logo

иҷтимоиёт

ФИДОӢ. АЗ РӮЗГОРИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

 
Халқи тоҷик дар тӯли мавҷудияташ ҳазорон фарзандони фидоӣ, ҷасуру қаҳрамон, худшиносу худогоҳ ва маъруфу машҳури худро ба дунё оварда, ба камол расондааст. Яке аз чунин афрод, фидоии миллат, ҷоннисори халқ, марди ҷасуру далер, ходими сиёсию ҷамъиятӣ, инсони фозилу нексиришт Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба шумор меравад. Ин марди бузург саргузашти тахл, вале ибратбахш дошта, баҳри халқу миллати тоҷик  хидматҳои арзишманду бебаҳоеро ба сомон расондааст.
 
Ба дунё омадан дар деҳаи Поршневи Шуғнонзамини ВМКБ-и имрӯза, таҳсили ибтидоӣ гирифтан дар зодгоҳ, ятиму бепарастор мондан, бори гарони ятимӣ ба дӯш доштан, таъмини хонавода дар 13-солагӣ, дӯстӣ бо ҳарбиёни рус, чашидани шаҳди мардикориҳо дур аз диёр, бо тавсияву маслиҳати дӯсташ Апполон Петрович ба мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Тошкент дохил шудану хатми ин таълимгоҳи махсуси замон,  ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон дар бобати  ҷамъоварию таъмини озуқа дар шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд, волости Дилварзин ва тақсимоти озуқаворӣ дар Поволжеи Россия, ҳамроҳии Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба Помир омадану зиндагии мардумро беҳ сохтан ва дигар  паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти ин марди далеру фидоӣ басо ибратбахш аст. Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳимояи манфиатҳои мардуми одӣ, таъмини амният, таъсиси сохторҳои давлатию маъмурӣ, бунёди роҳҳои нақлиёт, мактабу муассисаҳои таълимию тиббӣ, овардани аввалин дастгоҳи чопӣ ба Помир (1923), аз ҳисоби халифаҳою рӯҳониён ба таълимгоҳҳо сафарбар намудани омӯзгорон ва ёрӣ ба дигар  паҳлуҳои ҳаётии мардуми тоҷик, бахусус Помир нақши муҳими  арзишманд бозид.
Дар он замони ҳассос зарурат пеш омада буд, ки  манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ эътирофу дастгирӣ карда шавад. Шириншоҳи ҷавон ин масъалаҳоро ҳанӯз дар мактаби муаллимтайёркунӣ, ки дар шуъбаи русии ин таълимгоҳи меҳнатӣ-педагогӣ таҳсил мекард, дарк карда буд. Бинобар он,  баъди ба (сафи)  узвияти ҳизби коммунистӣ (болшевикӣ)-и  Россия дохил шудану моҳи майи соли 1921 ба қатори 500 «Донишҷӯи пролетарӣ» дар  тақсимоти озуқа ширкат варзиданаш бисёр паҳлуҳоро дар масъалаи миллӣ бархӯрдор гашт ва эҳсос намуд.
Вақте ки Инқилоби октябр ғалаба карда, соли 1917 давлати нави коргару деҳқон – Давлати Шӯравӣ бунёд ва соли 1922 ИҶШС ташкил ёфт,  кумитаҳои инқилобӣ дар сарҳади собиқ ИҶШС ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин давра Шириншоҳ Шоҳтемур, ки дар Помир фаъолияти ибратбахш дошт, соли 1922 раиси кумитаи инқилобии Помир интихоб гадида, бо  масъулияти дучанд ба хизмати халқу диёр  пардохт. Хусусан, дар ташкили мактабҳои сохти нав, маҳви бесаводӣ, тақсими одилонаи замин ба деҳқонон, таъсис додани анборҳои озуқаворӣ ва дигар корҳову падидаҳои нав саҳми босазо гирифт.
Ин ва дигар заҳматҳои шабонарӯзии ин  марди далеру худшинос буд, ки ӯро соли 1924 ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват карда, ба вазифаи инспектори зершуъбаи  ақаллиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъйин намуданд. Ин, албатта, ба манфиати миллати тоҷик буд. Шириншоҳ Шоҳтемур тавассути зеҳни бурро, дониши баланди сиёсӣ, худшиносӣ, худогоҳиву ғурури миллӣ тавонист соли 1924 бо ҳамроҳии Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдулло Ёрмуҳаммадов ва дигарон дар бунёди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 дар ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон муваффақ шаванд. Ин абармардони таърих барои исботи  мавҷудияти халқе бо номи тоҷик муборизаҳои шадиде ба анҷом расонад.
Хизматҳои арзишманди Шириншоҳ Шоҳтемур ва талошҳои донишмандони пухтакор, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, фарҳангсолорони соҳибистеъдод, аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Қосимов буд, ки  нуктаи назари сарвари якуми ИҶШС И. В. Сталин ба ҳувияти миллати тоҷик дигар шуда, моҳи апрели соли 1941 дар  ҷамъбасти Даҳаи адабиёт ва санъати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ин суханҳоро ба забон овард: «Тоҷикон халқи ғайриодӣ ва аз ҳама қадимтарини Осиёи Миёнаанд. Тоҷик – ин маънои тоҷдорро дорад. Ин номро ба онҳо  аз қадим додаанд ва шарафи ин унвонро тоҷикон дар амал собит намудаанд».
Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти ибратбахш нишон дода, соли 1932 ба шаҳри Москва барои такмили дониш рафт. Соли 1933 ба Тоҷикистон даъват шуда, то соли 1937 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Ин фарзанди номвари халқи тоҷик самти шукуфоии Тоҷикистон, бахусус саноатикунонию рушди кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо гузошт. Вале афсус, ки бо сабаби ба сари қудрат омадани чанде аз фитнаангезу нотавонбинони давр 9 июли соли 1937 аз ҳукми Коллегияи Суди  Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба қатл расонда шуд.
Агарчи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур дар он  солҳои мудҳиши таъқиботи сталинӣ ба қатл расонда  шуд, вале номи неку хизматҳои мондагораш дар таърих ҷовидонӣ сабт гашт. Имрӯз ба номи ин марди фидоии бузург бисёр кӯчаву хиёбон, мактаби олӣ ва дигар муассисаҳо номгузорӣ шуда, мардум, бахусус зиёиёни тоҷик ба поси хотири вай ба фарзандону набераву аберагони худ Шириншоҳ ном мегузоранд.
 
Амир Сайиди МУНКӢ,
адиб, журналист, директори Осорхонаи 
таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2021    №: 150    Мутолиа карданд: 575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед