фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
(Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад)
МУАММОИ «ИСТИҚЛОЛ»
1. « …нома» - и Низоммулмулк. 2. Муассиса, корхона. 3. Ибтикор, иқдом. 4. «Бо он ки дари … занад, ҷанг маҷӯй» (Мавлавӣ). 5. Ба ҳам омадани ақидаҳо. 6. …и сулҳ ва ваҳдати миллӣ. 7. Оммаи фармонбардор. 8. Шаҳре, ки музокироти тоҷикон барпо гардида буд. 9. Рамзи давлатӣ. 10. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 11. Воҳиди маъмурӣ. 12. Китоби безавол. 13. Авлод, пешиниён. 14. Муншии дарбори Сомониён. 15. Шаҳр дар Тоҷикистон. 16. Ҳаммаънои вожаҳои «асл», «асос». 17. Ҷумҳурӣ дар Осиёи Миёна. 18. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19. Ба ҳам омадан. 20. Шаҳре, ки номи Қаҳрамони Тоҷикистонро дорад. 21. Муродифи инсоф, адл. 22. Миллат. 23. Шаҳр дар Тоҷикистон. 24. Маркази давлати Сомониён. 25. «… бори дигар хонаро пурнур кун». (Мавлавӣ). 26. Осоиштагӣ. 27. Мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ. 28. Ноҳия дар Тоҷикистон. 29. Корхонаи саноатӣ дар шаҳри Душанбе. 30. Ғалаба, фатҳ, пирӯзӣ, зафар. 31. Кулоҳе, ки шоҳон ба сар мегузоштанд. 32. Олам, гетӣ. 33. «…у тартиб ҳар куҷоест пойдор, Зиндагиву кор мегирад барор». 34. Давлат, кишвар, ҷумҳурӣ. 35. Метали қиматбаҳо. 36. … Аминзода, шоираи тоҷик. 37. «…и поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр» (Аҷзӣ). 38. Асъори хурди миллӣ. 39. Як навъи ҳуҷҷати расмӣ. 40. Баробар ба сад сол. 41. Ҳаммаънои «сурат». 42. «… асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ». 43. Сурх, сафед, сиёҳ. 44. Неъмати моддие, ки дар нишони миллӣ акс ёфтааст. 45. Гуфтугӯ ва машварати такрорӣ дар атрофи ягон масъала. 46. Илме, ки гузаштаро меомӯзад. 47. Шаҳр дар шимоли Тоҷикистон. 48. Нашриёт дар Тоҷикистон. 49. Як навъ ҳуҷҷати тарафайн. 50. Андози давраи амирӣ. 51. Муродифи «булбул». 52. «Як гули мақсуд дар ин …». 53. Ҳиссаи нутқ. 54. «Чу аз … шодӣ ояд ба чанг». 55. «Девори Бухоро буд, …и Сомонӣ». 56. Пайвандаки забони тоҷикӣ. 57. Ҳаммаънои «мактуб». 58. Сухани ҳикматнок. 59. Ҳарфи алифбои ниёгон.
Таҳияи Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ,
сокини шаҳри Душанбе
Ҷавоб ба муаммои «Қулфи сеҳрнок», аз 23 июли соли 2021:
1. Икарус. 2. Чонатон. 3. Иммануил. 4. Атос. 5. Тол. 6. Ра. 7. Бук. 8. Лорд. 9. Итартасс. 10. Чимилик. 11. Тирана. 12. Хаттот. 13. Скунс. 14. Аккорд. 15. Вилиамс. 16. Гном. 17. Дӯст. 18. Нобел. 19. Оникс. 20. Босния. 21. Аврора. 22. Лувр. 23. Зади. 24. Ералаш. 25. Ламанш. 26. Шинел. 27. Третяк. 28. Омоним. 29. Ким. 30. Улуғзода.
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
АДОЛАТИ НУШЕРВОН
Овардаанд, ки Нушервони Одилро дар шикоргоҳе сайд кабоб карданд, вале намак набуд. Ғуломе ба русто фиристод, то намак орад. Нушервон гуфт:
- Намак ба қимат бигир, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.
Гуфтанд:
- Аз як мушт намак чӣ халал ояд?
Гуфт:
- Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) кард, то бад-ин ҳолат расид.
Агар зи боғи раият малик хӯрад себе,
Бароваранд ғуломон дарахт аз бех.
Ба ману байза, ки султон ситам
раво дорад, Зананд лашкариёнаш ҳазор
мурғ ба сих.
Таҳияи Умар АЛӢ
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Ва рафтан ба нияти қалъаи бекро фатҳ кардан ва дар ин бекигарӣ ҳукумати халқӣ, ҳукумати шӯроӣ барпо намудан. Ва дар роҳ, ки тақрибан ҳафт километр буд, дов-талабони бисёре аз ҷумлаи одамони ҷабрдида ва бекоргардони гушнамаст ва сарҳуёни моҷароҷӯ, ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд.
* * *
Ба фикри ҳирсу ҳаво сахт нотавон шудаӣ,
Зи гарди зиллати ғафлат аҷаб гарон шудаӣ.
Шиканҷи ғунча дар ин боғ нанги бӯи гул аст,
Бурун хиром зи худ, гар сабукъинон шудаӣ.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2021:
Шоҳмузаффари Ёдгорӣ, Ҷалолиддини Румӣ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Эдгар Хау мефармояд: «Вақте нафаре лоф мезанад, ки «пул ҳама чизро ҳал мекунад», яқин донед, ки ӯ пул надорад ва ҳеҷ вақти дигар ҳам надошт».
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
МОДАР ҒАНИМАТ АСТ
Духтаре ба як ҷавони хоксору фурӯтан ошиқ мешавад. Моҳҳо интизорӣ мекашад, ки ҷавон ба ӯ изҳори муҳаббат кунад, аммо... Ниҳоят косаи сабри духтар лабрез шуд ва худ ба ҷавон изҳори муҳаббат кард:
- Ҳеҷ кас туро мисли ман дӯст намедорад. Чаро ба ман аҳамият намедиҳӣ?
- Ман нафаре дорам, ки ҳазорҳо бор аз ту дида маро зиёдтар дӯст медорад, - ҷавоб медиҳад ҷавон.
- Ин тавр нагӯй, лозим шавад барои ту худкушӣ мекунам. Каси дигар наметавонад туро зиёдтар аз ман дӯст дорад.
- Не, ту ба андозаи он нафар маро дӯст дошта наметавонӣ. Ту ба чеҳраи ман ошиқ шудаӣ. Лекин, вақте ман дар батни модарам будам, ӯ намедонист, ки ман солим ҳастам ё не, духтар ҳастам ё писар, зебо ҳастам ё зиштрӯ, маро дӯст медошт ва то ҳол дӯст медорад, - мегӯяд ҷавон ва илова мекунад:
- Бирав, модаратро бештар дӯст бидор, ки ғанимат аст!
Таҳияи Ф. АЛИШЕР
«ШАБҲОИ САФЕД» - И ПЕТЕРБУРГ
Аз 21 июн рӯзҳои тобистонии офтобию дерпоянда оғоз меёбанд. Ин сана рӯйдоди муҳими ҷуғрофӣ ва астрономист. Дар ин рӯз Офтоб ба самти шимолӣ - шарқӣ расида, дар кунҷи аз ҳама баландтарини экваторӣ қарор меёбад.
Ба гуфтаи астрономҳо, аз ҳамин рӯз тобистони астрономӣ дар нимкураи шимолӣ шурӯъ шуда, он аз 21 июн то 23 сентябр идома меёбад. Дар ҳамин замон дар нимкураи ҷанубӣ зимистони астрономӣ, яъне рӯзи аз ҳама кӯтоҳтарин ва шаби аз ҳама дарозтарин фаро расида, ҳамзамон, дар Санкт – Петербург давраи ба ном «шабҳои сафед» фаро мерасад.
Ин рухдоди кайҳонӣ ба ҳаёти одамон бетаъсир намонда, дар Россия онро аз рӯи анъана чун Ҷашни Иван Купала, дар Латвия Рӯзи Лиго, дар Эстония Рӯзи Янов, дар Полша Иди Соботки, дар Украина Купайло ва Белорус Купале ҷашн мегиранд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
БАРОИ ГУФТАНИ ҲАҚИҚАТ СУХАНИ ЗИЁД ЛОЗИМ НЕСТ
ФАЛСАФАИ ЗИНДАГИИ ҲИНДУҲОИ АМРИКОӢ
1. Зиндагӣ чист? Ин равшании шабчароғ дар шаб. Нафаси гарми говмеш дар зимистон. Сояе, ки ҳангоми ғуруб ба рӯи барги алаф меафтад.
2. Заминро дӯст дор. Он аз волидонат ба мерос намондааст. Он амонатест аз фарзандонат дар дасти ту.
3. Вақте охирин дарахт бурида мешавад, вақте охирин дарё заҳролуд мегардад, вақте охирин паранда дошта мешавад – танҳо дар ин ҳолат дарк хоҳед кард, ки пулро хӯрда намешавад.
4. Барои чӣ шумо он чиро ки бо муҳаббат ба даст оварда метавонед, бо зӯрӣ мегиред?
5. Дониш дар ҳама чиз маҳфуз аст. Замоне ҷаҳон худ китобхона буд.
6. Пеш аз оне ки ба касе баҳо диҳӣ, аввал ба изи пойи худ бинигар.
Тарҷумаи Комрон САФАР
ИМПЕРАТОР ВА КУЛОҲ
Таври маълум, Императори Россия Николай I ҳеҷ вақт шухӣ намекард. Рӯзе аз баландии манора чун дид, ки марди кулоҳдоре аз пеши «Қасри зимистона» сархаму бепарво мегузарад, худ ба худ гуфт: «Аҷоиб инсоне, кулоҳатро намегирӣ, ки аз ин зебоиҳо ҳаловат барӣ».
Лаганбардоре аз қатори дарбориён, ки тасодуф ин сухани шоҳро шунид, дар як лаҳза эълон кард: «Ҳар нафаре, ки аз пеши дарбор мегузарад, ҳатман кулоҳашро бояд аз сар гирад».
Табиист, ки ин «фармон» дар як лаҳза тамоми шаҳрро фаро гирифт ва ҳар нафаре бо итоат сар фуруд меовард. Аз қазо вақте Николайи I рӯзи дигар болои манора шуд, аз рафтори атрофиён ба ҳайрат омад: ҳар касе равуо мекард, рости дарбор ҳатман кулоҳашро аз сар мегирифт.
Шоҳ ноилоҷ поин омад ва аз роҳгузаре сабаби чунин амалашро пурсид. Роҳгузари тоҷир бе ибо гуфт: «Фармони император аст, ки ҳар касе аз пеши ман мегузарад, ҳатман кулоҳ аз сар бояд бардошта бошад».
Николайи I ба андеша рафт ва бо худ гуфт: «Агар ҳанӯз ҳам ман императори рус бошам, чунин фармон надодам».
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Сабзиши устухонҳои инсон дар 24 - солагӣ аз афзоиш мемонанд.
2. Истифодаи як соати гӯшмонак (наушник) бактерияҳои гӯши инсонро 700 баробар афзоиш медиҳад.
3. Бадани инсон 50 ҳазор километр риштаҳои асаб дорад.
4. Дар ҳар 7 сония дар ҷаҳон як тифл ба дунё меояд.
5. Узви аз ҳама зуд сиҳатшавандаи инсон забони ӯст.
6. Мардҳо нисбат ба занҳо дарозтар ва баландтар механданд.
7. Дили занҳо аз дили мардҳо дида бештар метапад.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
ЯК СИРРИ ДАРОЗУМРӢ
Тавсияи дигари Федерика Аматӣ, пизишк ва олим, барои дарозумрии инсон, ки дар суҳбат бо “Express” изҳор доштааст, зиёд ҳаракат кардан мебошад. Коршинос шарҳ додааст, ки ҳамарӯза анҷом додани ҳаракати зиёд ба организми инсон зарур буда, яке аз роҳҳои дароз кардани умр низ мебошад. Тамрин мекунед ё сайру гашт, муҳим нест, муҳим он аст, ки дар ҳаракат бошед.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАРҲО ХУШБАХТТАРИНАНД?
Финляндия бори чорум дар рейтинги кишварҳое, ки аҳолиашон хушбахттарини олам эътироф мешаванд, ҷойи аввалро гирифт. Маърӯзаи World Happiness Report ҳамасола аз ҷониби СММ аз рӯи нишондиҳандаҳои рушди устувори кишварҳо омода мегардад. Дар он 149 кишвар аз рӯи дарозумрии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоӣ, сатҳи коррупсия ва дигар самтҳо баҳогузорӣ мешавад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ЁДДОШТ БАРОИ СОҲИБХОНАЗАНОН
- Барои тоза кардани оина пахтаро дар одекалон ё спирт тар карда, оинаро пок кардан лозим аст.
- Оинаро бо собун нашӯед, зеро дар он доғҳое пайдо мешаванд, ки шустанаш хеле душвор аст.
- Агар шом ба қолин намак пошеду саҳар онро бо латтаи тар пок намоед, қолин тозаву рӯшан мешавад.
- Барои бартараф кардани оҳаки мошинаи ҷомашӯӣ ба мошина бидуни либос дар як давра дар 800 С 80 грамм кислотаи лимуро ба табақи шустушӯй гузоред.
- Роҳаткурсию диванро бо матои тар пӯшонда, каме кӯфтан лозим аст, он зуд аз чанг тоза мешавад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
САГҲОИ МЕДАЛДОР
Сагҳо солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷабҳа хидмати зиёд ва барои таърих фаромӯшнопазир намудаанд. Тамоми ин давра дар майдони ҷанг беш аз 60 ҳазор саг хидмат намудааст. Онҳо қатора ва 300 мошини зиреҳпӯши душманро нест намуда, дар бораи душман беш аз 200 маълумоти барои ҷабҳа муҳим овардаанд. Бо ёрии сагони сапёр 300 мавзеи аҳолинишин аз мина безарар гардонда шуд. Саге бо лақаби Жулбарс барои пайдо намудани 7468 мина ва беш аз 150 снаряд бо «Медали хизмати ҷангӣ» сарфароз гардидааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
33 СОЛ ИНТИЗОРӢ КАШИДУ…
Сокини 108 - солаи Ҳиндустон 33 сол мунтазири ҷавоби аризаи шикоятии худ буд. Тасодуфро бинед, ки як соат пеш аз ҷаласаи судӣ фавтид.
Гап сари он аст, ки соли 1968 Сопан Нарсинг Гаиквад заминеро харид ва баъди баимзорасии шартномаи харидуфурӯш фаҳмид, ки соҳибмулки пештара онро дар бонк ба гарав гузоштааст. Қарзи пардохтнакардаи соҳиби аввалаи заминро аз ӯ талаб карданд. Гирудори соҳибмулки наву соҳибони бонк дар зинаҳои гуногуни судӣ 33 сол тӯл кашид. Нуқтаи ниҳоиро дар ин баҳс бояд Суди олии Ҳиндустон, ки 12 июли соли ҷорӣ баргузор мегардид, мегузошт, аммо мӯйсафед дар ҷаласаи судӣ иштирок карда натавонист, чунки ӯ як соат пеш аз ҷаласа фавтид.
Акнун ворисони ӯ ба ғайр аз қитъаи замини баҳснок як идда мушкилоти судиро ба мерос гирифтанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НАШРИ МАҚОЛАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҶАЛЛАИ ФЕДЕРАТСИЯИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲОИ САЙЁҲӢ
Маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities” - и Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) қисмати асосии шумораи навбатии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти зебои он - шаҳри Душанбе бахшид.
Маҷалла бо мақолаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оғоз ёфта, дар он сухан дар бораи дастовардҳои беназири пойтахт дар ҷодаи ободонӣ, рушди робитаҳои судманди ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла узвияти шаҳри Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ меравад.
Маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities” бо забонҳои чинӣ ва англисӣ нашр шуда, дар зиёда аз 130 шаҳри сайёҳии 75 кишвари ҷаҳон паҳн мегардад.
Таҳияи Л. ШАРИФЗОДА
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
Хонандагони азиз, чун бо ҳаводориҳои хастанопазири шумо нуфузи «Шоми шанбе» марзҳоро убур сохта, домони аудиторияи худро дар ҳамсоякишварҳои дӯсту бародар миёни ҳаммиллатони мо паҳн кардан дорад, тасмим гирифтем, теъдоди гӯшаҳои хондании онро боз ба 1 адад афзоем. Умедворем, ки рубрикаи «Хатоҳои бузурги инсонҳои бузург» ба табъи нозукбини шумо хуш меояд.
ҚАБРИ НОМАЪЛУМИ
МОТСАРТ
Маросими дафни шахсияти ҷаҳонӣ Волфганг Амадей Мотсарт бо иштибоҳи ҷуброннопазир анҷом ёфт: ӯро ҳамчун одами бекас дар як манзил ҳамроҳ бо ду тобути дигари афроди номаълум гӯронданд. То ҳол ҷои қабри оҳангсози оламгир дақиқ нашудааст, зеро дар замони ӯ навиштаҷоти болои қабрро на дар сари манзил, балки дар девори мазор насб мекарданд. Аламовартар аз ин, рӯзи видоъ аз наздикони Мотсарт ягон нафар то манзилгоҳ омада натавонист. Ҳамсари бемораш мадори аз хона баромадан надошт, меҳмонон бошанд, Мотсарти машҳурро ҳамагӣ то дарвозаи шаҳр гусел карданду халос.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
Брюс Ли боре гуфта буд: «Ба ҷои ба фарзандонатон чизҳои худатон дар вақташ надоштаро харидорӣ кардан, беҳтар аст ба онҳо он чизеро таълим диҳед, ки ҳеҷ гоҳ ба шумо наомӯзондаанд. Молу коло фарсуда мешаванд, аммо дониш боқӣ мемонад”
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ФОРМУЛАИ ХУШБАХТИИ АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН
Соли 1922 Алберт Эйнштейн дар Ҷопон курси лексияҳоро таълим медод. Боре ба назди ӯ хаткашон бо паём дар бораи Нобел омад. Физики хушбахт намехост паёмбареро, ки хушхабар овард, бидуни мукофот раҳо кунад, аммо подошпулӣ дар анъанаи ҷопонӣ пешбинӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, физики барҷаста ба хаткашон ду ёддоштро тақдим кард, ки онҳоро фавран навиштааст.
Вай ёддошти аввалро дар бланкаи меҳмонхонае, ки ӯ дар он ҷойгир буд, навишт ва дувумиро дар коғази одӣ. Дар онҳо Эйнштейн фаҳмиши шахсии худро дар бораи хушбахтӣ бозгӯ мекунад. Дар ёддоштҳо омадааст: Зиндагии оромона ва фурӯтанона нисбат ба ҷаҳду талош барои муваффақият, ки бо ҳаяҷони доимӣ алоқаманд аст, шодии бештар меорад.
Моҳи октябри соли 2017, соҳиби номаълум ин ду осорро дар Winner's Auctions & ExhibitionsWinner ба музояда мегузорад. Ёддошт дар бораи озодӣ 1000 доллар оғоз шуд ва ташкилкунандагони музояда нархи ниҳоии онро 4-6 ҳазор доллар пешбинӣ карда буданд. Аммо, пас аз савдои сахт, коғазе бо ҳамагӣ нуҳ калима бо забони олмонӣ бо 240 ҳазор доллари ИМА харида шуд.
Ёддошти дувумро, ки нақша доштанд, бо нархи 5-8 ҳазор фурӯшанд, харидорон 1,56 миллион доллар қадр карданд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.2021 №: 151 Мутолиа карданд: 2761