logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Ифтитоҳи бинои мактаб-интернат дар деҳоти Анзоб
28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд. Дар деҳоти Анзоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳияи Айнӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст, дар деҳаи Анзоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернати замонавӣ, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.
Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия дар ноҳия назир надорад, дар доираи  дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гашта, дар он, асосан, аҳолии синни мактабии деҳоти Анзоб ва водии Яғноб ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Сохтмони хобгоҳи мактаб-интернат моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, аз чор ошёна иборат аст ва дорои ошхона, китобхона бо фарогирии шумораи зиёди адабиёти бадеӣ,  синфхонаҳои шоҳмоту компютерӣ, ҳунаромӯзии духтаронаю писарона, ҳуҷраҳои хоб, дарстайёркунӣ, нуқтаи тиббӣ, дарзмолкунӣ, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳоти Анзоб ва водии Яғноб мусоидат хоҳад кард. Дар онҳо духтарон ҳунари дӯзандагӣ ва писарон дуредгарию оҳангариро меомӯзанд.
Хобгоҳи мактаб-интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 барои 110 нафар пешбинӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника, пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ин ба таълими ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад. 
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаб-интернати нав, ки дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону мураббияҳо даъват шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамаи синфхонаҳои мактаб-интернат бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо, муҷаҳҳаз гардидааст.
Толори варзиш, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ мешавад, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши бориз мебозад.
Дар мактаб-интернат, ҳамчунин, буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст. Дар фасли сармо ба воситаи он тамоми иншооти мактаб-интернат бо гармӣ таъмин мешавад.
Тарбиятгирандагони мактаб-интернат ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар деҳоти Анзоб, дар баробари бунёди хобгоҳи мактаб-интернат, ҳамзамон, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 навсозӣ гардида, барои хонандагон шароити мусоиди илмомӯзӣ фароҳам омад. 
Омӯзгорон мегӯянд, ки бинои муассисаи таълимӣ ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, вақтҳои охир ҳолати ногувор дошт.
Аз соли нави хониш хонандагони муассисаи таълимӣ дар синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири илмомӯзӣ ба таҳсил шурӯъ хоҳанд кард.
Бинои таълимии мактаб чорошёна буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад ва барои 740 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун анъанаи нек, ба 20 нафар ятими деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони водии Яғноб туҳфаҳо тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол ба сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ, ҳамчунин, бинои таваллудхонаи нави маркази саломатии деҳоти Анзоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки аз ин пеш дар ин ҷо таваллудхона мавҷуд набуд ва бо дастури  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) иншооти мазкур сохта шуд. Он аз ҳуҷраҳои қабул, таваллуд, баъди таваллуд, хатна ва кории табибон иборат буда, ҳамааш бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст.
 
Боздид аз ҶДММ "Мармар" 
28 июл дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ “Мармар” шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Куҳнаи деҳоти Анзоб иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва сердаромади чорвопарварӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар манбаи истеҳсоли гӯшту пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.
Парвариши қутос дар ноҳияи Айнӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ба роҳ монда шуда, саршумори он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 ҳазору 85 сар расидааст.
Иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳия 12 хоҷагӣ ба парвариши қутос машғул буда, давоми солҳои ахир аҳолӣ низ барои рушди ин соҳаи сердаромаду камхарҷ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.
Дар асоси Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 корҳои хушзоткунии қутос ҷараён гирифта, Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Аслиддинов ва “Россия” - и ноҳияи Айнӣ пойгоҳи илмӣ-тадқиқотиро ташкил намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши саршумори қутос ва ҳифзи ҳайвоноти нодир, зиёд намудани майдони гиёҳҳои шифобахш ба масъулони хоҷагии ҷангал дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, табиати ноҳияи Айнӣ, хусусан водии Яғноб ва Фон барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши қутос, бисёр мувофиқ буда, бо ин роҳ метавон бозори дохилиро бо гӯшти парҳезӣ ва арзон таъмин кард.
 Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорони ҶДММ “Мармар” маълум гардид, ки соли равон дар мавзеи Шаббодаи деҳаи Анзоб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муртазо Қосимов ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд ёфт. Масоҳати умумии ҳавзҳо 0,35 гектар буда, айни замон дар онҳо зиёда аз 5 ҳазор гулмоҳӣ, амури сафед ва амури пешониғафс парвариш мешаванд, ки ба таъкиди хоҷагидорон амалӣ намудани ин иқдом дар рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти парҳезӣ мусоидат менамояд.
Соҳибкорон нақша доранд, ки оянда дар ин ҷо боз даҳ ҳавзи дигар бунёд намуда, парвариши моҳиро ба 10 ҳазор расонанд.
Дар ин мавзеи хушобу ҳавои деҳаи Анзоб бунёди коргоҳи бандубасти моҳӣ низ дар назар аст, ки ин омил боиси бо ҷои кор таъмин шудани сокинони маҳаллӣ ва афзоиши маҳсулоти ватанӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки то бунёди ҳавзҳо хоҷагидорон дар қитъаҳои алоҳида дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа парвариши дигар намуди моҳиро ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, дар рушди ин бахши сердаромад саҳми назаррас мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бо ин роҳ метавон дар ин минтақа саёҳати экологиро густариш бахшид, зеро ҳамасола ба ин мавзеъ сайёҳони зиёди хориҷию дохилӣ меоянд.
Хоҷагидорони ҶДММ “Мармар” дар мавзеи Шаббода, ҳамчунин, ба хотири таъмини бозори дохилӣ бо асали хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариши занбӯрро ба роҳ монда, дар майдони 50 садяк замин боғи себ низ бунёд кардаанд.
Аснои шиносоӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зикр гардид, ки шуғли асосии сокинони деҳоти Анзоб боғдорию чорвопарварӣ буда, саҳми онҳо дар фаровонии бозор назаррас аст.
Дар ин ҷо маҳсулоти гуногун, аз қабили шир, ҷурғот, қаймоқ, равғани зард, саршир, қурут, нонҳои хурду калон ва меваҳои шаҳдбор ба намоиш гузошта шуданд, ки дастранҷи сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат мебошад.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2021    №: 149    Мутолиа карданд: 3261
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед