logo

Хабарҳо

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

ТАСС. Агар ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии “Толибон” ҳамлаҳои худро идома диҳанд, ИМА бори дигар барои ҳимояи неруҳои мусаллаҳи Афғонистон зарбаҳои ҳавоӣ хоҳад  зад, - ҳушдор дод раҳбари амалиёти низомии ИМА дар ин кишвар. Дар ин бора хабаргузории  Agence France-Presse гузориш дод.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаҳои ҳавоии худро дар рӯзҳои охир  ҷиҳати дастгирии неруҳои Афғонистон афзоиш дод ва мо омодаем, ки дар сурати идома ёфтани ҳамлаҳои “Толибон”, ин сатҳи баланди дастгириро дар рӯзҳои наздик низ нигоҳ дорем", - гуфт генерал Кеннет Маккензи, сардори  фармондеҳии Маркази Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА дар Кобул.  
 
 
 
СҶТ эҳтимолияти аз байн рафтани се намуди саратонро эълон кард
Известия. Дар тӯли якчанд даҳсолаҳо инсоният имконият дорад якбора ба якчанд намуди саратон ғолиб ояд. Ин ақидаи коршиносони Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ мебошад.
Дар охири моҳи май намояндаи СҶТ дар Федератсияи Россия Мелита Вуйнович гуфт, ки инсоният ба мағлуб кардани саратони гарданаки бачадон наздик аст, ки ҳоло дар байни занон паҳншуда ҳисобида мешавад. Беморӣ хуб омӯхта шудааст ва ваксинаи бехатару муассир бар зидди ангезандаи он, папилломавируси инсон (HPV) таҳия шудааст. Мутахассисони СҶТ чунин мешуморанд, ки пирӯзӣ бар саратони шуш низ дур нест. Аммо, барои ин аз тамокукашӣ даст кашидан лозим аст, менависад АИР “Новости”. Тавре ки мутахассисони СҶТ ҳисоб кардаанд, агар одамон тамоку намекашиданд, 90 дарсади ин омосҳои бадсифат вуҷуд намедоштанд, 
Инчунин, имкони мубориза бо саратони ҷигар ва рудаи ғафс вуҷуд дорад. Ин кам истеъмол намудани машруботро талаб мекунад.  
Олмон ҷорӣ кардани маҳдудиятро барои эм накардагон аз COVID-19 истисно намекунад
 
 
 
Известия.  Раҳбари идораи Канслери Ҷумҳурии Федералии Олмон Ҳелге Браун истисно накард, ки афроде, ки аз COVID-19 дар Олмон эм карда нашудаанд, дар сурати афзоиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ метавонанд ба маҳдудиятҳо дучор оянд, - хабар медиҳад Euronews.
“Аз ҷумла, ташриф ба тарабхонаҳо, филмҳо, варзишгоҳҳо, ҳатто барои онҳое, ки эм нашудаанду аз озмоишҳои эмгузаронӣ гузаштаанд, дастрас нахоҳанд шуд, зеро хавф хеле зиёд аст",- гуфт Браун.   
Ӯ илова кард, мақомот вазифадоранд, ки дар сурати паҳн шудани COVID-19 саломатии шаҳрвандонро ҳифз кунанд.
Браун гуфт: "Эмшудагон, бешубҳа, аз ғайриэмшудагон озодии бештар хоҳанд дошт”.
 
 
 
Путин мусаллаҳшавии Флоти  баҳрӣ - ҳарбии Россияро арзёбӣ кард
Лента. ру. Дар ҷараёни парад дар Санкт-Петербург Президент Владимир Путин мусаллаҳшавии  Флоти баҳрӣ – ҳарбии Россияро арзёбӣ кард. 
"Имрӯз  Флоти баҳрӣ – ҳарбии  Россия дорои ҳама чизи зарурӣ барои кафолати ҳифзи ватани мо, манфиатҳои миллии мост. Мо метавонем ҳама гуна душмани зериобӣ, рӯизаминӣ, ҳавоиро ошкор намоем ва дар ҳолати зарурӣ ба ӯ зарбаи ногузир занем", - гуфт Путин. Вай, инчунин, ҳамаи кормандонро ба 325 - солагии флоти Россия табрик кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед