logo

иҷтимоиёт

СУЛТОН БЕКМУРОДЗОДА: «ДАР ДАСТРАСИИ СОКИНОН БА НИҚОБ ВА ДОРУВОРӢ МУШКИЛ ВУҶУД НАДОРАД»

Бемории сироятии COVID - 19 тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. Ба он миллионҳо нафар гирифтор шудаву ҷон бохта истодаанд. Хушбахтона, зидди он ваксина низ ихтироъ гардида, дастраси омма гардид. Кишвари мо ҳам аз он бархӯрдор мебошад. То ҳол қисми зиёди аҳолии кишварамон ваксина гузарондаанд. Ҳоло ки марҳилаи дуюми он Тоҷикистонро фаро гирифтааст (дар дигар кишварҳо марҳилаҳои сеюму чорум ва панҷум идома дорад) боварӣ ҳаст, ки мақомоти дахлдор барои мубориза бо он ҳаматарафа омодаанд. 
Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар робита бо ин масъала бо мо гуфт, ки албатта, ин як ҳолати ташвишовар буд ва барои пешгирию мубориза бо он талош намудему мушкилоти ҷойдошта зуд бартараф гардид. Барои дигарбора мушкил эҷод нашудан ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар бояд аҳлона амал намоянд. 
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз баъзе моҷароҷӯён ҳадс зада хабарҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё нархи маҳсулоти аввалияи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва, дар баробари он, арзиши доруворӣ, махсусан ниқобҳои тиббӣ дар чанд рӯзи оянда дар кишвари мо боло мераваду камёб мегарданд. Ин дар ҳолест, ки дар масъалаи дастрасии сокинон ба ниқоб ва маҳсулоти антисептикӣ дар ҷумҳурӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Зеро роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ - дӯзандагӣ ҷиҳати омода намудани ниқобҳои тиббӣ вохӯриҳо гузарондаанд. Онҳо уҳдадор шуданд, ки ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул шуда, онро бо сифати баланд ва нархи арзон дастраси сокинон менамоянд.  Инчунин, ширкатҳои ба истеҳсоли доруворӣ машғулбуда ва воридкунандагони он бо ҳисси масъулият, номгӯи доруҳои муҳимро ба миқдори кофӣ ворид карда, дар анборҳо захира намудаанд. Дар ин самт ягон мушкилӣ пеш нахоҳад омад, - гуфт С. Бекмуродзода.
Воқеан ҳам, мушоҳида мешавад, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ мушкилие вуҷуд надорад. Мусоҳиби мо низ дар ин самт ибрози назар карда, гуфт, ки хушбахтона сарҳадот кушодаанд ва воридоту содирот бе мушкилӣ сурат мегирад. Айни замон захираи дорувории кишвар барои талаботи яку ним ду сол басанда аст. Ин ба маъноест, ки дар ҷумҳурӣ захираи зарурии маводи доруворӣ мавҷуд аст. Ногуфта намонад, ки имрӯз дар тамоми дорухонаҳои кишвар  ҳамаи намуди маҳсулот бо нархи дастрас таъмин аст. Бояд гуфт, ки хабари боло рафтани нархи ниқобҳои тиббӣ ва дигар анвои доруворӣ нодуруст аст. Агар рӯзҳои аввали пандемияро ба хотир орем, он вақтҳо камчинии доруворӣ дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ мавҷуд буд ва боло рафтани нархҳо дар он ҷойҳо ҳам мушоҳида мешуд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар тамоми дорухонаҳои кишвар, ҳамчунин, анборҳои ширкатҳои воридкунанда ба таври кофӣ ниқобҳои тиббӣ ва дигар намуди доруворӣ мавҷуданд. Дар сурати зарурӣ ворид кардани ин мавод ба кишвар низ ягон мушкилӣ надорад. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба суханҳои ғаразноки баъзе касон дода нашуда, ба таҳлука ҳам наафтанд, то бозори ҳаннотони мардумфиребро гарм накунанд.
- Минбаъд низ аз ҷониби хадамот дар робита ба камбуд ва боло нарафтани нархи доруворӣ чораҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар робита ба ин, бо намояндагони ширкатҳои фармасевтӣ ва дорухонаҳо вохӯриҳо гузаронда, фаҳмонда шуд, ки нархи доруро беасос баланд набардоранд ва ба ҳаннотон доруҳои заруриро нафурӯшанд. Имрӯз ширкатҳои фармасевтӣ бемамоният, ба воридоти дорую дармон идома дода истодаанд. Дорухонаҳои чаканафурӯшӣ низ фаъолияти бонизом доранд. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвар аз норасоии дору набояд ба таҳлука афтанд, - илова кард С. Бекмуродзода.
Таҷрибаи ду соли охир нишон дод, ки бидуни муборизаи дастаҷамъона ба натиҷаи дилхоҳ расидан мушкил аст.  
Пас аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 майи соли гузашта бо намояндагони соҳаи тандурустӣ баъзе аз дорухонаҳои фаъол ба реҷаи шабонарӯзӣ гузаронда шуданд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2021    №: 149    Мутолиа карданд: 1232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед