logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН – СУРХОНДАРЁ. ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...

Намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати раисони баъзе шаҳру навоҳӣ, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони муваффақи вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд. 
Меҳмонон нахуст аз Минтақаи озоди иқтисодии "Тирмиз", Минтақаи озоди тиҷоратии "Маркази байналмилалии тиҷоратии Тирмиз" ва Маркази байналмилалии логистикии "Тирмиз Карго Сентр" дидан намуданд. Мақсад аз ин, шиносоӣ бо дастоварду комёбиҳои мутахассисони ӯзбек арзёбӣ гардид. 
Мавриди зикр аст, ки миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамзамон, 15 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо 15 шаҳру ноҳияи вилояти Сурхондарё мақоми бародаршаҳрӣ гирифтаанд. Ин аст, ки тайи чанд соли ахир ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ тавсеаву густариш меёбанд. Мушаххасан, ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум сӣ маротиба афзуд.
Дар рӯзи дуюми сафар дар шаҳри Тирмиз форуми соҳибкорони вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон баргузор гардид, ки дар он ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ду вилояти ҳамсоя ширкат доштанд. 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар бораи дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамгироии захираҳо ва имкониятҳои технологии истеҳсолкунандагони ду минтақа муфассал сухан ронд. Таъкид шуд, ки ин чорабинӣ барои дастгирии соҳибкорон дар минтақаҳо, таҳкими ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва роҳандозии ташаббусҳои барои ҳар ду ҷониб муфид натиҷаи мусбат хоҳад дод.
Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки ба шарофати сиёсати созандаи сарварони ду  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи чандинасраи халқҳои тоҷику ӯзбек дар марҳилаи нав густариш меёбанд. Ҳоло дар вилояти Сурхондарё 25 корхона бо саҳми соҳибкорони тоҷик фаъолият мекунад. Онҳо барои татбиқи 14 лоиҳа давоми солҳои 2019 – 2020 10,1 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардаанд. Солҳои 2021 – 2022 бошад, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар Сурхондарё барои татбиқи чор лоиҳа 24 миллион доллар ҷудо хоҳанд кард. Соли гузашта гардиши савдои Сурхондарё бо Тоҷикистон 21,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ҳокими Сурхондарё Тӯра Боболов иттилоъ дод, ки дар вилоят панҷ маркази миллию фарҳангии тоҷикон мавҷуд аст. Дар 80 мактаби миёна насли наврас ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд. Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои мактабҳои тоҷикзабон оғоз кардааст.
Дар идомаи форуми тиҷоратӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла, вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, муаррифӣ шуданд. Муовини раиси вилояти Сурхондарё Анвар Арипов ва муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода иштирокчиёни форумро бо иқтидори сармоягузорӣ, содиротӣ, сайёҳӣ ва имкониятҳои минтақаҳо ошно карданд. 
Дар доираи форум раисони вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои озоди иқтсодӣ, донишгоҳҳои давлатӣ ва палатаҳои савдои ду вилоят дар бораи тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонданд. Аз ҷумла, дар ёддошти тафоҳум миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ҳокимияти шаҳри Тирмиз оид ба равнақи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, кишоварзӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба соҳаи сайёҳӣ, истифода аз туризми табобатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дарҷ ёфтааст.
Дар поёни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва дигар дастандаркорон барои мизбонии сатҳи олӣ сипоси амиқ иброз карда, онҳоро даъват кард, ки моҳи августи соли ҷорӣ бо чунин сафар ба вилояти Хатлон оянд. 
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”,
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2021    №: 150    Мутолиа карданд: 562
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед