logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Идомаи сафари корӣ
 
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ  ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куруш бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Файзи саҳар” шинос шуданд. 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад. Роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон саршумори парандаро ба 200 ҳазор сар расонанд.
Дар корхонаи мазкур дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол мегардад ва дар шаш моҳи соли равон истеҳсоли тухм ба 12 миллион дона расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки иқтидори мавҷуда самаранок истифода шавад. Дар ин сурат шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маротиб афзун мегардад. Ин раванд дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.
Масоҳати заминҳои корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигаҳдории хӯроки паранда ва омода намудани он, ҳамзамон, иншооти ёрирасон сохта шуда, дар заминҳои боқимонда маҳсулоти кишоварзӣ парвариш мешавад.
Айни замон дар корхона 30 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин аст.
Дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбат расонд. Соли 2020 дар ҷамъияти мазкур тақрибан 17 миллион дона тухм истеҳсол гардида, ин нишондод  соли 2021 беш аз 20 миллион донаро ташкил дод.
Раванди фаъолият дар фабрикаи мазкур бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Аз сехи истеҳсолӣ ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулоти истеҳсолӣ то ба анбори чиниши тухм интиқол меёбад.
Дар вилояти Суғд давоми солҳои охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ бамаротиб афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, айни замон 115 корхона фаъолият дорад, ки дар онҳо наздики 4 миллиону 400 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти мурғ ба 7 ҳазору 760 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст. Дар ин давра дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд 285 миллиону 745 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид.
Бояд гуфт, ки ҶДММ “Файзи саҳар”,ҳамчунин, дорои корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли орд мебошад. Масъулони корхона маҳсулоти истеҳсоли худиро ба намоиш гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти ҶДММ “Файзи саҳар” баҳои муносиб дода, супориш доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷамъият дар корҳои ободонӣ саҳми бештар гузорад.
Мавриди зикр аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҶДММ “Файзи саҳар” дар обод намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди деҳоти Куруш саҳм гузошта, дар умум то имрӯз 7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳоро мумфарш карданд. Корхона нақша дорад, ки ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои корҳои ободониву созандагӣ маблағҳои зарурӣ равона созад.
Дар даромадгоҳи корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” кишоварзони ноҳияи Спитамен маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Маҳсулоти ордиву кишоварзӣ, ки натиҷаи заҳмати меҳнаткашони ноҳия мебошад, аз фаровонҳосиливу самараи талошҳо ва самаранок истифода намудани замин дарак медиҳад.
Кишоварзони ноҳияи Спитамен баҳри амалӣ шудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ садоқатмандона меҳнат намуда, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 88 миллиону 81 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз растаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои хӯрокворӣ таваҷҷуҳи деҳқонону заминдорон ва фаъолони ноҳияи Спитаменро ба масъалаи самараноку оқилона истифода намудани замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва, ба ин васила, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар умум рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалб намуданд.
 
 
ИФТИТОҲИ ҚАСРИ “СОМОНИЁН” ВА ТАҚДИМИ ТУҲФА БА 100 ЯТИМ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 июл дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен қасри “Сомониён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) ба рушди ҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Қасри “Сомониён” бо тарҳу намои зебо сохта шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашт.
Дар тарабхонаи барҳавои иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои раиятпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону кӯдакони бепарастор бохабар шуда, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо, барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё мекунад. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
Дар ин рӯз 100 ятими шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба ятимон туҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим шуд.
Маҳз натиҷаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзандони аз оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор аз имтиёзҳо бархӯрдоранд ва дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат таҳсил мекунанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин ва аз саодати оилавӣ бонасиб гардида, бо шукргузорӣ аз ин давлати ободу озод кору зиндагӣ доранд.
Кӯдакони ятим, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гардида, имрӯз зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар оянда муассисаҳои олиро бо донишу интизоми намунавӣ хатм мекунанд ва дар иҷрои рисолати фарзандии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
 
 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ  ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур соли 2018 дар деҳаи Саричашмаи деҳоти Гулхона дар майдони 1,36 гектар замин таъсис ёфт. Дар он беш аз 830 бех ниҳолҳои себ, гелос, олуи сиёҳ, олуча, хурмо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд.
Соли равон аҳли заҳмат дар заминҳои ҳудуди хоҷагии ёрирасон пиёз, сирпиёз ва картошка кишта, баъди ҷамъоварии ҳосил кишти такрорӣ гузаронда, дар майдони 0,5 гектар қаланфури булғорӣ, 0,5 гектар қаланфур, 0,1 гектар боимҷон, 0,10 гектар бодирингу каду, 0,35 гектар карам  ва 0,20 гектар хӯроки чорво парвариш мекунанд.
Заминҳои ҳудуди хоҷагӣ обёрӣ шуда, дар баробари бонавбат сафарбар шудани ҳайати шахсӣ ба парвариш ва нигоҳубини маҳсулот, ҳамзамон, як сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ ба корҳои боғдорию хоҷагидорӣ ҷалб шудааст.
Заҳмати пайваста ва истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ба нашъунамои хуби зироат замина гузошта, ҳосили дар кишти якум бадастоварда ҳавасмандии кормандонро ба миён овард. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо кормандон талош доранд, то самараи дастранҷи хешро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоянд.
Ҳосили ҷамъоваришуда аз заминҳои ҳудуди хоҷагии ёрирасон барои таъмини кормандони мақомот бо маҳсулоти ниёзи аввал равона мешавад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми онҳоро дар самти истифодаи мақсадноки замин намунавӣ арзёбӣ карданд.
 
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ҲАВЗИ МОҲИПАРВАРӢ 
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Рухаки деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд.
Масоҳати он 3,2 гектарро ташкил дода, дар майдони чил садяк  бисту як ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст. Баъди ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ 15 нафар сокини ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Тибқи лоиҳа, дар ин ҷо давоми сол 200 тонна гулмоҳӣ парвариш шуда, ба бозорҳои маҳаллӣ ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварии ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар деҳоти Деҳмой  моҳи ноябри соли гузашта оғоз ёфт.
Коргарони ҷамъият аз шаҳри Адлери Федератсияи Россия зиёда аз 100 ҳазор дона тухми моҳӣ ворид карданд. Дар ҳудуди ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” як чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираи обҳои мусаффо ва пиряхҳо бой буда, метавонад бо истифода аз ин неъмати бебаҳо на танҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон аз лиҳози парвариши гулмоҳӣ пешсаф бошад.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ҳазорҳо моҳиҳои ба минтақа мутобиқро ба ҳавзҳо сар доданд. Ҳамчунин, зимни ташриф ба ин минтақа Сарвари давлат ба таъсиси хоҷагиҳо ва бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ асос гузоштанд.
Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави кор, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва, дар маҷмӯъ, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум амалӣ мешаванд.
Дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд, асосан, гулмоҳӣ, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш мешаванд.
Тибқи маълумоти Корпоратсияи моҳии тоҷик, аз рӯи дурнамо оянда дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт ва Ҷаббор Расулов ба рушди ин бахш таваҷҷуҳи махсус равона мегардад. Ҳамзамон, парвариши гулмоҳии шоҳона, амури сиёҳ ва пешонапаҳни ало васеъ ба роҳ монда мешавад.
Имрӯз дар назди ҳавзи моҳипарварӣ тарабхонаи “Гулмоҳии Суғд” ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони Корпоратсияи моҳии тоҷик барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои кор ва амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос карданд.
 
 
ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ “МЕҲРОСО” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “Меҳросо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт.
Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расид. Паймонкори иншоот ҶДММ “Эҷод – 2013” мебошад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистони хусусии “Меҳросо” кӯдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии кӯдакистонро муассисони ширкати “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.
Масоҳати иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт ҳуҷраи хоби кӯдакон, ҳафт ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулиятҳои мусиқӣ иборат мебошад.
Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино ҳафт айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ бо тамоми шароит бунёд гаштаанд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 20 нафар бо кор таъмин шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондӯстӣ донистанд. Бунёди чунин иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кӯдакони хуштолеи маҳаллаи Бофанда туҳфаи арзанда дар Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса равона шуда, бо сохтмони муассисаҳои томактабӣ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин 48-тояш дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ҳамаи кӯдакистонҳо наздики 45 ҳазор кӯдак таълиму тарбия мегирад. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дӯстрӯякон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масъалаи бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар равона шавад.
 
 
БУНЁДИ ДАРМОНГОҲИ БАЧАГОНАИ СТОМАТОЛОГИИ ШАҲРӢ 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро ба истифода доданд.
Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳрӣ аз 16 ҳуҷраи кории духтурони дандон иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Масоҳати дармонгоҳ 370 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 60 нафар бо ҷои кор таъмин гашт.
Пештар дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳрӣ дар бинои номувофиқ ҷойгир буд. Бо сабаби номуносиб будани шароити корӣ, қабули беморон маҳдуд ва раванди муолиҷаи онҳо тӯл мекашид. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави дармонгоҳ шароити кори дандонпизишкон беҳтар ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта мешавад, зеро дар ин ҷо барои муолиҷаи дандон, кандану шинондан, гирифтани қолаб ва дигар роҳҳои пешгирии беморшавии дандон шароити хуб фароҳам гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд, ки ба саломатии мардум таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Саломатии миллат сарвати бебаҳо буда, пойдории давлат аз солимии ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар ин замина, супориш дода шуд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа ба масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии табибон ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи тандурустӣ диққати хоса равона шавад.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ барои 3100 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат кард.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмон ва таъмиру навсозии 77 беморхона, 123 бунгоҳи саломатӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, ҳудуди 100 ҳуҷраи хатна ва 100 дорухона дар назар аст. Давоми солҳои 2018 – 2020 ва шаш моҳи сипаришудаи соли равон бунёд  ва таҷдиди 431 иншоот ба анҷом расид, ки 85 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
 
 
КОРХОНАИ ҶДММ “ТЕКСТИЛИМПЕКС” БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс”-ро ба истифода доданд.
Муассисони корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.
Масоҳаташ наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудаанд. Ҳангоми навсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид гардиданд.
Таҷҳизоти корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Россия буда, дар он дар як шабонарӯз 120 метри мураббаъ бахмал тавлид мегардад.
Баъди ба истифода додани коргоҳ наздики 40 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор ва маоши хуб шуд.
Дар оянда таҷдиду навсозии бинои сехи истеҳсоли иловагии ҶДММ “Текстилимпекс” ва васлу насби таҷҳизоти бофандагӣ имкон фароҳам меорад, ки боз 15 ҷои кори дигар ташкил шавад. Ҳамзамон, истеҳсоли бахмал боз ба андозаи 60 метри мураббаъ зиёд ва иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз ба 180 метри мураббаъ мерасад.
Соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтаанд, ки бо фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор саҳми арзанда гузоранд.
Барои ин иқдому ташаббусҳои арзанда ва бунёди корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд доданд.
 
 
ҶДММ “ПАРАНДАПАРВАР – 2017” МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ 
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилояти  Суғд  дар  деҳоти  Ғозиёни  минтақаи Рухаки ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ “Парандапарвар – 2017”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи парандапарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов дар доираи эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёд шудааст.
Айни ҳол дар корхона 578 ҳазор мурғ (475 ҳазораш тухмдиҳанда) парвариш ёфта, роҳбарияти коргоҳ ният доранд то охири сол саршумори онро ба 750 ҳазор сар расонанд. 
Дар назар аст, ки дар як сол дар корхонаи мазкур 126 миллион дона тухм истеҳсол мешавад. Баъди ба истифода додани коргоҳ 40 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Масоҳаташ 3,5 гектарро ташкил дода, барои парвариши мурғ дар ин ҷо тамоми шароит муҳайёст.
Ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат аз бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ – ин таъсиси ҷойҳои нави кор, истеҳсоли маҳсулоти ба бозорҳои ҷаҳон рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, таъмини бозорҳои дохилӣ, афзоиши содирот, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар ниҳоят боз ҳам беҳ гаштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Ин талошҳову тадбирҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷонибдорӣ ва ҳамдастии амиқ пайдо менамоянд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳибкорону тоҷирони кишвар бо истифода аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳои соҳибкории хурду миёна бо бунёди садҳо коргоҳу корхонаҳои хурду бузург дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо шароити кор дар ин коргоҳи саноатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод намудани як гӯшаи диёр, пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба ташаббуси соҳибкорон баҳои шоиста дода, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.
Бо бовар гуфтан мумкин аст, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо оид ба истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм ояндаи наздик талаботи ҷумҳурӣ бо ин маҳсулот таъмин гардида, содироташон ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда мешавад.
 
 
КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БУНЁД ГАРДИД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ “Суғд-саноат-паранда”-ро мавриди  баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин корхонаи шаҳри Бӯстон аст, ки самти фаъолияташ ба парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ равона шудааст. Ташкили чунин корхона дар шаҳри саноатӣ, пеш аз ҳама, баҳри таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшт ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат мебошад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки барои бунёди ҶДММ “Суғд - саноат - паранда” соли 2019 асос гузошта шуда, масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад.
Барои парвариши паранда 4 сех бунёд ёфта, ғунҷоиши ҳар яки он аз 60 то 80 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Чӯҷаҳо навъи бройлерӣ мебошанд. Корхона иқтидор дорад дар як сол 1200 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намояд.
Зимни боздиди Сарвараи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ҷамъият гуфтанд, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ корхонаи парандапарварӣ таъсис гардида, таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид  шуданд.
Дар саҳни корхонаи навбунёд намоиши маҳсулоти истеҳсоли ҶДММ “Суғд-саноат-паранда” ташкил ёфта, маҳсулоти парҳезиро бо навъу намудҳои гуногуни бастабандӣ ба маъраз гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар оянда саршумори паранда зиёд ва иқтидори истеҳсолӣ афзун шавад.
Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шаҳри саноатӣ ба шумор рафта, дар он 37 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад ва дар нимсолаи аввали соли 2021 ба маблағи зиёда аз 274 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин даври соли 2020 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 1400 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин аст.
Бо бунёди ин корхона 25 нафар соҳиби ҷои кор шуд. Ҷамъият дар нақша дорад, ки тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи наздик самти фаъолияташро васеъ ва ҷойҳои нави кориро ташкил намояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи парандапарварӣ рушд карда, танҳо дар ҳудуди вилоят соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имконияту шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудани фабрикаҳои парандапарварӣ аз якчанд намуди пардохти андоз беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ бо истифода аз технологияи муосир бунёд намуданд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки талаботи вилоят пурра бо гӯшти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ гардад ва дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба 1 июли соли 2021 истеҳсоли гӯшти паранда 7 ҳазору 759 тонна ва тухм 285 миллиону 745 ҳазор донаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2021    №: 152    Мутолиа карданд: 3821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед