logo

Хабарҳо

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

ЛЕНТА. РУ. Неруҳои дифоъ ва амнияти миллии Афғонистон якбора якчанд фармондеҳи «Толибон» - ро боздошт карданд. Ин иттилоъ дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар нашр шуд.
Боздоштҳо ҳангоми амалиётҳои зиддитеррористӣ дар минтақаҳои Кобул ва Ғур сурат гирифтаанд. Тибқи иттилои вазорат, фармондеҳи «Толибон» Муҳаммад Ҷон, ки ташкили ҳамлаҳоро ба уҳда дошт, дастгир шуд. Инчунин, якчанд ҷангии «Толибон» маҳв гардид.
ВКД дар бораи озод кардани деҳаҳои қад-қади шоҳроҳ ва тоза кардани роҳ аз панҷ минаи зиддитанкӣ, ки онҳоро аъзои ҳаракати радикалӣ гузоштаанд, иттилоъ медиҳад.
 
 
ХБФ 45 шахсеро, ки пинҳонӣ яроқ месохтанд, боздошт кард
ТАСС. Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар 25 минтақаи кишвар ХБФ Россия 45 нафарро, ки пинҳонӣ силоҳ тайёр мекарданд, боздошт  намуда, аз онҳо беш аз 270 силоҳ, наздики 440 лавозимоти ҷангӣ ва беш аз 26,5 ҳазор тир мусодира ва фаъолияти 32 устохонаи аслиҳаи пинҳонӣ қатъ шуд. Дар ин бора маркази робита бо ҷомеаи ХБФ хабар дод. "Хадамоти федералии бехатарӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Россия ва Росгвардия фаъолияти ҷиноятии 45 сокини 25  субъекти кишварро, ки дар барқароркунии хосиятҳои ҷангии силоҳ ва фурӯши онҳо даст доштанд, саркӯб кард»,  - хабар дод маркази робита бо ҷомеаи ХБФ.
 
 
 
ИМА то 31 декабр рисолати ҷангиашро дар Ироқ ба итмом мерасонад
ТАСС. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад рисолати ҷангии худро дар Ироқ то 31 декабр ба анҷом расонад, дар ҳоле ки дастгирӣ ба неруҳои амниятии маҳаллӣ ва низомиёни курд идома хоҳад ёфт. Дар ин бора дар изҳороти муштараки ду кишвар, ки рӯзи душанбе пас аз натиҷаи муколамаи стратегӣ нашр шуд, омадааст. Ҷаласаро котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Ироқ Фуад Ҳусейн  раисӣ карданд.
"Ҳайатҳо, пас аз машваратҳои техникии ахир, тасмим гирифтанд, ки ҳамкории амниятӣ комилан тағйир хоҳад ёфт ва он ба омодасозӣ, машварат ва омӯзиши неруҳои ироқӣ, мубодилаи иттилоот равона хоҳад шуд ва то 31 декабри соли 2021 ҳеҷ як неруҳои амрикоии дар рисолати ҷангӣ ширкаткунанда дар Ироқ боқӣ нахоҳанд монд", - гуфта шудааст дар изҳорот.
 
 
 
Дар Беларус 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноятии марбут ба ифротгароӣ ва терроризм боз шудааст
ТАСС. Тайи як соли охир аз ҷониби прокуратураи Беларус беш аз 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноятии марбут ба экстремизм ва терроризм оғоз шуда, аз ин 704 парванда, аллакай, дар судҳо баррасӣ шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералӣ Андрей Швед пас аз мулоқот бо Президент Александр Лукашенко хабар дод. 
Вай тавзеҳ дод, ки онҳое, ки дар чунин ҳолатҳо даст доранд, чун қоида, ба ҷавобгарии қатъӣ кашида мешаванд. Ӯ итминон дод, ки прокуратура барои ҷустуҷӯи ҳамаи ашхоси ба ҷиноятҳои экстремистӣ дастдошта, чораҳои зарурӣ меандешад. Дар мулоқот бо Президенти кишвар Швед дар бораи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Беларус дар соли гузашта гузориш дод. "Тафтишот холисона ва комилан бетарафона ҷараён доранд", - гуфт Швед.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 878
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед