logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Идомаи сафари корӣ
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ  ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати мамлакат дар самти сохтмону навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд. Бунёди хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон дар доираи татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гашт.
Фармоишгари иншоот КВД “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби КВД “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.
Иттилоъ доданд, ки сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро 60 нафар коргарону мутахассисони ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом доданд.
Дар доираи лоиҳа дар мавзеи Сари Имҷоз ду ҳавзи обҷамъкунии ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 мукааб об сохта шуда, ду ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об таъмиру таҷдид гардид. Тавассути ду иншооти обгирӣ оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоиш аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда мешавад ва аз он тавассути лӯлаҳои паластикии қутрашон 165-миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи Сари Имҷоз интиқол меёбад. Бо ин мақсад, дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ бунёд ёфт. Дар натиҷа, маҳаллаи нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудаанд, пурра бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад.
Дар маҷмӯъ, хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи лӯлаҳои полиэтилении қутрашон аз 110 то 315-миллиметра ва лӯлаҳои оҳании қутрашон 200 ва 325-миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта шуда, дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ ба вуҷуд омад. Ҳамчунин, 513 ҷумаки обтақсимкунӣ ва таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардид. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба дарозии 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.
То имрӯз бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Баъди татбиқи лоиҳа боз 11 ҳазор нафар ва дар маҷмӯъ 21 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон”-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар кулли шаҳру ноҳияҳо, хусусан деҳоти мамлакат, дар асоси Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025 ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” амалӣ мешаванд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки масъалаҳои ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ пеш аз ҳама иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамзамон, бо мақсади ҳалли масъалаҳои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.
 
ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар маросими барафрохтани Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Яке аз рамзҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ – Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи Ватан, зери садои Суруди Миллӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон барафрохта шуд.
Сарвари давлатро  бошандагони ноҳия хуш истиқбол намуда, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуд.
Иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд дар шафати қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам омад.
Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлоли Тоҷикистон 50 метр буда, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад.
Бунёди чунин иншоот то ба имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ амалӣ гардида, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми  Тоҷикистон  мебошад.
Сохтмони майдони Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони ҶДММ “КММ – 44” ба сомон расид.
Барои бунёди ин иншооти зебо масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардида, минъбад ин мавзеъ барои сокинони ноҳия макони гаштугузор ва истироҳату фароғат хоҳад буд.
Ноҳияи Шаҳристон дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо шуда, бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун симои он сол аз сол зебову назаррабо мегардад.
Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон далели зиндагии ором ва Ватани ободу шукуфо мебошад.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 19 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро, ки бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ба маблағи наздики 14 миллион сомонӣ дар заминаи мактаби миёнаи солҳои зиёд дар истифодабуда сохта шудааст.
Сохтмони онро, ки моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфт, бинокорони ҶДММ “Куркат” анҷом додаанд. Бинои асосии муассиса сеошёна буда, дар он 24 синфхонаи фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгиранд ва барои таҳсили 1240 нафар хонанда дар ду баст шароит фароҳам мебошад.
Бинои дуюм дуошёна буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 120 нафар ва дар ошёнаи дуюм толори маҷлис бо 240 ҷои нишаст мавҷуд аст. Ҳамчунин, муассиса дорои толори варзиши замонавист. Саҳну ҳудуди ин боргоҳи таълимӣ бо шинонидани дарахтони ороишию гулҳои мавсимӣ зебою назаррабо гардидааст.
Синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсиҳои нав, ҷевонҳо, тахтаҳои электронӣ, компютерҳо, аёнияту дигар таҷҳизоти таълимӣ таъминанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассиса баҳри омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, баргузории машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннию рӯзгордорӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоию суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн бунёди чунин муассисаи зебою замонавии таълимиро идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои арзандаи таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат аз ҳадафҳои асосии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.
Бунёди бинои хуштарҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободӣ туҳфаи арзанда ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Омӯзгорону  сокинони  ноҳияи Шаҳристон аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, гуфтанд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардошта, дар таълиму ба камол расондани насли наврас ҳамаи нерую дониш ва маҳорату таҷрибаи хешро равона месозанд, то фарзандон соҳибмаърифат ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, дар таҳкими пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ тадбирҳои зиёд амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра 15 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ гашт. Алҳол сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷараён дорад. Имрӯз дар ноҳия 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Муассисаи таҳсилоти давлатии «Гимназияи рақами 1», интернати наздимактабӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд ва дар онҳо наздики 10 ҳазор нафар фарзандони сокинони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1110 омӯзгор кору фаъолияти пурсамар дошта, баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, чораҳои ҳавасмандгардонӣ имкон медиҳанд, ки мутахассисони ҷавон ба кори омӯзгорӣ бештар ҷалб шаванд. Соли хониши 2020 – 2021 50 мутахассиси ҷавон, аз ҷумла 22 нафар хатмкардаи гурӯҳи буҷетӣ ва Квотаи президентӣ бо воситаи роҳхат ва 28 мутахассис, ки донишгоҳу донишкадаҳои олиро тариқи шартномавӣ хатм намуданд, аз рӯи ихтисосҳои лозимӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона гардидаанд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон баландтар шавад.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
29 июл баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кулли сокинони ноҳияи Шаҳристонро ба ифтихори сисолагии Истиқлоли давлатӣ - ҷашни бузурги мардуми Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби навбунёди замонавӣ самимона табрик гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, Пешвои миллатро ба ноҳияи Шаҳристон хайрамақдам гуфтанд. Баромадкунандагон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду пешрафти кишвар ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ изҳори сипоси фаровон намуданд.
 
ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ КИШОВАРЗӢ
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон дар хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек”-и кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.
Ноҳияи Шаҳристон, дар баробари боғдорию чорводорӣ, аз минтақаҳои картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Обу хоку иқлими ноҳия ба кишту парвариши картошка мутобиқ буда, хоҷагидорону аҳолӣ картошкаи хушсифат ва аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол менамоянд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 4,5 ҳазор гектар заминҳои ба кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” вобасташуда, 582 гектараш заминҳои обёришаванда мебошад. 300 хоҷагии деҳқонӣ, беш аз 900 нафар саҳмдорон ба хоҷагидорӣ машғуланд ва картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосию даромадноки кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек” бо сарварии Низомиддин Муродов дар 80 садяк замин картошка парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёндаанд. Навъи картошкаи “Аладин” таъму лаззати хосаю ҳосилнокии баланд дорад, ки дар ин хоҷагӣ парваришаш васеъ ба роҳ монда шудааст. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонон ва масъулину мутахассисони ноҳияи Шаҳристонро ба афзун намудани нишондиҳандаҳо дар картошкапарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишти картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки хоҷагидорону аҳолии ноҳияи Шаҳристон имкон доранд дар ҷодаи парвариш ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка, инчунин, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ бештар саҳм гузоранд. Картошкапарварӣ ба хоҷагидорону аҳолии ноҳияи Шаҳристон нисбат ба дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ даромади бештар меорад.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Шаҳристон тадбирҳо амалӣ гардида, тайи панҷ соли охир масоҳати кишти картошка зиёд ва ба 2100 гектар расонда шуд. Соли 2017 хоҷагидорону аҳолии ноҳия дар масоҳати 1030 гектар картошка кишт намуда буданд. Соли 2020-ум бошад, масоҳати он ба 1982 гектар расид. Ҳаҷми истеҳсоли картошка низ зиёд гардида, аз 23 ҳазору 423 тоннаи панҷ соли қаблӣ соли гузашта ба 43 ҳазору 541 тонна расид. Дар ноҳия кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии шаҳраки Шаҳристон ва деҳоти Бунҷикат аз истеҳсолкунандагони асосии картошка ба ҳисоб мераванд.
Обу хоку иқлими хос ба картошкапарварӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ – заминҳои президентӣ, қитъаҳои замини назди корхонаю муассисаҳо, истифодаи тухмиҳои ба иқлими ноҳия мутобиқи серҳосил, риояи агротехника, кордонию таҷриба, донишу маҳорати кишоварзону сокинони ноҳия ба афзун намудани истеҳсоли картошка равона гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз намоишгоҳи картошка ва маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳо ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карданд.
Деҳқонони соҳибтаҷрибаю корозмудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар намоишгоҳ картошкапарварони вилоят самараи хешро пешниҳод намуданд. Иттилоъ доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои ахир масоҳати майдони парвариши картошка афзун гардида, аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли солонаи картошка дар соли 2020 ба беш аз 512 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба даҳ соли қаблӣ 2,5 маротиба ва нисбат ба панҷ соли пеш қариб 200 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намоишгоҳи ҳосили картошка ва суҳбат бо масъулону картошкапарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид доштанд, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати васеъ намудани масоҳати парвариши картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар натиҷа афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли он имкониятҳо фаровонанд.
Хоҷагиҳои кишоварзию аҳолии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон ва Исфара дар зиёд кардани истеҳсоли картошка ҳиссаи асосӣ дошта, ин шаҳру ноҳияҳо минтақаҳои картошкапарварӣ маҳсуб меёбанд.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар дар кишти ин навъи маҳсулот таҷрибаи шоиста мавҷуд буда, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, инфиродӣ ва аҳолӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ноил мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати картошкаи истеҳсолкардаи хоҷагидорону аҳолии вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки картошкаи истеҳсоли кишоварзони мамлакат аз нигоҳи  экологӣ тоза, бо таркиби табиию ғизонокӣ афзалият дорад ва хоҷагидорону мутахассисонро ҳидоят намуданд, ки дар минтақаҳои обу иқлимаш хос сифату ҳосилнокии ин маводи ғизоии асосиро боз ҳам баланд бардоранд.
Афзун шудани истеҳсоли картошка натиҷаи маҳорату кордонӣ, таҷрибаи ғанӣ, риояи агротехникаи кишту обу ғизодиҳӣ ва истифодаи тухмиҳои навъҳои серҳосилу минтақабоб мебошад.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар кишту парвариш навъҳои селексияи олимони тоҷик ҳиссаи асосиро ташкил менамояд. Қисми ин навъҳо дар қитъаҳои навъсанҷии кооперативи тухмипарварии “Овчии Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич офарида, ноҳиябандӣ шудаанд.
Дар баробари афзун намудани истеҳсоли картошка, чор хоҷагии тухмипарварии вилоят - кооперативҳои тухмипарварии “Овчии Ғончӣ”, “Хӯҷаҳо”, ба номи Қурбонов, хоҷагии деҳқонии “Ғелониён”-и шаҳри Панҷакент ва Ассотсиатсияи картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар истеҳсолу таъмини кишоварзон бо тухмии картошка саҳми арзанда доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми панҷ соли ахир масоҳати кишту парвариши картошка зиёд гардида, аз 16 ҳазор гектари соли 2017 дар соли 2020 ба 23 ҳазору 140 гектар расид. Соли равон дар майдони 25 ҳазору 500 гектар картошка парвариш мешавад.
Тайи солҳои ахир дар қисми водии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариши картошкаи барвақтӣ ҷорӣ гардида, аз ин ҳисоб низ ҳаҷми истеҳсолро зиёд менамоянд. Дар шаш моҳи соли равон дар вилоят аз ҳисоби кишти барвақтӣ 43 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёд аст. Ҳамзамон, истифодаи оқилонаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ – заминҳои президентӣ омили ҳаҷми зиёди ҳосили картошка мебошад. Дар соли 2020 ҳиссаи аҳолӣ дар истеҳсоли картошка дар вилоят 38 дарсадро ташкил дод.
Дар вилоят, хусусан минтақаҳои картошкапарварӣ, дар анборҳои хоҷагиҳо ва таҳхонаҳо бо усули хоса картошка захира мешавад, ки аз омилҳои тамоми давраи сол бо ин маводи ғизоӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва талаботи аҳолӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ кишоварзони вилоят анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ чун ғалла, асал, сабзавот, мева, полиз ва маҳсулоти хоҷагии ҷангалро пешниҳод карданд.
Заҳматкашони вилояти Суғд бо истифодаи оқилонаи замин, ҷорисозии агротехникаи пешрафта, таҷрибаи пешқадам, тухмиҳои серҳосил ва бо масъулияту кордонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кишоварзону аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар вазъи норасоии маводи ғизоӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон вобаста ба хуруҷу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19, тағйирёбии иқлиму камобӣ ба амал омадааст, чунин кӯшишҳои кишоварзони мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону мутахассисон дастуру супориш доданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир барои истифода аз захираю имкониятҳои дохилӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ талош намоянд.
 
ИФТИТОҲИ ФЕРМАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ 
29 июл дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон”-ро, ки  аз ҷониби соҳибкор Сомон Қурбонов бунёд ёфт, ифтитоҳ намуданд.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар ноҳияи Шаҳристон яке аз калонтарин ва аввалин муассисаи истеҳсоли гӯшти мурғ ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии дар як давраи он, ки 45 рӯзро дар бар мегирад, 170 тоннаро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар ин иншооти нави соҳаи парандапарварӣ феълан 80 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, масъулин азм доранд ин нишондодро то ба 120 ҳазор сар расонанд.
Баробари афзоиши саршумори паранда, инчунин, ҷои кор низ зиёд мегардад. Агар феълан дар фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” 25 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардида бошад, дар оянда ба 40 нафар расонда мешавад.
Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо ва омода намудани мурғҳои гӯштӣ тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.
Гӯшти мурғ дар кишвари мо аз маҳсулоти серталаб ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар вилояти Суғд ба соҳаи парандапарварӣ  ҳамчун омили муҳими таъмини бозори истеъмолӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд. 
Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.
Дар навбати худ парандапарварон ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар назди коргоҳ боз ду сехи нав ташкил менамоянд. Бо андешидани чунин тадбир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш ва шумораи кормандонро зиёд намуда, Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Корхонаҳои парандапарварӣ, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Гулистон, Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Зафаробод бештар гардида, ин таҷриба дар дигар минтақаҳои вилоят низ, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон, ба кор андохта мешавад.
Бо ифтитоҳи фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” имконияти истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бештар ва сокинони ноҳияи Шаҳристон ба ин номгӯи маҳсулот дастрасӣ пайдо мекунанд.
Бино ба маълумоти оморӣ, давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда беш аз 26 000 тоннаро дар бар мегирад. Ҳамаи ин натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи парандапарварӣ ҳамчун як бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворист.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2021    №: 151    Мутолиа карданд: 3484
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед