иқтисод
«НУРОБОД. 500 ГЕКТАР ЗАМИН ШОДОБ МЕШАВАД, АГАР...»
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мақолаи «Нуробод. 500 гектар замин шодоб мешавад, агар...» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 8 июни соли 2021, № 113-114 (24221) нашр гардидааст баррасӣ намуд.
Масъулони агентӣ дар посух ба ваҷҳҳои дар матлаб зикршуда иттилоъ медиҳанд, ки тайи солҳои 2014 - 2021 бо мақсади беҳтар бо об таъмин намудани заминҳои кишоварзии ноҳияи Нуробод барои барқарорсозии сарбанди каналу танзими маҷрои дарёи Сурхоб аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии агентӣ 12 тонна сӯзишвории дизелӣ ва маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, дар шабакаи обёрии «50 – солагии Тоҷикистон» корҳои муайяне ба иҷро расиданд.
Соли ҷорӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021» аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия корҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ ба андозаи 14 ҳазор метри мукааб таъмири 2 иншооти гидротехникӣ дастгоҳҳои обкашӣ ва чоҳи амудӣ анҷом ёфтанд.
Айни замон, дар пойгоҳи обкашии «Племсовзоз» дар маҷмӯъ, 2 дастгоҳи обкашӣ, 1 адад бо тамғаи 14 Д 6 (1250-125) ва 1 адад тамғаи Д 550-22 омодаи кор буда, тибқи дархости кишоварзон тариқи шартнома заминҳои кишоварзии мавзеи мазкур бо оби полизӣ таъмин гардида истодаанд.
Назорати таъминоти оби полизии заминҳои кишоварзӣ ба зиммаи раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе вогузор карда шудааст.
Холмурод РАҲМОН,
директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2021 №: 152 Мутолиа карданд: 2349