logo

иҷтимоиёт

ЮСУФ ИСҲОҚӢ. ҶАРРОҲИ САРШИНОСЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲО ВАҲШИЁНА КУШТА ШУД

Юсуф Исҳоқӣ 21 июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ орзуи табиб шудану ба мардум хизмат кардан дошт. Соли 1948 ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло донишгоҳ) дохил шуда, онро соли 1954 хатм намуда, аз вазифаи ординатор то ба вазифаи ректори ҳамин донишгоҳ расид. Рисолаи номзадиро соли 1958 дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулую бинӣ» ҳимоя намуд.
 
Ӯ  солҳои  1960 -  1964  сардухтури  беморхонаи  ҷумҳуриявии   № 4, ҳамзамон, дотсенти кафедраи оториноларингология буд. Баъдан барои идомаи кори илмиаш солҳои 1964 - 1968 дар вазифаҳои докторант, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии гӯшу гулу ва бинии шаҳри Москва фаъолият карда, соли 1968 дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас» - рисолаи докториро дифоъ кард. 
Ин олими тоҷик ҳамчун вакил дар Анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Еревани Арманистон иштирок намуда, аъзои садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Соли 1970 ба унвони профессор, инчунин, бо медали «Барои меҳнати шараф» ноил гашт.  
Соли 1973 Юсуф Исҳоқӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин гардида, дар фосилаи умри бобаракати хеш зиёда аз 300 асари илмӣ, мақола ва монографияҳо нашр кардааст, ки нишона аз доираи васеи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимӣ ва амалии ӯ буд. Номбурда нахустин академики илми тибби тоҷик аст. Китоби “Оторинолорингология” - и ӯ дастури таълимӣ ва рӯимизии тамоми табибони ин соҳа мебошад. 
Ҷарроҳи номвари тоҷик аз соли 1974 узви садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии ИҶШС ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон» буд. Ӯ соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР - и ИҶШС бо медали тиллоии Ҷамъияти дӯстии «Булғория - ИҶШС» мукофотонда шуд.  
Соли 1977 номбурда ҳамчун вакили табибони соҳаи оториноларингологияи ИҶШС дар шаҳри Небраскаи иёлати Кентукии ИМА дар Конфронси илмии байналмилалӣ иштирок намуда, инчунин дар он ҷо ҷарроҳии намунавӣ гузаронда, ба унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Небраска сазовор гардид. 
Барои хизматҳои шоиста бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ленин, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии Институти тиббии якуми шаҳри Маскав ба номи И. М. Сеченов», соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии СССР» сарфароз гардидааст. Соли 1989 ӯ ба унвони давлатии «Арбоби хизматнишондодаи илми Тоҷикистон» мушарраф шуд.
Агар ба зиндагиномаи ин олими сарсупурдаи тибби ватанӣ назар афканед, бешубҳа боиси ифтихор ва намунаи ибрат хоҳад буд. Ӯ аз ҷумлаи нобиғагони давр ва яке аз шоҳсутунҳои тибби мусоири тоҷик ба ҳисоб мерафт. Вале, мутаассифона, дар айни камолоти умр аз тарафи аъзои ҷиноятпешаи ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ваҳшиёна кушта шуд. Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ронандаи мошини хизматии донишгоҳ Виктор Худяковро 6 майи соли 1996 аъзои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Раҳмон Сангинов (Раҳмонгитлер), Диловар Пираков ва дигар нафарони шахсияташон номаълуми наҳзатӣ дар назди шаҳраки табибони шаҳри Душанбе бо истифода аз яроқи оташфишон қатл карданд. 
Куштори ваҳшиёнаи шахсияти барҷаста ва чеҳраи тибби тоҷик Юсуф Исҳоқӣ аз дасти хунхорони наҳзатӣ фоҷеаи бузурги бохти тибби тоҷик ва фоҷеаи миллат буд. Юсуф Исҳоқӣ, ки ақидаҳои ифротии саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамуд ва аз нигоҳи ҷаҳонбинии илмӣ барои пешрафти ҷомеаи муосир талош меварзид, ноҷавонмардона аз байни мо рабуда шуд. 
Баҳри абадӣ нигоҳ доштани номи неки профессор Юсуф Исҳоқӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ӯ гузошта шуд. Хотираи неки Юсуф Исҳоқӣ бо зиндагиномаи намунавӣ ва хизматҳои шоёнаш ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар боқӣ хоҳад монд.
 
Мамадназар МАЗИЁЕВ, сармуҳаррири рӯзномаи  “Ворисони Сино”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед