logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бинои нави МТМУ № 15 дар деҳаи Зеробод қомат афрохт
28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайёсозии шароити беҳтари таълиму тарбия барои насли наврасу ҷавон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Иншооти хуштарҳу муосири таълимӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаб аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии химия, физика, математика, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон ва ёрирасон иборат аст.
Китобхонаи муассиса, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб таъсис ёфтааст, дорои 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни бадеию фаннӣ мебошад. Ҳамзамон, барои хонандагон ҳуҷраи алоҳидаи мутолиа бо шароити муосир ташкил гардидааст.
Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2016 оғоз ёфта, корҳои бунёдӣ ва паймонкорӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикэлитсохтмон” бо сифати баланди меъморӣ ва дар асоси меъёрҳои мавҷуда ба анҷом расонда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро бо истифода аз имконоти мавҷуда ба омӯзиши хуби барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар солҳои 2020-2040 ҳидоят намуданд.
Омӯзгорону хонандагон бунёди бинои нави муассисаи таълимиро аз ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари маорифпарвари мамлакат дар соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози миллат арзёбӣ намуданд.
Дар мактаб зиёда аз 50 омӯзгори соҳибкасбу соҳибтаҷриба ба насли наврасу ҷавон дониш меомӯзад.
Ифтитоҳи бинои зебою замонавӣ бо шароити беҳтарини таълиму тарбия боиси хушнудӣ ва сипосгузории кулли мардуми деҳаи Зеробод гардид, зеро муассисаи қаблии деҳаи мазкур ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муосири таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ муосиртарин имкони таълиму тарбия фароҳам омад. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш толори муосири варзишӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шуда, барои баргузории бозиҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш шароити хуб мавҷуд мебошад.
Хонандагон ва сокинони деҳаи Зеробод акнун имкон доранд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар толори варзиши муассиса ба обутоби бадан машғул шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд.
Муассиса дорои ошхона бо беш аз 140 ҷой буда, барои ҳунаромӯзии духтарон имкон фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таълимӣ бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин буда, имкони пурраи ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар синфхонаҳои гарм дар фасли зимистон мавҷуд аст. Дар ин даргоҳи маърифат синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон ба таври алоҳидагӣ таъсис дода шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ доир намуда, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ арзёбӣ карданд.
Масоҳати иншоот наздики 1 гектарро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сабзкорӣ ва чароғон гардидааст.
Дар ноҳияи Айнӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 бинои нави таълимӣ бо муосиртарин шароити таълиму тарбия сохта ба истифода дода шуда, раванди донишомӯзии хонандагон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Айнӣ 66 муассиса фаъолият менамояд, ки 55 ададаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11-тои дигар муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ мебошанд.
Дар таълимгоҳҳои ҳудуди ноҳия 18791 хонанда, аз ҷумла 9379 духтар ба таълим фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили  гузашта  289  хонанда зиёд  мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айниро ба ҳамаи омӯзгорону хонандагон туҳфаи арзишманд дар соли Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карда, масъулонро барои тарбияи хуби насли ояндасози миллат бо истифодаи пурра аз шароити арзанда дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.
 
 
Ба истифода додани корхонаи парандапарварии “Мурғи Султон” дар ноҳияи Айнӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хушекати  ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии “Мурғи Султон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Айни замон дар корхона 16 ҳазору 250 сар мурғи олмонӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи дурнамо дар як моҳ истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм ба нақша гирифта шудааст.
Дар корхона шурӯъ аз назорати ҳарорати ҳаво то ҷамъоварии тухму таъмини хӯроки паранда ба таври автоматӣ тавассути муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки аз Олмон дастрас карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
Технологияи муосири соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити созгор имконият медиҳанд, ки мурғҳо дар 120 - рӯзагӣ ба тухмкунӣ оғоз намоянд.
Дар корхона 16 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
Корхонаи парандапарварии “Мурғи Султон” бо истифода аз имтиёзҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шароф Султон бунёд ёфт.
Аснои ба истифода супурдани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи дуюм барои парвариши 50 ҳазор сар мурғ ва таъсиси 45 ҷойи нави корӣ корхона бунёд карда мешавад.
Ҳамзамон, бунёди даҳ ҳавзи моҳипарварӣ дар шафати корхона дар назар аст, ки дар онҳо то 60 ҳазор моҳиҳои сазан, гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ парвариш меёбанд ва барои 15 нафар ҷойи кор фароҳам оварда мешавад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва дастгириву амалисозии имтиёзҳо ба рушди бахши хусусӣ замина гузошт. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуда, бо ин васила сокинони маҳаллӣ низ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Мувофиқи дурнамо баъди татбиқи пурраи лоиҳа корхона имкон пайдо мекунад, ки дар баробари ноҳияи Айнӣ, ҳамзамон, дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бо маҳсулоти парҳезии худӣ таъмин созад.
Дар баробари дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ҳамзамон, роҳу усулҳои муосири парвариш ба роҳ монда шудааст, ки имкон медиҳанд маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи навбунёд бо маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир гардад.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхонаи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи парандаву моҳипарварӣ шароити заруриро фароҳам овардааст, дар ин росто танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонанд дар самти ба даст омадани муваффақиятҳои баланд замина гузоранд.
 
 
Бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша - чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури шумораи зиёди сокинон яке аз рамзҳои давлатдорӣ - Парчами миллиро барафрохтанд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар аст.
Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин, гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ - фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.
Майдони мазкур пурра сафолакпӯш ва атрофи он бо гулу ниҳолҳои ороишӣ сабзу хуррам гардида, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудаанд. Масоҳати сабзазоршудаи атрофи иншооти навбунёд 850 метр ва сафолакпӯшгардида 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иншоотро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мутахассисони маҳаллӣ бунёд намудаанд. Дар ду тарафи Парчам фаввораҳои рангоранги диққатҷалбкунанда сохта шудаанд.
Майдони Парчами давлатиро дар шафати роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшон-сохтмон” бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд намудааст.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Нишони давлатӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи он гулчанбар гузоштанд.
Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ низ 1600 метри мураббаъ буда, он ҳам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби сохтмончиёни ботаҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшон-сохтмон” бо тарҳи ҷадид, аз рӯи меъмории миллӣ омехта бо замони муосир ва бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, ҷавобгӯ ба стандарт бунёд карда шудааст.
Баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад. Дар иншоот матни Суруди Миллиро зебо ҳаккокӣ намудаанд, ки ин омил дар бедор сохтани худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.
Атрофи Нишони давлатӣ дар масоҳати 1100 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 400 метри мураббаъ гулкорӣ гардида, нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудаанд. Дар ин мавзеъ низ як фаввораи зебо бунёд намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи бунёд намудани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро низ аз таъмир бароварда, намои берунаи онро зебо оро додаанд. Назди бинои мазкурро ду фаввораи замонавӣ ва гулу ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ҳусни тоза мебахшанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  партавафшонии Парчами давлатӣ ва баланд бардошта шудани Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Айнӣ баробари таъмин намудани зебоии мавзеъ, ҳамчунин, дар бедор гардидани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, аз ҷумла наврасону ҷавонон муҳим шумурданд.
Дар умум, дар назди Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 30 чароғ дар сутунпояҳои баландиашон гуногун гузошта шудааст, ки шабона зебоии маркази ноҳияро таъмин менамояд.
 
 
Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” фаъол шуд
28 июл дар маркази ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои куҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида ба хотири истиқбол аз Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Иншооти дуошёна, ки дар масоҳати 750 метри мураббаъ доман паҳн мекунад, таъмиру навсозӣ шуда, дар он коргоҳҳои дӯзандагию атласу адрасбофӣ, кошонаи ҳусн, толори арӯсӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзиро ташкил намудаанд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии “Кӯҳсор” бо дархости сокинони маҳаллӣ ва бо назардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин бунёд гашт.
Коргоҳи дӯзандагӣ дорои 30 дастгоҳи замонавии истеҳсоли Япония ва Чин буда, коргарон бо истифода аз онҳо метавонанд либосҳои ягонаи мактабӣ, корӣ, гуногуни мардонаву занона, арӯсӣ, ҷиҳози матоъгии хона ва ғайраро омода намоянд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки коргоҳ, аллакай, бо якчанд муассисаи таълимӣ ва корхонаву ташкилоти ноҳиявӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва коргарон ба иҷрои фармоиш оғоз мекунанд. Ба коргоҳ 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омӯзишии дӯзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардиданд. Ба ғайр аз ин, соҳибкор бо 10 бонуи дигари дорои таҷрибаи ғании дӯхтани ҷиҳози матоъгӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва онҳо бо гирифтани маоши хуб дар хона фармоиши коргоҳро иҷро менамоянд.
Дар коргоҳи атласу адрасбофӣ дастгоҳҳои махсус насб шуда, дар он дар як рӯз то 100 метр атласу адрас омода мешавад. Занону духтарон иброз медоранд, ки ҳарчанд бофтани атласу адрас нозукиҳои зиёд дорад, онҳо бо дастгирии Гулчеҳра Ҳасанова ин касби аҷдодиро ба хубӣ аз худ кардаанд. Дар ин коргоҳ низ атласу адрас дар асоси фармоиш омода гашта, дар дукону мағозаҳои алоҳида барои сайёҳону меҳмонон ва дигар завқмандон пешниҳод мешавад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла пухтупаз, омӯзиши компютер ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат, ташкил шудааст.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Соҳибкор нақша дорад, ки дар оянда филиалҳои коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро дар дигар деҳоти ноҳияи Айнӣ ташкил намуда, занону духтарони хонашинро бо кори доимӣ таъмин созад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ ва таъмини бонувони хонашин бо кори доимӣ ва маоши хуб изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин, қобили дастгирӣ ва туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд. 
 
 
Фермаи чорвопарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт 
28 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре маълум гардид, фермаи мазкур ба хотири истеҳсоли гӯшти хушсифат ва таъмини фаровонии ин нави маҳсулот дар бозорҳо таъсис ёфта, асосан, барои парвариши чорвои калон нигаронда шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ферма говҳои зоти “Сементал”, ки аз Федератсияи Россия ворид гардиданд, нигоҳубин мешаванд. Ин зоти гов барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории пешакӣ, он метавонад то 1300 килограмм вазн гирад. Барои парвариш ва нигоҳубини дурусти чорво дар ин ҷо тамоми шароити мусоид фароҳам аст. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол фермаи мазкур иқтидор дорад то 40 тонна гӯшти хушсифатро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш барорад. Маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ ба аҳолӣ пешниҳод мешавад.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Қозиев ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти худӣ бунёд ёфта, 20 нафар сокини ноҳия соҳиби кор гардид.
Ҷиҳати таъмини чорво бо хӯрок, хусусан дар сардиҳо, дар ферма 40 тонна кунҷора ва 5 ҳазор бастаи алаф захира шуд.
Ҳамчунин, соҳибкор дар саҳни фермаи нав дар 10 садяк замин гармхона сохт, ки маҳсулоти он низ ба бозор бароварда мешавад. Дар ин қитъаи замин бо тавсияи олимони соҳа, асосан, бодирингу помидор парвариш меёбанд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин фермаҳои гӯштиро дар вазъияти феълӣ муҳим арзёбӣ карда, барои нигоҳубини дурусти чорво ба кормандони он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо намоиши чорво, ки дар хоҷагиҳои ноҳияи Айнӣ парвариш мешаванд, баргузор  шуд.  Аҳли заҳмат, асосан, зотҳои гуногуни гов, қутос ва аспро ба намоиш гузошта, аз густариш ёфтани бахши мазкур дар ноҳия иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки айни замон саршумори чорвои калон дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳия 33 ҳазору 371 сарро ташкил медиҳад ва ин рақам ҳамасола зиёд мегардад. Дар баробари ин, кишоварзон ва хоҷагидорон 134 ҳазору 422 сар моли майдаро нигоҳубин ва парвариш намуда, ба ин васила, дар афзоиши истеҳоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ ҳисса мегузоранд.
Тавре гуфта шуд, иқлим ва обу ҳавои мавзеъҳои гуногуни ноҳия барои парвариши қутос мусоид буда, саршумори ин навъи чорво дар ноҳияи Айнӣ ба 1085 сар расид.
Зимни суҳбати самимӣ, чорвопарварони ноҳия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид, қабули барномаҳои саривақтии соҳавӣ ва дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаашон ба густариши бахши чорвопарварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ҳамеша кӯшиш менамоянд дар таъмини аҳолӣ бо гӯшту шири аълосифат ва афзоиши саршумори чорвои калону майда саҳм гузоранд.
 
 
Варзишгоҳи марказӣ - туҳфаи ҷашнӣ
Дирӯз дар  идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карданд.
Маҷмааи варзиш бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд ёфт. Варзишгоҳ дорои 6 ҳазор ҷои нишаст буда, аз 7 минбари нишастгоҳ иборат мебошад.
Баландии минбари асосӣ ё худ ҷои нишасти меҳмонони олиқадр қариб 12 метр буда, ҳангоми бунёд таваҷҷуҳи асосии фармоишгар ва пудратчии иншоот – идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва ҶДММ “ПМК – 278” ба сифати корҳои сохтмонӣ равона гашт. 
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон ҳашт ҳуҷраи либосивазкунӣ, шонздаҳ нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзиш ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудаанд.
Дар маҷмааи варзиш барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам мебошад. Таъкид гардид, ки минбаъд бо баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро боло мебардоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи марказиро барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва, умуман, водии Зарафшон муҳим арзёбӣ карда, дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маънидод намуданд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои як қатор иншооти таъйиноти гуногун, ки дар шафати варзишгоҳ дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Айнӣ аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд бунёд мегарданд, муаррифӣ шуданд.
Иттилоъ доданд, ки ҷиҳати дастрасии хонандагон ба таҳсили замонавӣ бунёди мактаб барои хонандагони болаёқат бо 400 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 250 ҷой, маҷлисгоҳ бо 300 ҷой, ошхона барои 350 нафар, толори варзиш ва майдончаҳо барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол ва муассисаи томактабӣ дар назар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани боз як гӯшаи диёр баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулонро ба сифати корҳои сохтмонӣ ҷалб карданд.
 
 
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ
Дирӯз баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёд бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, варзишгарон, омӯзгорон ва собиқадорон баромад карданд. Онҳо ба Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2021    №: 150    Мутолиа карданд: 2982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед