logo

Хабарҳо

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

 
Қалъаи Ямчун ё худ Қаҳқаҳаи водии Вахони ноҳияи Ишкошим таъмир ва барқарор мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст. Тибқи иттилои сомона, бо ин мақсад Маркази тадбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳоти назди Вазорати молияи кишвар ва Бонки ҷаҳонӣ 5 миллион доллар ҷудо намудаанд.
Қалъаи Ямчун мероси асрҳои II-III пеш аз милод буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ онро пешиниёни сулолаи Кӯшониён аз Бадахшони шарқӣ, ки дар шимоли Покистон сукунат доштанд, бунёд намудаанд. Қалъа то имрӯз таъмир нагардида бошад ҳам, азаматашро ҳанӯз аз даст надодааст ва ҳамасола аз ин мавзеи таърихӣ сайёҳони зиёд дидан мекунанд. Ҳоло барои таҷдиду барқарор намудани он бостоншиносон ҳуҷҷат ва санадҳои лозимиро омода намуда истодаанд. 
 
 
ХУРУҶИ НАВЪИ НАВИ  КОРОНАВИРУСИ ШТАММИ “ДЕЛТА”
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Вируси мутатсияшуда - штамми «Делта», ки бори аввал моҳи октябри соли 2020 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд, ҳоло дар 92 кишвари олам паҳн гардидааст, - иттилоъ медиҳад сомонаи «ОsiyoAvrupo».
- Штамми «Делта» қаблан намуди «ҳиндӣ» - и вирус номида мешуд. Олимони вирусшинос изҳор медоранд, ки мутатсия бо номи  K417N метавонад фаъолияти потанро (антитела) коҳиш диҳад. Ин маънои онро дорад, ки вирус аз навъи пештара дида хатарноктар аст ва он хеле зуд паҳн мегардад, - омадааст дар сомона.
Олимон бар он андешаанд, ки агар  сарҳади даҳон ва биниро бибандем, дастҳоро  бишӯем, фосилаи на камтар аз яку ним метрро риоя намоем, ҳавои хонаро  зуд - зуд иваз сохта, ду маротиба ваксина бигирем,  метавон бар ин душмани қотил пирӯз шуд.
 
 
БОЗЁФТИ ПОРАИ ҚАДИМТАРИН МЕТЕОРИТ
Олимон муайян намуданд, ки пораи санги начандон калони ёфтшуда аз саҳрои шаҳристони  Глестершир дар ғарби Англия на санги муқаррарӣ, балки метеорити қадима мебошад. Маълум гардид, ки метеорит 4, 6 миллиардсола аст. Ба ин хотир, олимон ба хулосае омаданд, ки он қадимтарин метеорити ёфтшуда дар рӯи замин мебошад. Дар ин бора “РИА Новости” иттилоъ додааст.
 Пораи санги начандон калонро, ки ба ангишт шабоҳат дорад, Дерек Робсон, корманди Созмони тадқиқоти асторофизикии Англия пайдо намудааст. Ба пиндори олимон пора ба ҳангоми ташаккули сайёраҳои Системаи офтобӣ ба Замин уфтодааст. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед