logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. АМАЛҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТ НАМУНАИ ИБРАТАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ аз 19 июли соли 2021 ба муносибати Иди саиди Қурбон зикр намуданд, ки дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси Иди Қурбон мебошад. Аёдати беморону бознишастаҳо, воқиф шудан аз вазъи зиндагонии сокинон дар вилояти Хатлон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ба ҳукми анъана даромадааст. 
 
Чанд рӯз пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадори меҳнат Амирхон Шамсов рафта, аз вазъи тандурустӣ ва рӯзгори ӯ воқиф гардид. Амирхон Шамсов аз соли 1976 то соли 1983 ба ҳайси кишоварз, директори хоҷагии давлатии «Сарҳадчӣ», раиси колхози ба номи Кирови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият доштааст, солҳои 1980 - 1994 раиси комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1994 - 1998 муовини раиси вилояти Хатлон, 1998 - 2000 сардори идораи кимиёи вилояти Хатлон, 2000-2007 директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон будааст, солҳои 2007 - 2009 дар ширкатҳои гуногун ва аз соли 2010 то 2014 ба ҳайси сардори хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон кор кардааст. Дорандаи рутбаи тахассусии мушовири давлатии дараҷаи 2 ва Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад. Бо ордени «Нишони фахрӣ», медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонда шудааст. 
Ҳамзамон, раиси вилоят ба аёдати қаҳрамонмодар Авзалбӣ Азимова рафт. Ин модари заҳматпеша дар солҳои ҶБВ ба ғаллакорию боғдорӣ машғул буд. Сипас, солҳо дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ фаъолият карда, ба мардум хизмат расондааст. Дорандаи ордени «Ветерани меҳнат» мебошад.
Боздиди дигари раиси вилоят аз кошонаи бонуи ҳунар, собиқадори меҳнат Хатичабону Ализода буд. Ҳунарпеша баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  солҳои 1983 - 1986 ба симати мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) кор кардааст. Давоми солҳои 1990 -2007 вазифаи мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрро ба уҳда дошт. Сипас, дар вазифаи мудири бахши кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар фаъолият намудааст. Ин бонуи ҳунар соли 1971 бори нахуст намоиши фолклорӣ - этнографии «Қошуқ»-ро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба саҳна гузошт, ки минбаъд дар фестивал – озмуни телевизионӣ дар байни дастаҳои рақсӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ташкилкунандаи ансамбли Давлатовҳо ба номи «Бахт» буд ва ин дастаи ҳунарӣ иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, дар фестивал - озмунҳои ансамблҳои оилавӣ дар шаҳри Москва дар соли 1980 иштирок намуда, ғолиб баромадааст. 
Хизматҳои шоистааш бо Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1977, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1998), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар қадр шудаанд. Ду даъват (солҳои 1987-1994) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) интихоб шудааст. Гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Пирони рӯзгор аз ташрифи раиси вилояти Хатлон эҳсоси фараҳмандӣ намуда, бо шукргузорӣ гуфтанд, ки сиёсати мардумпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2021    №: 148    Мутолиа карданд: 881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед