logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Беш аз 80 дарсади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва зиёда аз 70 дарсади кормандони онҳоро дар Тоҷикистон ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни як ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат гузаронда шуд, таъкид рафт.
Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати “дарҳои боз” ва тоҷиконро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтанд.
Дар ин замина, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумат қарор доштани ин соҳаи ояндадори кишвар мебошад. 
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иброз дошт, ки чун мо дар асри техникаву технология умр ба сар мебарем, ба ҷавонони дорои донишу малакаи зарурӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ ниёзи бештар дорем. Дар ин самт кумита баҳри омода намудани мутахассисони соҳа бо бештар аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ҳамкорӣ дошта, давраи таҷрибаомӯзии аксари донишҷӯён дар раёсату бахшҳои кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ мегузаранд. Ҳамзамон, бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос, огоҳ бадуни донишҷӯён аз вазъи соҳа ва маълумоти бештар пайдо намуданашон, кумита донишҷӯёнро ба курсҳои омӯзишӣ ва дар ташкилу баргузории чорабиниҳо ҷалб менамояд. 
Феълан, дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат мутахассисони ҷавони соҳаи сайёҳии кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус ба мамлакатҳои Испания, ИМА, Қатар, Россия, Юнон, Малайзия, Колумбия, Швейтсария, Фаронса, Ҷопон, Ҳиндустон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо фиристода шудаанд. 
Ба муҳлати 5 сол аз андоз аз даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳии навтаъсис боиси зиёд гардидани  шумори онҳо дар кишвар ва ба вуҷуд омадани рақобати солим дар бозори сайёҳӣ мегардад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқи руйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд, соҳибкорони ватанӣ, хоса ҷавонони соҳибкорро ҳавасманд гардонд. Танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо зиёда аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд. 
 
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 796
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед