logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. АЗ ДЕҲАИ КӮЧАК ТО СИЁСАТИ БУЗУРГ

Ҳар гоҳ ба акси қаҳрамонони миллат менигарам, бо худ меболам, ки миллати ман дар ҳар давру замон қаҳрамононеро ба олам додааст, ки бо корномаҳои мондагори хеш барои ҳамеша дар таърих сабти ном шудаанд. Борҳо ба худ суол мекардам, ки ин абармардон чӣ рафтори наҷибе кардаанд, ки қаҳрамон шудаанд? Бовар дорам, ки дар баробари ман садҳо нафар аз худ чунин суол мекунанд ва шояд бархе ба саволи хеш то ҳанӯз ҷавоб меҷӯяд. 
Бояд махсусан зикр кард, ки бо ташкили озмунҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» мардум аз ҷоннисориҳои ин мардони ватандӯст огоҳ гардиданд ва дарк намуданд, ки барои ҳифзу побарҷо мондани диёри хеш - Тоҷикистон ва дар арсаи олам ҳамчун давлати соҳибтамаддун эътироф намудани он, маҳз ин абармардон ҳастии хешро нисор кардаанд. Воқеан, ҳаёту фаъолияти бузургон китобест, ки онро мебояд баҳри насли оянда рӯшан сохт ва кору зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур низ аз ҷумлаи онҳост. Ин лаҳза мехоҳам чанд маълумотеро, ки перомуни ин марди асил дарёфт намудам рӯи коғаз орам. 
Риштаи тақдир, ин писарбачаи рустоиро аз як гӯшаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон то ба ҳавзаи собиқ шӯравӣ кашиду номи ӯро абадӣ гардонда, ҳамчун муҳофизи асливу фарзанди содиқи миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт намуд. Аз хурдӣ меҳри Ватанро дар қалбаш ҷой дода, оқибат дар роҳи ҳифозат аз миллати худ ва арзишҳои таърихии он ҷон супурд. Пас аз мутолиаи матлабҳои гуногун, дар бораи ин марди шуҷоъ кас эҳсос менамояд, ки, воқеан, Шириншоҳ сарфи назар аз мушкилиҳои зиндагӣ ва умри кӯтоҳи хеш (37 сол) бо шуҷоиву далериаш тавонистааст ба миллати худ хидмати арзандаеро анҷом диҳад. 
Дар 8 – 9 солагӣ волидонаш аз олам даргузаштанд ва тӯли 3 сол парастории ӯро бародараш ба уҳда гирифт. Соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ – маҳаллии шаҳри Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал таъсис ёфта буд, дохил шуд. 4 сол дар ин омӯзишгоҳ таълим гирифт. Шириншоҳ аз баски сарпарасте надошт, мебоист зиндагиашро худаш таъмин намояд. Бинобар ин, зимистон таҳсил мекарду тобистон дар назди сардори отряди Помир ба парвариши гулҳо машғул мешуд. Хоксориву қавииродагии ин писарбачаи кӯҳистонӣ ба қалби капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин ҷой гирифта, пас аз хатми мактаб ӯро бо худ ба Тошканд овард. Шириншоҳ дар он ҷо ба таҳсил машғул шуд. Фаъолияти сиёсиашро дар синни 21-солагӣ баробари ба ҳизби коммунистӣ пазируфтан оғоз намуд. Таърих гувоҳ аст, ки ӯ давоми фаъолияти сиёсиаш дар баробари дигар ҳампаймонҳои хеш масъалаи тақдирсоз - ташкил намудани Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро ҳамеша дар миён мегузошт, ки дар он замони мураккаб кори саҳлу осон набуд. Хушбахтона, саъю талошҳои ин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик самараи нек ба бор овард. Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил гардид, ки зербинои асосии расидан ба Истиқлолияти давлатӣ шуд.
Дарвоқеъ, Шириншоҳ барои ободии диёраш хидматҳои бешуморе кардааст. Мавсуф пешравии Ватанро дар симои шахсони таҳсилкардаву кадрҳои болаёқат медид, бинобар ин, ба ҳар гӯшаи Тоҷикистон, ки сафар мекард, аввалин суолаш ин буд: «Шумо мактаб доред?» ва кӯшиш менамуд, ки ин мушкилӣ ҳарчи зудтар бартараф шавад. Ӯ ҳамчун марди донишманду ҷасур дар таъсиси муассисаҳои таълимӣ дар саросари Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани таҳсил бо забони модарӣ саҳми арзандае гузошта, ташаббускори асосӣ шинохта шудааст. Дар баробари ҷалб кардани мардум ба донишандӯзӣ ва ташкили муассисаҳои таълимӣ саҳми Шириноҳ барои ба кор даровардани садҳо заводу коргоҳ ва неругоҳҳои барқӣ хеле назаррас аст. 
Баҳори соли 1925 роҳбарияти Кумитаи инқилобӣ ва вазорату идораҳо ба Душанбе омаданд. Он вақт пойтахти давлати тоҷикон як деҳаи хурдакакеро мемонд. Вале бо ба кор даровардани заводу фабрикаҳо, шинондани дарахтон, васеъ намудани хиёбонҳо Шириншоҳ Шоҳтемур ин деҳаи хурдакакро ба шаҳр табдил дода, ба роҳбарияти Кумитаи инқилобӣ супурд ва номашро дар таърих то абад ба некӣ боқӣ гузошт. 
Бо гузашти солҳо хизматҳои шоистаи ин ҷавонмарди асилро ба назар гирифта, соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барӯманди миллат Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ин иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки «Бузургонро бузургон зинда медоранд» ва миллати тоҷик ҳаргиз чунин фарзонафарзандонашонро фаромӯш накарда, заҳматҳои онҳоро ҳамеша қадр менамояд. 
 
Гулнисои  САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2021    №: 148    Мутолиа карданд: 924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед