logo

иҷтимоиёт

TАХТИ САНГИН

Шаҳркадаи Тахти Сангин 55 километр ҷанубтар аз маркази ноҳияи Қубодиён дар соҳили дарёи Ому маҳфуз аст. Андозаи масоҳати он 85 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2011-ум Тахти Сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Точикистон пешниҳод гардид. Тибқи гуфтаи таърихнигорон дар ноҳия зиёда аз 70 ёдгориҳои таърихӣ маҳфузанд, ки бештарашон  омӯхта нашудаанд. 
Тахти Сангин аз  ҷумлаи чунин ёдгориҳои пурарзиш ва  мавзеи таърихиест, ки  маъбад, димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст. Шаҳрак  ба асрҳои IV-и  пеш аз милод II-и милодӣ тааллуқ дорад. Номи аслии ёдгории мазкур Тахти Сангин нест ва ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудаанд, бинобар ин олимон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон онро Тахти Сангин номиданд. Воҳаи  Қубодиёни  бостонӣ ҳамчун қисмати Шимолии давлати Бохтари қадим буда, дар тамаддуни бостонӣ вазъи назаррас  дорад.  Хусусан, Тахти Сангин дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумлаи осори нодири ниёкони мо - тоҷикон, мебошад. Беш аз сад сол аст, ки  дар Осорхонаи шоҳии Британияи Кабир бо чанд намунаи осори санъати антиқа бинандагонро  ба ҳайрат меорад. Онҳоро тақрибан 2300 сол қабл дар Бохтари қадим заргарони маҳаллӣ аз тиллои холис сохта буданд ва то имрӯз намунаи олии санъати амалӣ маҳсуб мегарданд. Махсусан, таърихи деринаи он боиси тааҷҷуб ва ҳайрати донандагони таърихи башар гардидааст. “Хазинаи Амударё”, ё “Ҷавоҳироти Окс” дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст. Таваҷҷуҳ  ба таърихи  ноҳияи  Кубодиён баъди маълум гаштани “Хазинаи Амударё” ба илми бостоншиносии ҷаҳонӣ боз ҳам афзуд. Дар  ин мавзеъ  аз ҷониби  бостоншиносон ҷустуҷуйҳои археологӣ  ба анҷом мерасид.  Солҳои 1950-ум аз ҷониби бостоншинос Дяканов як қатор корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом дода шуданд ва ин мавзеъро  “каменный городище”  яъне  шаҳраки сангин ном мебурданд. Соли 1976 бошад, дар ҷануби Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯдҳои Вахш ва Панҷ, 34 километр дуртар аз маркази Қубодиён бостоншиносон ба таҳқиқи маъбади қадимаи Окс шурӯъ намуданд.   Омӯзиш аз ҷониби олимону бостоншиносон мунтазам сурат мегирифт ва  худи ҳамон сол бо сарварии академик Литвинский ва Пичикян  як қатор корҳои  бостоншиносӣ  оғоз гардид. Чуноне бостоншиносон мегӯянд: маъбад пурра сангин буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то имрӯз хуб бақову пойдор мондааст. Баъди омӯзишу тадқиқотҳои зиёд  ба осоргоҳ «Тахти Сангин» ном ниҳоданд. Тибқи гуфтаи бостоншиносон, дар маркази бошишгоҳи антиқа маъбади олиҳаи обҳои равон Оахшо, ё ба талаффузи юнониаш Окс ҷой доштааст. Аз маъбад бисёр ҷавоҳироту ашёи заррини дорои аҳамияти динӣ дошта ёфт шуд. Зоҳиран, он ашё ба хотири олиҳаи обҳои равон дар ҷараёни идҳои динӣ ба маъбад тақдим мегаштанд. Инчунин, дар маъбад беш аз 5 ҳазор ашёи дерина - афзору олоти ҷангӣ, кулаҳхӯди аз боло зарҳал давонида, сари найзаву тирҳо пайдо гардиданд, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин захира мебошанд. Мавриди зикр аст, ки пас аз ба сари қудрат омадани ҳокимони маҳаллии Кӯшониёну Ҳайтолиён таъсири маъбади Окс дар байни аҳолӣ камтар шуд. Зеро ки ба он ҳамчун ба маъбади бо истилогарони юнонӣ олудагашта менигаристанд. Вале нишони тамаддуни ориёӣ поку безарар боқӣ монд.    
Тибқи гуфтаи бостоншинос Файз Қурбонов, ҳангоми  ҷустуҷӯи  ҳавлии  маъбад  баъзе ашёҳои давраи неолит,  яъне олотҳои шикорию меҳнатии  одамони  ибтидоӣ ёфт гардидаанд, ин гувоҳ аз он аст, ки  ҳанӯз аз давраҳои  неолит дар ин макон ҳаёт вуҷуд доштааст.   Шаҳраки Тахти Сангин  имрӯз аз чониби бостоншиносони тоҷик ва бостоншиносони хориҷӣ  мавриди омӯзиш қарор дорад. Нигораҳое, ки ҳангоми ҳафриёт гузарондан аз ин мавзеи таърихӣ ёфт шудаанд, имрӯз дар осорхонаҳои дохилию хориҷӣ  маҳфузанд. Зиёда аз 200 нигора дар осорхонаи Қубодиён ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин, қисме аз нигораҳо дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз Ҳукумати кишвар ба ёдгории беназири Тахти Сангин таваҷҷуҳи  зиёд  дорад.  Бостоншиносони тоҷик баҳри беҳдошту нигоҳубини ин мавзеи таърихӣ кӯшиши зиёд  менамоянд.
 
Заррина МУРОДЗОДА,
котиби масъули шабакаи “Овози тоҷик” - и 
радиои Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед