logo

Хабарҳо

Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 - 5 август бо сафари давлатӣ ба Туркманистон мераванд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
«Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки ин сафари таърихӣ хоҳад буд», - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Гуфта шуд, ки 28 - 29 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.
 
 
Миёни МОИ «Кӯлоб» ва «Тирмиз» санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Миёни минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб»  ва «Тирмиз» ёддошти тафоҳум ба имзо расонда шуд. 
Санади мазкур, ки барои тақвияти ҳамкорӣ миёни  ин ду минтақаи иқтисодӣ, ҷалби сармояи дохилӣ  ва татбиқи  лоиҳаҳои афзалиятноки  муштарак заминаи устувор мегузорад, дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  ба имзо расонда шуд.
 
 
Пеши роҳи гармшавии ҳаворо бояд гирифт!
Дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (КОМТИ - 2021) бинобар пандемия дар шаклҳои онлайн ва офлайн  баргузор гардид. Дар он роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҷавонон оид ба амалҳои иқлимӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бонкҳои байналмилалии рушд ширкат варзиданд.
Мавзӯи конфронс ҳамгироии талошҳои кишварҳои минтақа барои пешгирӣ аз болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аз 1,5°C мебошад.
Гуфта шуд, ки бо партофтани партовҳо ба ҳавои атмосфера вазъи иқлим ногувор мешавад.  Гузариш ба нақлиёти барқӣ ва манбаъҳои энергияи тоза ба ҳалли мушкилот мусоидат хоҳад кард.
 
 
Медали хонандаи тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Хонандаи синфи 11 - и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Шамс Давлятбеков дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO - 2021), ки ба таври онлайн доир шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Олимпиада 19 - 24 июл дар шаҳри Лиссабони Португалия бо иштироки 304 нафар аз 76 давлати дунё доир шуд. Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро 4 нафар намояндагӣ намуданд.
Ин дуюмин медали Шамс Давлятбеков аз олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Соли гузашта низ номбурда дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология, ки дар Ҷопон баргузор гашт, соҳиби медали биринҷӣ гашта буд.
 
 
COVID - 19. Барои табобати беморон 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшира ҷалб гардидаанд
Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 88 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 78 нафар пас аз муолиҷа солим аз беморхонаҳо рухсат шуд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 27 июл дар кишвар 14761 нафар гирифтори коронавируси нав сабт шуд, аз ин то санаи зикргардида 14245 нафар (96,5%) шифо ёфт. 
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои табобати гирифторони COVID - 19 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат ҷалб гардидаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 887
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед