logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

САНОАТ
157 корхонаву коргоҳ бунёду 96 адад аз фаъолият монд
Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиарду 632,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиарду 557,4 миллион сомонӣ беш аст. Ин рақам зимни нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав манзури рӯзноманигорон гашт. 
Дар давраи сипаригашта 157 корхонаву коргоҳи нав мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 1366 кас соҳиби ҷои кор шуд. Аз ҳисоби 157 корхонаву коргоҳи нав ба маблағи 143,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он 0,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад. 
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гуфт, ки дар ин давра 96 корхона фаъолият накардааст. Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, сохтмон, саноати сабук, мошинсозӣ, табъу нашр, ангишт ва маъдан рост меояд.
«Сабабҳои асосии фаъолият накардани 96 корхона, пеш аз ҳама дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ ва мушкилоти молиявӣ, мавҷудияти қарзҳо аз ҳисоби андозҳо ва баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дар дигар самт фаъолият доштани онҳо мебошад», - илова кард вазир.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
ШИРИН АМОНЗОДА: «То соли 2025 - ум 900 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешавад»
Ба саволи хабарнигори рӯзнома оид ба иҷрои супориши Пешвои миллат ҷиҳати барӯйхатгирии ҷавонони бекор вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт:
- Дар робита ба ин супориши Сарвари давлат вазорат тибқи нақшаи кории муштарак бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пурсиши хонаводагиро барои муайян намудани ҷавонони бешуғл роҳандозӣ хоҳанд кард. Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонони аз 18 - сола боло барои то соли 2025, ки соҳибкасб намудани беш аз 900 ҳазор нафар дар назар аст, онҳо ба омӯзиш ҷалб мешаванд.  
Зикр гашт, ки дар нимсола ба намояндагии вазорат дар Россия 7827 муроҷиату дархост ворид гардида, бо дахолати онҳо ба маблағи 10 миллиону 900 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик барқарор карда шуд. 30 қарори судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо қарорҳои судҳои болоии Россия бекор гардиданд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
КОРРУПСИЯ
1211 ҷиноят ошкор гардид
Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, 235,8 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Дар натиҷа аз ин маблағ 178,4 миллион (49,5 миллион ба буҷет ва 128,9 миллион ба корхонаву муассисаҳо) барқарор гардид, ки 75,7 дарсади маблағи умумиро ташкил медиҳад. 
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори агентӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1211 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 788 нафар ошкор намуданд, ки 470 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил аст.
Ба гуфтаи директори агентӣ вобаста ба 57,4 миллион сомонӣ маблағи зарари боқимонда маводи санҷишӣ дар баррасии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ қарор доранд. То ҷамъбасти нимсолаи дуюм ҳатман маблағҳои боқимонда барқарор карда мешаванд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»    
 
 
 
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 263 миллион сомонӣ расид
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки шаҳри Турсунзода ба ҳисоб рафта, деҳқонони он бо мақсади рӯёндани ҳосили дилхоҳу фаровон, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории сокинони мамлакат фаъолияти худро ба роҳ монданд. Нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 263 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Дар ин бора Парвиз Акрамзода, раиси шаҳр, зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод. Зикр шуд, ки айни ҳол ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистонгузаронӣ 40 сардхона бо ғунҷоиши 7247 тонна мавҷуд аст.
Соли равон кишоварзони шаҳр дар майдони 21216 гектар кишти зироат, аз ҷумла 13921 ғалладона, 3190 сабзавот, 1046 картошка, 1024 пахта, 766 зағер, 1021 хӯроки чорво, 228 полизиҳо гузаронданд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз 47221,2 тонна сабзавот истеҳсол гардид. Майдони умумии гармхонаҳои мавсимию доимӣ 32,1 гектарро ташкил медиҳад. 
Заҳмати кишоварзон ва рӯёндани ҳосили фаровон ба он мусоидат намуд, ки дар ин давра 54464 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва 3058 тонна ба хориҷи кишвар содирот гардад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ҲИСОР
Саноат рӯ ба рушд
Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 1 миллиарду 481,1 миллион сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 114,1 дарсад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 182,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Гуфта шуд, ки дар доираи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳр таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки дар баробари бунёди иншооти ҷашнии иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намоянд. Айни  ҳол дар шаҳр 76 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки асосан дар самти истеҳсол ва коркарди махсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан, маводи сохтмонӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба маблағи 120,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд аст.  
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият” 
 
 
 
КӮШОНИЁН
Нафаси тозаи созандагӣ
Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи пардохти андоз 103,3 дарсад иҷро гардида, ба буҷет беш аз 24 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 569 ҳазору 737 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ин нуктаро Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
Зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 776 миллиону 580 ҳазору 400 сомонӣ расид, ки аз ин 632 миллиону 13 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 83 миллиону 799 ҳазору 500 сомонӣ ба соҳаи саноат ва 60 миллиону 767 ҳазору 900 сомонӣ ба соҳаи сохтмон рост меояд.
Бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони 337 иншоот дар назар буда, то 1-уми июли соли ҷорӣ 314-тои он ( 93,2 дарсад) ба истифода дода  шуд. Ҳамзамон, дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни фархунда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 9,1 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ ва се пул мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифтанд.
 
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 950
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед