онҳо, ки аз 12 нафар иборат буд, чун дигар кӯҳистониён аксар вақт шикамсерӣ нон намехӯрд. Қитъаҳои хурди замини санглох ва 15 - 20 бех дарахти мева эҳтиёҷи онҳоро ҳеҷ гоҳ қонеъ карда наметавонистанд. Баъди фавти падар сарпарастии ин оилаи калон бар дӯши бародари калонии Шириншоҳ - Мамадаслам афтод. Фироқи падару модари кӯтоҳумр, ҳасрати ятимӣ, кулфати гуруснагию нодорӣ дарду алами ин бенавоёнро дучанд мегардонд. Бо вуҷуди ин, дар он замони вазнин бародарону хоҳарони ятиммонда чун дигар деҳотиён чашми рӯз накафида аз хоб мехестанд ва то фаро расидани торикӣ дар саҳро кор мекарданд. Шириншоҳи аз меҳру навозиши волидайн маҳруммонда низ маҷбур буд, ки аз хурдӣ ба ҳар гуна машаққат тоб оварад. Вай мисли дигар бародарону хоҳаронаш, балки монанди тамоми бачаҳои кӯҳистон аз фарорасии баҳор то оғози зимистон аз пайи корҳои хоҷагӣ такудав дошт, ба калонсолон дастёрӣ мекард, молбонӣ, ҳезумчинӣ, тутчинӣ, алафдаравӣ, хирманкӯбӣ аз ҷумлаи машғулиятҳои асосиаш буданд. Ба гуфтаи мӯйсафедони деҳааш, ӯ кӯдаки дидадаро, дӯстрӯ, тануманд ва хеле хоксору хушмуомила буд. Дар деҳа ҳар касе ба ӯ коре мефармуд, зуд ба ҷо меовард. Рамачаронию кӯҳгардиро дӯст медошт.
Мамадаслам – бародари бузурги Шириншоҳ қобилияту зеҳни тези бародарашро дарк намуда, ӯро назди муаллиме аз деҳаи Хоса - охон Шоҳзодаирон бурд. Шириншоҳ аз рӯзҳои аввал байни шарикдарсонаш, ки тақрибан даҳ нафар буданд, пешсаф буд, сабақҳои охонро зуд азхуд мекард, ҳусни хаташ низ аз дигарон беҳтар буд. Ба гуфтаи дӯстонаш, дар ин давра ашъори Шамси Табрезӣ ва Хоҷа Ҳофизро қариб пурра аз бар намуда, бо суҳбатҳои хушу маҳфилороиаш азизи дилҳо гашта буд. 
Шерон Маҳмадшоев, муаллими шоистаи ҷумҳурӣ, дар хотираҳои худ дар бораи Шириншоҳ чунин ёдоварӣ намудааст: «Азбаски дар илмомӯзӣ лаёқати фавқулода дошт, байни ҳамсабақонаш фарқ мекард. Боре дар назди ҳавлиам бо Шириншоҳ ва ҳамсабақаш Бороншо вохӯрда, онҳоро ба хона бурдам ва «Девон» - и Ҳофизи Шерозиро бароварда, барои хондан ба Шириншоҳ пешкаш намудам. Вай китобро кушода, дар дилаш хондан гирифт. Ман илтимос намудам, ки шунаво хонад. Шириншоҳ ба қироат шурӯъ кард. Аз хониши бефосила ва ифоданокаш хулоса баровардам, ки дар ҳақиқат саводи баланд дорад».
Шириншоҳ ҳангоми таҳсил аз ҳамсабақонаш шунида буд, ки дар Хоруғ сарҳадчиёни рус мактаби нав кушодаанд, ба он фарзандони амалдоронро қабул карда, забонҳои форсӣ ва русиро меомӯзонанд, бо хӯроку пӯшоки бепул таъмин мекунанд. Вай ба он бачаҳои хушбахт пинҳонӣ ҳасад мебурд ва орзу мекард, ки шогирди он мактаб бошад. Аз он ки қалби поку беолоиш дошт, орзуҳояш низ ногаҳонӣ амалӣ мешуданд. Рӯзе дар сари роҳи калони деҳа Шириншоҳ бо Саидмаъсум – писари холааш, ки дар отряди сарҳадчиён ба ҳайси тарҷумон хизмат мекард, вохӯрд. Саидмаъсум, ки ба хонаи онҳо рафтуомади доимӣ дошт, аз ҳолу аҳволи худи ӯ ва аҳли оилаашон хеле пурсуҷӯ кард ва баъд пурсид: - «Шириншоҳ дар мактаби русӣ таълим гирифтан мехоҳӣ?»  
- Албатта мехоҳам, - бо ҳозирҷавобӣ мегӯяд Шириншоҳ. – Вале, маро оё ба он ҷо қабул мекунанд? Баъд, акаам розӣ мешуда бошад?...
Чунин оғоз меёбад қадамҳои нахустини Шириншоҳ дар роҳи расидан ба орзуи деринааш – донишандӯзӣ ва соҳиби саводи комил гаштан. Билохира, ӯ толибилми ин мактаб шуд. Муддати солҳои хониш вай ҳам таҳсил мекард ва ҳам дар хоҷагии штабс – капитан хизмат мекард. Ҳамин тавр, дар баробари донишомӯзӣ ризқу рӯзиашро бо меҳнати ҳалол ба даст меовард. Ба ҳамин минвол соли 1914 мактабро бо дониши аъло хатм намуд.
«То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародарам умр ба сар бурдаам. Аз ин вақт сар карда (соли 1911) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ - маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби намояндагони низомӣ – давлатии русҳо хондам. Зимистон таҳсил карда, тобистон дар назди сарвари отряди Помир кор мекардам, гулҳоро об медодам. Аз 14 – солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекунам», - чунин зикр намудааст Шириншоҳ дар «Зиндагиномаи ман» ном матлабаш, ки 1 июни соли 1937 навиштааст.  
Шириншоҳ акнун 15 – сола шуда буд ва ба неку бади дунё то андозае сарфаҳм мерафтагӣ шуд. Шиштухез ва суҳбатҳо бо сарбозону афсарони рус ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуда буданд. Ӯро шавқи хонишу омӯзиш, ҳаваси идома додани таҳсил ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар ҳамоно ором намегузошт. Аз ин рӯ, барои амалӣ гардондани мақсади деринааш – донишандӯзӣ азму талоши пайваста дошт. Бо ҳамин мақсад бо кумаки штабс – капитан Д. С. Топорнин моҳи августи соли 1914 ба шаҳри Тошканд меравад. Дар ин ҷо низ ӯ ҳам таҳсил ва ҳам кор мекард. Азму ғайрати бепоён барои иҷрои мақсад, зеҳну қобилияти расояш ба Шириншоҳ имкон доданд, ки ҳамаи имтиҳонҳои чор синфи мактаби русиро сарбаландона супурда, ба курси аввали омӯзишгоҳи омӯзгории русӣ шомил гардад. Вале бо оғози соли таҳсил ин омӯзишгоҳ баста шуд. Шириншоҳ муваффақ гардид, ки ба семинарияи муаллимтайёркунии Тошканд, ки таҳсил дар он низ ба забони русӣ буд, қабул гардад ва орзуи деринаашро ҷомаи амал пӯшонад.
Шириншоҳ дар ин семинария бо азму суботи беш аз пеш ба донишандӯзӣ машғул шуд. Соли 1920 пас аз анҷоми таҳсил вай ҳамчун хонандаи фаъол бо роҳхати Комиссариати халқии маориф ба ихтиёри шуъбаи маорифи ноҳияи Каттақурғони Ӯзбекситон фиристода мешавад. Лаёқати ташкилотчигӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ, дониши хуби ҳаматарафа, донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва туркӣ, ростқавлию масъулиятшиносиаш аз назари ташкилотҳои ҳизбӣ пинҳон намонданд. Бо назардошти ин, Кумитаи ҳизбии ноҳияи Новгороди шаҳри Тошканд соли 1920 ӯро ба номзадӣ ва соли 1921 ба узвияти Ҳизби коммунисти (болшевикони) Россия қабул намуд. Ҳамзамон, дар тавсифномаи кумитаи озуқаи уезди Хуҷанд, ки ба КИМ Туркистон пешниҳод шудааст, гуфта мешавад: «Таҷрибаомӯз Ш. Шоҳтемур дониши хуб дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле босавод буда, аз ҷиҳати ғоявӣ устувор аст, корманди камолёфта, боинтизом ва пухтакор аст, ба вай кори мустақилонаро бовар карда супоридан мумкин аст».
Ӯ дар кадом манзалате, ки қарор дошт, ҳамеша ҳангоми омадан ба Бадахшон ҳатман зодгоҳашро зиёрат мекард, дасти кампиру мӯйсафедонро мебӯсид, сари бачагони деҳаро сила мекард. Ҳар гоҳе ӯ меҳмони деҳааш мешуд, дӯстони кӯдакиашро ҷамъ мекарду доирабазм меорост. Мӯйсафедони деҳааш ҳикоят кардаанд, бори охир, ки ӯ меҳмони деҳа буд,  тамоми бачагони деҳро ҷамъ карда, аз онҳо чунин даъват намуда буд: «Бачаҳо, ояндаи ҷамъияти мо аз они шумост. Донед, ки ба ҷаҳолату торикӣ якумрӣ зарба зада шуд. Оянда аз они одами хоно ва доност. Ҳеҷ гоҳ аз хондан канораҷӯӣ накунед…».
Шириншоҳ дар ҳақиқат ба боварии мардум ва миллати хеш сазовор гашт, зеро шабу рӯзро бо рушду такмил додани ҳаёти маишӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ бахшида буд. Обрӯяш дар байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва тамоми коргарону деҳқонон ниҳоят баланд буд ва мудом саъй менамуд, ки кори ҳукумати нав – Шӯроҳоро хуб ба роҳ монда, эътибори ин ниҳодҳо, ки нақши мардуми одӣ дар онҳо аз ҳама бештар аст, баланд бардошта шавад. Дар муборизаи тезу тунд байни сохти наву куҳна, барҳам додани шаклҳои куҳнаи идоракунӣ, ба амал баровардани дигаргуниҳои қатъии иҷтимоию иқтисодӣ саҳми калон гузошт. Хизмати ӯ дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи миллат, инкишофи ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷикон бебаҳост ва барои наслҳои имрӯзаю оянда сазовори ибрат, пайравӣ ва омӯзиш аст.
Гарчанде аз ин шахсияти номдор, ҷавонмарди бо нангу ор ҳама чиз – ҷон, молу амвол, вазифа, мукофот, хона, чизу чора, ҳуқуқҳои фарзандони ятиммонда… рабуда шуд, лекин номи бузург, ҷаззоб, шевои ӯ дар таърих чун рамзи далерӣ, номусу шуҷоат, қаҳрамонӣ, покӣ, садоқати миллӣ боқӣ монд. Рӯзгори кӯтоҳ ва пур аз қаҳрамониҳои беҳисоби ин фарзонафарзанди миллат барои ҳар як фарди миллат намуна ва ҷовидона аст. Бо баҳои муаррихи тоҷик Ҳасан Дӯстов: «То даме миллати тоҷик пойдор аст, Шириншоҳ Шоҳтемур дар дили дарёи ӯ чун Шераку Спитамен ва Муқаннаъву Деваштич ҷовид хоҳад монд…» 
                                                                
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 519
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед