иқтисод
ХУҶАНД. ДАР НИМ СОЛ 770 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД
- Таъмини аҳолӣ бо ҷои кор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сол ба сол беҳтар мегардад, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Наҷмиддинзода.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», нимсолаи аввали соли равон 1990 шахси бекор ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат 770 нафар, аз ҷумла 497 зан, дар соҳаҳои саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, санъат, фарҳанг, маориф, бонк, сохтмон, маркази савдо ва хизматрасонӣ бо ҷои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гашт. Тибқи нақша, то охири сол таъсиси боз 1240 ҷои кори дигар дар назар аст.
Ҷиҳати татбиқ кардани қарори раиси вилоят аз 12 майи соли 2009 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани гурӯҳи алоҳидаи аҳолӣ» 68 бекор, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷои кор таъмин шуданд.
Ҳамчунин, ба 85 нафар, аз ҷумла аз оилаҳои ниёзманд, шахсони бекор, сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, дар ҳаҷми 43 ҳазору 595 сомонӣ ёрипулии якдафъаина пардохт гардид.
Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расондани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд” ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти соҳибкорӣ ба 30 шаҳрванди бекор ба маблағи 125 500 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. Онҳо айни замон дар соҳаҳои чорводорӣ, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд. Дар асоси шартномаи тарафайн, 50 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт.
Ҳамзамон, дар корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» 120 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат, аз ҷумла ошпазӣ, муҳосибӣ, оператори АТК, дӯзандагӣ, кешбофӣ ва қолинбофӣ ҷалб шуда, 155 нафар соҳиби касб гардид.
Илова бар ин, ҷиҳати бо кор таъмин кардани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, дар шаҳр нуҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд. Дар онҳо 337 корхонаву ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок карда, ба корҷӯён 4978 ҷои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гашт. Дар натиҷа, 83 корҷӯ бо кор таъмин ва нафарони зиёд ба касбомӯзӣ ва корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2021 №: 148 Мутолиа карданд: 2978