logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН МАРКАЗИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕШАВАД

Мусоҳибаи Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо Азизҷон Азимӣ, бунёдгузори Академияи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «TajRupt», магистранти донишгоҳҳои Ҳарвард ва Стенфорди ИМА доир ба мавзӯи татбиқ ва рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар пешкаши хонандагон мегардад.
 
- То ҷое маълумот дорем, шумо дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамиро таъсис додан мехоҳед. Бешак, ин нахустин таҷрибаи шарикии давлат ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Корҳо дар ин самт чӣ гуна ҷараён доранд?
- Таърихи коркарди зеҳни сунъӣ аз куҷо оғоз шуд? Ҳангоми таҳсил дар магистратураи Донишгоҳи Ҳарвард дар бахши идораи давлат, устодону профессорон дар бораи зеҳни сунъӣ ва он чӣ гуна дунёро тағйир медиҳад, бисёр нақл мекарданд.  Ин буд, ки ман ба зеҳни сунъӣ мароқ пайдо намуда, аз пайи омӯзиши он шудам. Зеҳни сунъӣ ин системаҳои компютерие ҳастанд, ки мисли одам қобилияти эҷод, таҳлил ва қарор қабул карданро доранд. Ҳатто ҳамаи фаъолияти инсонро, ки марбут ба таҳлил ва қарорқабулкунӣ аст, зеҳни сунъӣ  онҳоро беҳтар анҷом медиҳад. Баъди таҳлилҳо ҳадаф гузоштам, ки дар Тоҷикистон саноати зеҳни сунъиро ҳамчун як бахши иқтисодиёт ба роҳ монем. Бо ин мақсад, соли гузашта дар Донишгоҳи Ҳарвард рисолаи магистрии худро доир ба мавзӯи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» интихоб кардам.
Тавсия ва таклифҳоеро, ки аз натиҷаи таҳқиқоти илмиам бармеоянд, ба  Вазорати саноат ва технологияҳои нав пешниҳод намудам ва, хушбахтона, онҳо аз ҷониби роҳбари ниҳод Шералӣ Кабир хуш пазируфта шуданд.  Дар доираи ин ҳамкориҳо пеши худ мақсад гузоштем, ки то охири соли ҷорӣ Стратегияи давлатии рушди зеҳни сунъӣ то соли 2026-ро таҳия намоем. Маҳз бо ҳамин мақсад Вазорати саноат ва технологияҳои нав Маркази зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамиро таъсис дод, ки  ин аввалин чунин марказ дар Осиёи Марказӣ мебошад.  
 
- Воқеан, чун рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар таҷрибаи нав аст, сатҳу сифати ҳамкориҳои шумо бо мақомоти масъули давлатӣ аҳамияти хоса касб мекунад... 
- Тавсеаи зеҳни сунъӣ бе ҳамкорӣ бо Ҳукумат имкон надорад. Ҳуҷҷатҳои стратегии давлат, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамиро омӯхта, дидем, ки барои рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар заминаҳои воқеӣ ҳастанд. 
Таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ бо фарогирии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа низ як намунаи хуби ҳамкории давлат бо ҷомеа ҷиҳати татбиқи зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳамчунин, аз таҷрибаам мегӯям, ки Ҳукумат на танҳо ба идеяҳои мо ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, балки бароямон имконият ва шароит фароҳам меоварад, то ки навовариҳои худро татбиқ намоем. Хеле сарфароз аз онам, ки орзуву нақшаҳоям амалӣ мегарданд. Пешниҳодҳои мо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз он ки бархе ҷавонон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон идеяҳояшон дастгирӣ намеёбанд, дар ҳайрат мемонам. Дар робита ба ин, мехоҳам гуфтаи Президенти вақти ИМА Ҷон Фитсҷералд Кеннедиро ба ёд оварем: «Ҳамватанони азиз, имрӯз напурсед, ки давлат ба шумо чӣ дода метавонад, балки пурсед, ки шумо барои давлати худ чӣ корҳоеро анҷом дода метавонед». Биноан, ман ин гуфтаи Кеннедиро шиори худ қарор додаам ва мутмаинам, ки агар ҳадафу нақшаҳои мо фаротар аз манфиатҳои шахсӣ,  барои рушди ҷомеаву давлат нигаронда бошанд, онҳо, ҳатман, мавриди дастгирии Ҳукумату давлат қарор мегиранд.
 
- Рисолаи магистирии шумо дар Донишгоҳи Ҳарвард вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар доираи пажӯҳиши худ бар он назаред, ки зеҳни сунъӣ метавонад траекторияи рушди иқтисодии кишварро тағйир диҳад ва дар заминаи он Тоҷикистон имкон дорад тариқи ҷаҳиш (модели leapfrog development) марҳилаҳои рушдро гузарад. Вале Ҳукумат, аллакай, дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро то соли 2030 мушаххас кардааст ва он марҳила ба марҳила тарҳрезӣ шудааст. Чӣ гуна метавон дар як муддати кӯтоҳ модели нави иқтисодиро роҳандозӣ кард?
- Дар илми иқтисод ду назария вуҷуд дорад: якум, пешрафти пайдарпай, яъне марҳила ба марҳила ва дувум, пешрафти босуръат, яъне тариқи ҷаҳиш  (leapfrog). Дурнамои рушди иқтисодии кишвари мо тибқи пешрафти пайдарпай тарҳрезӣ шудааст. Мо пешниҳод менамоем, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ рушди босуръат, яъне модели «leapfrog»-ро низ ворид кунанд. Яъне, дар ҳамоҳангии стратегияи пайдарпай рушди босуръатро роҳандозӣ намоем ва ин имконпазир аст.
 
- Шумо бар ин боваред, ки дар заминаи татбиқи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳамасола 2-дарсадӣ меафзояд. Ин пешгӯӣ то кадом андоза воқеият дошта метавонад?
- Ҳадафи мо ин аст, ки  соли 2026 ҳиссаи зеҳни сунъӣ  дар ММД-и кишвар 1 дарсадро ташкил диҳад. Инро чӣ гуна метавон роҳандозӣ кард? Мо таҷрибаи ҷаҳонии рушди зеҳни сунъиро дида баромада, ду ҷанбаи самаранокии онро муайян сохтем. Аввал, ин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ мебошад. Инро мо дар маҳсулоти зеҳни сунъии истеҳсолнамудаи худамон – барномаи «Скоринг» дар бонкҳо натиҷагирӣ карда, муайян намудем, ки дар як семоҳа теъдоди пешниҳоди қарзҳо ба мизоҷон 2,5 баробар афзуд. Яъне, бо истифода аз ин барнома ҳаҷми ҳуҷҷатгузорӣ ихтисор шуда, самаранокии фаъолияти кормандон бештар гашт ва, ҳамзамон, хароҷоти хизматрасонии бонкҳо 2,5 маротиба коҳиш ёфт. Пас, худ тасаввур  кунед: агар дар як семоҳа самаранокии  корманд 2,5 маротиба афзуда бошад, дар умум самаранокии он дар иқтисоди кишвар чӣ гуна хоҳад буд. Бинобар ин, чунин барномаҳоро на танҳо дар бонкҳо, балки дар дигар сохторҳо, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, бояд татбиқ кард.
Дигар ҷанбаи самаранокии он ташкили ҷои кор ва фоидаи зиёди мутахассисони ин соҳа аст. Агар мо дар мисоли Амрико бинем, аз панҷ ихтисосе, ки аз ҳама маоши баланд доранд, 3-тояш дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. Мо агар то соли 2026 мутахассисони зеҳни сунъиро омода кунем, онҳо метавонанд дар бозори ҷаҳонӣ бо маошҳои баланд дар ватан истода, тавассути онлайн ҳамчун аутсорсинг кор кунанд.
 
- Аввалин маҳсулоти зеҳни сунъии истеҳсолкардаи шумо барномаи «Скоринг» барои бонкҳо мебошад ва он муайян месозад, ки ба кӣ қарз бояд доду ба кӣ не. Мехоҳам дар ин бора тафсилоти бештаре дода бошед? 
- Бисёр нуктаи муҳимро зикр кардед. Яке аз принсипҳои кории мо, пеш аз ҳама, таъмини адолат дар қарорқабулкунии алгоритмҳо аст.  Вақте мо алгоритмро месозем, албатта, он дар асоси маълумоте, ки омӯзонда мешавад, қарор қабул мекунад. Алгоритми барномаи «Скоринг» дар асоси  махзани бузурги маълумот сохта шудааст. Зимни таҳияи он мо маълумоти зиёда аз 510 ҳазор қарзҳои хурди то 30 ҳазор сомониро аз панҷ бонк («Имон интернешнл», «Арванд», «Спитамен», «Ориёнбонк», «Финка») ҷамъ овардем. Дар ин замина, махзани маълумоти 510 ҳазор қарзҳои хурди мизоҷони аз 18 то 80-соларо дар ҳаҷми 3,5 миллиард сомонӣ таъсис додем. Дар асоси ин махзан, алгоритми сохтаи мо метавонад муайян созад, ки кадом категорияи муштариён қобилияти пардохтпазирии муътадил доранд. 
Баъди натиҷагирӣ аз фаъолияти барномаи «Скоринг», муайян гардид, ки мардҳои синнашон аз 18 то 24-сола аксарияти дефолтҳоро ташкил медиҳанд, вале  занҳо дар идораи метавонанд масъулиятшиностар бошанд. Бахусус, занҳои аз 35 то 40-сола, ки соҳиби фарзанд ва маълумотанд, қобилияти беҳтари пардохтпазирии қарзҳоро доранд.
Дар маҷмӯъ, барномаи мо баргардондани қарзҳоро 98 дарсад таъмин намуд. Аз ин лиҳоз, бонки «Спитамен» тасмим гирифт, ки дар ҳамаи филиалҳояш барномаи «Скоринг»-ро истифода барад.
 
- Табиист, ки баъди роҳандозии зеҳни сунъӣ бархе аз фаъолиятҳое, ки онҳоро инсон анҷом медиҳад, ихтисор мешаванд. Яъне, минбаъд шуморе аз корҳои одамонро алгоритм иҷро мекунад. Оё ин раванд ба шуғл таъсири манфӣ намерасонад? 
- Вобаста ба ин масъала аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии World Economic Forum (Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ) таҳқиқот анҷом дода шуд. Тибқи он, татбиқи зеҳни сунъӣ боиси зиёдшавии ҷойҳои корӣ мегардад. Дар таърихи инсоният зеҳни сунъӣ инқилоби чоруми саноатӣ мебошад. Аввалин инқилоби саноатӣ асри XVIII дар Британияи Кабир буд, замоне ки қисми зиёди меҳнати дастиро тавассути техника иҷро мекардагӣ шуданд. Дуюм инқилоб дар асри XIX ба вуқӯъ омад, ки  ба ихтирои барқ марбут буда, таҳаввулоти куллиеро ба вуҷуд овард. Бо пайдо шудани интернет ва технологияи иттилоотӣ инқилоби сеюми саноатӣ ба вуқӯъ пайваст. Баъди ҳар инқилоби саноатӣ одамон «охири дунё»-ро пешгӯӣ мекарданд, аммо чуноне шоҳидем, ин гуфтаҳо ботил мебаромаданд. Албатта, баъзе ҷойҳои корӣ аз байн мераванд, зеро тақозои қонуни иқтисодӣ ҳамин аст. Масалан, пас аз 25 сол эҳтимол дорад ихтисоси муҳосиб аз байн равад, чунки онро зеҳни сунъӣ метавонад иваз кунад.  Вале ихтисосҳои гуманитарӣ ва фаъолияти эҷодӣ боқӣ мемонанд. Масалан, ихтисоси шумо – журналистика аз байн намеравад. Умуман, ихтисосҳое, ки элементҳои гуманитарӣ доранд, масалан ихтисоси духтурӣ низ серталабот боқӣ мемонад. Аз ин нигоҳ, метавон гуфт, ки дар маҷмӯъ, зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат таъсири мусбат хоҳад расонд. 
 
- Шумо бештар ба афзалиятҳои иқтисодии зеҳни сунъӣ бартарӣ медиҳед, аммо ҷанбаҳои ахлоқӣ чӣ мешаванд? Масъалаҳои шаффофият, нобаробарии гендерӣ ва рушди мутавозини зеҳни сунъӣ дар кишвар чӣ гуна бояд танзим хоҳад шуд? 
- Дар оғози фаъолиятамон шаш принсипи бунёдиро мушаххас намудем, ки аввалинаш ин «махфият» мебошад. Яъне, мо дахлнопазирии маълумоти шахсии мизоҷонро дар мадди аввал гузоштем. Дар махзани мо характеристикаи мизоҷон вуҷуд дорад, ки он маълумот доир ба синну сол, таҳсилот, вазъи оилавӣ ва макони зистро дар бар мегирад. Вале дар он ному насаб ва рақами шиноснома нест, зеро ин маълумот махфист. Пеш аз оне ки маълумотро барои додани қарз ҷамъ оварем, аввал маърифтаи ҳуқуқии онҳоро баланд баровардем. Мизоҷон бояд донанд, ки кадом маълумотро манзур кунанд ва кадомашро не. Бинобар ин, дар фаъолиятамон ба эътибор гирифтани масъалаҳои ахлоқӣ аз принсипҳои асосии кории мо ба шумор меравад.
Барои пешгирӣ аз нобаробарии рушди зеҳни сунъӣ, ки шумо зикр намудед, бояд ҳарчи зудтар ба татбиқи он шурӯъ кунем. Зеро ҳар қадаре ки татбиқи барнома ба таъхир афтод, нобаробарӣ низ метавонад афзояд. Яъне, бо пештар шурӯъ кардани татбиқи зеҳни сунъӣ метавонем нобаробариеро, ки ҳамасола зиёд мешавад, кам кунем. 
 
- Яъне, хулоса кардан мумкин аст, ки зеҳни сунъӣ дар ояндаи наздик қисми ҷудонопазири ҳаёти ҳаррӯзаи мо мегардад? Оё эҳтимол дорад, ки пас аз даҳ сол дар кӯчаҳои Душанбе роботҳо сайругашт кунанд?
- Понздаҳ сол пеш мо дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот надоштем. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо вуҷуд надоштанд. Ҳамин тавр ҳам зеҳни сунъӣ. Ҳарчанд имрӯз он дар дигар давлатҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо дар кишвари мо дида намешавад. Танҳо ба тозагӣ дар бонкҳо барномаи «Скоринг» роҳандозӣ шудааст. Метавон бо итминон гуфт, ки пас аз даҳ сол орзуи мо доир ба табдили Тоҷикистон ба маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Дар заминаи пешрафти босуръат баъди даҳ сол на танҳо муҳоҷирони меҳнатии мо ба кишвар бармегарданд, балки барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар бахши зеҳни сунъӣ шароит фароҳам мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2021    №: 148    Мутолиа карданд: 2088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед