logo

Хабарҳо

Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

Нахустин даври машварат байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Баҳрайн доктор шайх Абдуллоҳ бин Аҳмад Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.
Дар машварат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
 
 
 
Боз 2 миллион воя ваксина ворид гардид
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории сироятии COVID - 19 ва сӯзандору ҳамчун ёрии башардӯстона ворид гардид.
Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда, яъне аввали моҳи август тавассути механизми байналмилалии COVAX ба Тоҷикистон бастаҳои иловагии ваксинаи «AstraZeneca» - и истеҳсоли аврупоӣ ворид шаванд.
То имрӯз ба ҷумҳурӣ беш аз 4 миллион воя ваксина ворид гашт, ки самаранок истифода мешавад. Дар маҷмӯъ, то имрӯз  дар Тоҷикистон зиёда аз 474 ҳазор нафар аҳолӣ ба ваксина фаро гирифта шудаанд.
 
 
 
СҶТ Тоҷикистонро барои мубориза бо тамокукашӣ ситоиш кард
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориши махсусро нашр кард, ки дар он, аз ҷумла ба татбиқи чораҳо оид ба маҳдуд кардани паҳншавии сигорҳои электронӣ, инчунин, ҷорӣ намудани тамғаи махсус дар бораи хатари чунин маҳсулот барои саломатӣ даъват намудааст.
Тибқи гузориш, ба кишварҳое, ки дар мубориза бо тамокукашӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст овардаанд, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Россия, Украина ва Тоҷикистон дохиланд.
«Мақомоти Тоҷикистон соли 2018 қонуни нави қатъӣ дар бораи назорати истифодаи тамоку қабул кард ва тасмим дорад, ки то соли 2023 ин нишондодро 20 дарсад коҳиш диҳанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон 26 дарсади мардон ва камтар аз як дарсади занон тамоку мекашанд», - омадааст дар гузориш.
 
 
 
Тоҷикистон дар миқёси ИДМ зинаи баландтаринро касб намуд
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти оморӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаш моҳи соли равон аз лиҳози афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 фоизро ташкил медиҳад, зинаи баландтаринро касб намуд. 
Дар ин раддабандӣ баъд аз Тоҷикистон Беларус ва Молдова бо 11 - фоизӣ ва Ӯзбекистон бо 8,2 фоиз қарор доранд. Инчунин, тибқи  маълумот,  суръати афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Чин дар шаш моҳи соли равон 15,9 фоизро ташкил додааст.
 
 
 
COVID - 19. Беш аз 96 дарсад шифо ёфт
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 68 нафар пас аз муолиҷа солим ба хона баргашт.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 28 июл дар кишвар 14845 нафар  гирифтори  коронавируси  нав сабт шуд, аз ин то санаи зикргардида 14313 нафар (96,4%) шифо ёфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1109
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед