logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ХАТЛОН
Уҳдадориҳои ҷашнӣ дар арафаи анҷомёбианд
 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки баҳри истиқболи сазовори Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то 1 июли соли ҷорӣ 7261 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифта, корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза доранд.
Тавре зикр гашт, тайи шаш моҳи соли равон  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 191, 4 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 391,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра корхонаҳои саноатии вилоят 11 295,5 тонна гӯшт, 3 284,3 тонна гӯшти мурғ, 524,4 тонна маҳсулоти ширӣ, 7434,2 тонна равғани рустанӣ, 2661 ҳазор қуттии шартии консерва, коркарди 4 022  тонна намаки ош, 52 554,2 тонна маҳсулоти ордӣ, 797,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1 494,3 тонна битум, 342 тонна асфалт, 1733,4 тонна гаҷ, 5146,6 ҳазор дона хишт, 169 356,0 метр лӯлаи пластикӣ истеҳсол шуд. Корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 227 гектар боғ ва 2,6 гектар ток бунёд карданд. Ҳамзамон, 322,5 гектар боғ ва 65,9 гектар токзори куҳна барқарор гардид. 
Ба хориҷи кишвар 876 72,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 84 034,1 тонна пиёз, 288,7 тонна полизӣ, 2 717,6 тонна мева ва лиму, 0,4 тонна ангур ва 494,8 тонна дигар намуди маҳсулот содирот шуд.
Вобаста ба соҳаи сайёҳӣ Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 201 ҳазору 769 сайёҳи дохиливу хориҷӣ ташриф овард.  Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар вилоят 85 иншооти сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар охир раиси вилоят барои саҳми арзанда дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳо, ҳамкориҳои пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 25 нафар собиқадори матбуот, хабарнигорони рӯзномаҳо ва радиову телевизион сипоснома, мукофоти пулӣ ва роҳхат ба истироҳатгоҳу осоишгоҳ тақдим намуда, онҳоро бо ҳамкориҳои аз ин ҳам бештару самаровар даъват намуд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 
 
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Аз раёсатҳои муваффақона то робитаҳои нави дипломатӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал тавонист дар самти ҳамкории ин созмонҳо бо Созмони Милали Муттаҳид масири тозаи муносиботро боз намояд. Аз ҷумла, ҳайати Тоҷикистон дар СММ муваффақ шуд, ки қатъномаҳои марбут ба ҳамкории СММ бо созмонҳои мазкур дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул шаванд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ ба ин нукта ишора намуда, сиёсати хориҷии мамлакатро дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ муваффақонаву чашмрас донист. Зимнан, таъкид шуд, ки дар ин давра ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайгирона густариш ёфтанд. 
Вазири корҳои хориҷӣ бо таваҷҷуҳ ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли ҷорӣ аз таъсиси он 20 сол пур мешавад, афзуд, ки то ҳол дар чорчӯби СҲШ таҳти раёсати кишвари мо 56 ҷаласаи гуногунсатҳи мақомоти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин миён, ҷалсаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви созмон, ки 13 - 14 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз ҷумлаи чорабинии калидӣ дар самти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарварони кишварҳои аъзои СҲШ арзёбӣ шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Тринидад ва Тобаго робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, ба ин тартиб то 1 июли соли 2021 шумораи кишварҳое, ки бо мо робитаҳои дипломатӣ доранд, ба 179 расид.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН,  «Ҷумҳурият»    
 
 
 
АМИТ
- Имсол олимиони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ихтирооташон соҳиби 11 нахуспатент ва 6 хулосаи мусбат оид ба гирифтани патент шуданд. Аммо, мушкили ҷиддӣ ин аст, ки ин дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёти кишвар хеле кам татбиқ мегарданд, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ, президенти академия, дар нишасти матбуотӣ.
- АМИТ нақша дорад, ки озмоишгоҳи ҷумҳуриявии вирусологӣ ва бактериялогӣ таъсис диҳад. Кор дар ин самт оғоз гардида, барои муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳ аз хориҷи кишвар ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор евро таҷҳизоти грантӣ бояд ворид гардад. Баъзе лавозимоти зарурӣ, аллакай, дохил гардидаанд. Қисми дигар марҳила ба марҳила ворид хоҳад шуд. Дар озмоишгоҳ таҳқиқот, омӯзиш ва омода кардани кадрҳои илмӣ роҳандозӣ мешавад, - афзуд Ф. Раҳимӣ. 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
Парвозҳои байналмилалӣ барқарор шуданд
Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия парвозҳои мунтазам, ки аз таъсири авҷи дубораи коронавирус муваққатан маҳдуд шуда буданд, барқарор гардиданд. Барои анҷоми парвозҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ масъалаи дастрасии мусофирон ба чиптаи арзону саривақтӣ ҳалли худро ёфт. Дар ин бора Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ, агентии бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои истифода аз нақлиёти ҳавоӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба чипта аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дархост намуд, ки нархи чиптаро ба самтҳои гуногуни Россия арзон кунанд. Алҳол масъала ҳалли худро ёфта, парвозҳо ба самти Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо бемамоният анҷом дода мешаванд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 
 
 
Се ҷилди китоби «Мактаби давлатдории 
Эмомалӣ Раҳмон» рӯи чоп омад
 
Соли равон дар Академияи идоракунии давлатӣ дар асоси розигии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Ин нуктаро Абдухалил Ғафурзода, ректори академия, дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ироа намуд.
- Барои ба роҳ мондани фаъолияти самаранок, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои дар назди худгузошта, нақшаи фаъолияти марказ барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва тасдиқ гардид, ки он фаъолиятро дар самтҳои ташкилӣ - ҳуқуқӣ, инкишофи дипломатияи мардумӣ, фарҳанг, маориф ва илм, иттилоотию таблиғотӣ ва байналмилалӣ муайян менамояд. Дар доираи нақша - чорабиниҳо як қатор корҳо ба сомон расиданд, назири мизҳои мудаввар, чорабиниҳо ва ҳамкориҳо бо ҳамтоҳои худ, - гуфт А. Ғафурзода.
Инчунин, зикр шуд, ки дар академия маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис ёфт, ки вобаста ба марҳилаҳо, шароити сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, шаклу мазмун ва арзиши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқот мебарад. Ҳамзамон, китоби сеҷилдаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ҳар кадоме бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баромад. Нашри ҷилдҳои чоруму панҷум дар нақша аст.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
Таъмини боз 21 ҳазор сокини деҳот бо оби нӯшоӣ
 
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сайфиддин Раҳимзода, муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», хабар дод. 
Ба итттилои номбурда, дар ин давра корхона дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 98 миллиону 476 ҳазор сомонӣ хизматҳои коммуналӣ расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 дарсадро ташкил медиҳад. 
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини оби нӯшоии аҳолии деҳот корҳои назарраси сохтмонию барқарорсозии иншоотҳо роҳандозӣ шуданд. Сохтмон ва барқарорсозии иншооти обрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, хатҳои оби нӯшоӣ дар деҳоти Боғпарвар ва Офтобрӯяи ноҳияи Данғара ба анҷом расида, иншооти мазкур бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, баъди ифтитоҳи дастгоҳҳои обрасонӣ наздики 21 ҳазор аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед