logo

иҷтимоиёт

ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. НИҲОДЕ, КИ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ҚУДРАТИ КОМИЛ БА ДАСТ ОВАРД

Имсол аз таъсисёбии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 сол пур мешавад. Ин ниҳод соли 1928 таъсис ёфта, қариб як аср мешавад, ки барои эмин нигоҳ доштани саломатии одамон, амвол ва иншоот аз сӯхтор фаъолият менамояд. Сохтори мазкур дар замони Истиқлолияти давлатӣ иқтидори нав касб карда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30 июл дар кишвар Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мешавад. Дар иртибот ба ин, суҳбате доштем бо сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода, ки фишурдаи он манзур мегардад: 
- Аввалин дастаи касбии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 дар асоси Қарори Шӯрои шаҳрии вакилону коргарон ва аскарони сурх таъсис ёфт. Даста дар ихтиёри худ аробаи аспӣ, насоси тамғаи «Челенҷ», ду зарфи обдор ва 180 метр рӯдаи оташнишонӣ дошт. 
Автомашинаи аввалини оташнишонӣ 6 июни соли 1930 ба ҷумҳурӣ оварда шудааст. Аз солҳои 30-юми қарни гузашта сар карда дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (Ленинобод), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Истаравшан (Ӯротеппа) таъсис ёфтанд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин ниҳод иқтидори кофӣ ба даст оварда, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ илова ба вазифаҳои асосии худ, корҳои барқароркунӣ ва таъминотиро ба роҳ монданд. Барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ саҳми роҳбарони он Ислом Дадаҷонов, Назарбой Ҷангиев, Иззатулло Шарипов, Маҳмадсаид Каримов, Мирулло Шарипов ва Нозим Иброҳимзода назаррас буда, хизматҳои онҳо аз ҷониби хадамот қадр мегарданд.
Дар ин давра, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, навсозӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз тарафи СХДО як қатор корҳо ба нақша гирифта шуда, давра ба давра амалӣ гардида истодаанд. Маҳз натиҷаи пойдории суботу оромӣ ва амнияту осоиштагӣ  аст, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ рӯз ба рӯз авҷ гирифта, бинову иншооти замонавӣ дар хадамоти давлатии оташнишонӣ сохта мешавад. Аз ҷумла, давоми ҳафт соли ахир дар ноҳияҳои Ванҷ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Ховалинг, Балҷувон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Тоҷикобод, ки биноҳои оташнишонӣ надоштанду дар иҷора менишастанд, иншооти нав сохта шуд. Инчунин, барои оташнишонони ноҳияҳои Восеъ, Нуробод ва Сангвор биноҳои нав бунёд гардиданд. Ҳамзамон, биноҳои Хадамоти давлатии оташнишонии як қатор шаҳру ноҳияҳо таъмир гаштанд, дар нақби «Шаҳристон» дидбонгоҳи оташнишонӣ таъсис ёфта, дар нақби «Хатлон» мошини оташнишонӣ гузошта шуд.    
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 91 ҷузъу томҳои зертобеи сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо, қисмҳои мустақил ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунондашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаи сӯхтор дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда истодаанд.
Айни замон дар тавозуни Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он 339 нақлиёти оташнишонӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 292 - тои онро автомобилҳои асосӣ ва махсуси оташнишонӣ ташкил медиҳанд. Давоми панҷ соли охир барои оташнишонон 42 нақлиёти нав харидорӣ гардидааст. Илова бар ин, бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имсол барои оташнишонони пойтахт 10 автомобил оварда шуд.   
Таъмин намудани дидбонгоҳҳо ва қисмҳои оташнишонӣ бо мутахассисони соҳа яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир,  баробари ташкил шудани факултети № 5-и Академияи ВКД соли 2009 масъалаи ташкил намудани ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода гузошта шуда, тадбирҳои аввалиндараҷа барои тайёр кардани мутахассисон андешида шуданд. Кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор фаъолият мекунад. Ва ҳамасола 25 хатмкунандаи он сафи хадамоти давлатии оташнишониро пур месозад. Дарвоқеъ, ин шумора талаботро қонеъ карда наметавонист. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки барои омода намудани оташнишонони касбӣ муассисаи махсус кушода шавад. Ҳамин тавр, 12 апрели соли 2018 дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд, ки бинои таълимии он то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. 
Бояд гуфт, ки то бунёд гардидани бинои коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ донишҷӯёни он дар Маркази таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба хондан фаро гирифта шуда, имсол аввалин хатмкунандагони он бо рутбаи афсарӣ ва диплом сарфароз гардиданд. 
Бо итминон метавон гуфт, ки пас аз ба истифода додани коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ мушкилоти кадрӣ аз байн хоҳад рафт.
Имсол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021 – 2025 қабул гардид. Дар умум, ин сеюмин барнома барои рушди Хадамоти давлатии оташнишонӣ мебошад.  Барномаи нав бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва наҷот додани молу мулки шаҳрвандон, моликияти корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва иншооти таъйиноташ гуногун таҳия гардидааст. Ҳаҷми маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо барои панҷ соли баъдӣ беш аз 136 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 
Тибқи барнома барои сайқал додани донишу маҳорати касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, инчунин,  бо мақсади дуруст ва самаранок ба роҳ мондани фаъолият, барои таҷрибаомӯзӣ ба дигар давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ дар назар аст. 
Соли ҷорӣ тибқи нақша 7169 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар ним сол кормандони сарраёсат наздики чору ним ҳазор санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор гузаронданд. Инчунин, дар рафти амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирикунанда аз сӯхтор дар минтақаҳои аҳолинишин 326339 манзили истиқоматии шаҳрвандон аз санҷиш гузашта, бо сокинон доир ба қоидаҳои  назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуданд. 
Мо, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифз намудани молу мулк ва эмин нигоҳ доштани ҷони шаҳрвандон тамоми маҳорату малакаи худро сарф хоҳем намуд. Ҳамзамон, аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намуда, ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар нагузоранд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2021    №: 151    Мутолиа карданд: 563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед