logo

иҷтимоиёт

ФАРДИЯТИ САБКИ ҲОШИМ ГАДО

Сабк ва шеваи нигориш муаррифгари муаллиф ва омили муваффақияти ӯст. Ҳар як қаламкаш мутобиқи қудрату истеъдоди фардии худ сабк ва шеваи нигориши хосаеро меофарад ва минбаъд суханашро дар ҳамон қолаб менигорад. 
Ҳошим Гадо ҳам дар саҳна ва ҳам дар таълифи осор сабки фардие дорад, ки аз дигарон фарқ мекунад ва дилкашу маҷзуб низ ҳаст. Ҳошим муқаллид нест. Дар осори ӯ навҷӯиву тозагӯи бармало ба назар мерасад ва нахли сухану андешааш аз ҷӯи мушоҳидаву таҷриба об мехӯрад. Хусусияти дигари фардии сабки Ҳошим интихоби образу персонажҳои аҷибу ҳайратангезе дар мисоли магас, мӯрча, хомӯшак, гург, саг, гурба, паланг, рӯбоҳ, шағол ва амсоли инҳоянд. Муаллиф мушкиливу дарди инсон ва ҷомеаро аз забони ин образу персонажҳо арза медорад ва инсонро барои бартараф намудани онҳо даъват менамояд ва ба қадри имкон роҳи ҳалро барояшон ошкор месозад. Хонандаи закӣ пас аз мутолиаи як асари устод мефаҳмад, ки дар асар хаёлпардозиву хаёлбофиҳои пуч ва сухани сарсариву носанҷида ҷой надоранд ва асар аз лиҳози маъниву мазмун баҳои баландеро сазовор аст.
Дар аксари асарҳои устод Ҳошим Гадо андешаҳои бикре ба назар мерасанд, ки инкори андешаҳои носанҷидаву сарсарии қаблиянд. Аҷибаш он аст, ки устод бо фарҳангу маданияти баланди шарқиёна аз муаллифони қаблӣ пӯзиш мехоҳад ва саҳву ғалати онҳоро баён карда, гунаи дурусту саҳеҳро пешниҳод менамояд.
Ҳар ҷилди китоби муаллифи мазкур равзанаи саршори отифаву нурро мемонад, ки нигоҳи хонандаро ба зиндагӣ дигар карда, ӯро бо донишу хираду таҷриба мусаллаҳ мегардонад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо сухани устодро иқтибос меорем: «Абдусалом, ҳар як китоби Ҳошим Гадо як донишгоҳ аст». Агар шумо диққат дода бошед, устод бо ҳамин қадар бузургӣ калимаи «ман»-ро истифода набурданд, ки ин нишонаи фурӯтаниву хоксорӣ ва муайянкунандаи хираду заковати эшон аст. Агар ба мардуми сайёра зарурати ҷустуҷӯи инсони асил ба миён ояд, миллати тоҷик дар ин ҷода заҳмат накашида, бар суроғи Ҳошим Гадо меравад ва мутмаинам, ки хато намекунад. Ҳошим Гадо ғамхору ғамшарики аҳли сайёра аст.
Дар мизони андешаи устод Ҳошим адолату ҳақиқат риоя мешавад. Ӯ мекӯшад ҳақиқату адолатро дар ҷаҳон барпо кунад ва ин ду қувваро зевари асосии зиндагии инсонӣ маънидод менамояд. Инсонҳоро ҳамеша ба сулҳу субот ва зиндагии шоиста даъват менамояду пайваста ҷангу зулму истибдодро накуҳиш мекунад. 
 
Абдусалом САЛОМИЁН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2021    №: 151    Мутолиа карданд: 556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед