logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

КҲФ. 383 амалиёти фаврӣ дар ним сол
- Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 299 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин 38 ҳодиса ба хоҷагии ҳалқ зарар расондааст. Аз ҷумла, бар асари ҳодисаҳо 337 хонаи истиқоматӣ (140 хона пурра ва 197 қисман), 8 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 3492 гектар майдони кишт, 42 пул ва 212 километр роҳ осеб диданд, - гуфт Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита ташкил ва гузарондани корҳои пешгирии садамаҳо ва омӯзиши наҷотдиҳӣ мебошад. Дар нимсолаи аввал наҷотдиҳандагони кумита дар бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ширкат намуда, дар натиҷаи гузарондани 383 амалиёти фаврӣ ҷони 183 нафарро аз хатар наҷот доданд.
Комрон САФАР,  «Ҷумҳурият»
 
 
Боз дар бораи буриши ғайриқонунии дарахтон
Буриши дарахтон баъд аз таъмини пурраи аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот бо неруи барқ кам шуда бошад ҳам, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 657 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахтон ба маблағи зарари 411,4 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора иттилоъ дод Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Ба гуфтаи номбурда, буриши ғайриқонунии дарахтон бештар аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба заминҳои фонди хоҷагии чангал шомиланд, анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, маблағи зарари аз хоҷагиҳо, махсусан роҳбарони онҳо расондашуда 110 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Алҳол масъалаи бунёд ва барқарорсозии ҷангал, ки асоси онро дарахтони бисёрсолаю сояафкан ва буттаву арчазор ташкил медиҳанд, дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти агентӣ қарор дошта, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои қатъӣ андешида мешаванд. 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 
 
Ҳамкорӣ бо синамогарони Ӯзбекистон густариш меёбад
Дар заминаи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», иброз намуд. 
Зикр гардид, ки омодагиҳо барои таҳияи филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», ки аз ҷониби роҳбарияти олии ду кишвари дӯсту бародар пешниҳод шудааст ва филмномаи «Сангҳо ва об»-и Искандар Усмонов дар ҳамкорӣ бо синамогарони Ӯзбекистон идома дошта, дар ин самт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
- Даври омодагӣ барои таҳия ва наворбардории филми ҳунарии «Ситораи ноаён» - и коргардон Муҳаббат Сатторӣ дар ҳамкорӣ бо синамогарони Ӯзбекистон оғоз гардида, наворбардории филм моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ
Фаъолияти студияи операвӣ ҷоннок мегардад
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз соли 2017 дар консерватория студияи операвӣ фаъолият мекунад. Ба ҳайати он донишҷӯён ва иллюстраторони шуъбаи сарояндагии академӣ ва созҳои оркестрӣ шомил гардидаанд. 
Мавсуф тазаккур дод, ки дастоварди бузурги консерватория дар ҷодаи илм, ин конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Методикаи суннатии устод – шогирд ва татбиқи он дар мактаби олии мусиқӣ: эҳё ва инноватсия” буд, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор шуд. Дар он ҳунармандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат доштанд.  
Инчунин, гузарондани консертҳои синфӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимии омӯзгорони консерватория ба ҳисоб меравад.  Аз моҳи феврал бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 40 консерти синфии омӯзгорон дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гашт.
Гулнисои САЪДОНШО,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 741
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед