logo

Хабарҳо

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

24 июли соли ҷорӣ, соати 9:30 беш аз 20 сокини деҳаи Коктоши Ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии Қуммазор, маҳаллаи И. Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд. Сипас, шаҳрвандони Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ карданд.
Бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд. Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи созишномаҳои қаблан баимзорасида амали ғайриқонунии сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд.
Изҳороти Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба қарор доштани  мавзеи Қуммазор дар ҳудуди ин кишвар, ки дар сомонаҳои қирғизӣ нашр гардид, асоси ҳуқуқӣ надорад. Зеро, тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводи комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур  пурра ба ҳудуди Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Масъалаи зикргардида мавриди баррасӣ ва таҳқиқи намояндагони расмии мақомоти дахлдори тарафҳо қарор дорад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед