logo

иҷтимоиёт

БАҲОИ ТАЪРИХ. ШИРИНШОҲ САФЕД ШУД, БАДХОҲОНАШ СИЯҲНОМ МОНДАНД

Соле, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ба дунё омада буд, ҳарбиёни рус дар Хоруғ аввалин Корвонсаройро кушоданд. Онҳо ба Бадахшон маҳсулоти саноатии Россияро меоварданд, ки бо вуҷуди арзон будан нисбат ба молу маҳсулоти шарқӣ сифатан бартарӣ дошт. Ин яке аз кӯшишҳои стратегии Россияи подшоҳӣ барои устуворсозии мавқеи ҳудудӣ – сиёсии худ барои роҳ ёфтан ба дарвозаҳои кишварҳои Ҳиндустон ва Чин ба шумор мерафт. 
 
Шароити вазнини Бадахшон дар охирҳои асри ХIХ ва оғози асри ХХ бар дӯши Шириншоҳи наврас низ масъулиятҳои зиёде гузошт. Вай дар байни ҳамсолонаш ятими кулл бошад ҳам, ба  таҳсил шавқи беандоза дошт. Барои ташаккули шахсияти Шириншоҳ таҳсил дар мактаби русии таҳҷоӣ, ки дар Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, аҳамияти калон  дошт. Тибқи  маълумоти муаррихон, вай аз байни ҳамсинфон нахустин касе буд, ки дар пеши худ мақсади ҷиддии идомаи таҳсил дар шаҳри Тошкандро гузошта буд. Ин аз муҳаббати зиёд доштани вай ба донишомӯзӣ дарак медод. Ҳамин буд, ки Шириншоҳ баҳри амалӣ намудани орзуяш дар шароити хеле сахт кор карда, маблағи бадастовардаашро барои  донишомӯзӣ сарф менамуд.
Талошҳои ин толибилми қавиирода буд, ки давра ба давра рушд мекард, донишу ҷаҳонбинии сиёсиаш такмил мешуд ва шахсияташ дар ҷомеа торафт тобноктар мегардид. Дар ҳар ҷое кору таҳсил мекард, аз худ устуворӣ нишон медод. Дониши хубу маҳорати баланди ин ҷавони навроҳ аз назарҳо пинҳон намонд ва зуд ӯро ба корҳои ҳизбиву ҷамъиятӣ ҷалб намуданд. Чунончи, Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Туркистон даъват ва инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ дар бахши тоҷикӣ таъйин гардид. Маҳз аз ҳамин ҷо марҳилаи нави фаъолияти Шириншоҳ оғоз ёфта, оҳиста -  оҳиста ба саҳнаи калони сиёсат ва давлатсозӣ ворид гардид. Ба ин вазифа баргузидани Шириншоҳ замоне буд, ки мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон - Бухоро ва Хоразм барои тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ омодагӣ медиданд ва дар ин робита байни мардум корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда буд. Ин масъалаи бисёр муҳим бештар аз ҳар чизи дигар барои Ш. Шоҳтемур қобили таваҷҷуҳ буд. Аз ин рӯ, барои омӯзиши раванди омодагиҳо бо ҳуҷҷатҳое, ки оид ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Туркистон омода шуда буданд, шинос шуд. Вале, чун дар онҳо оид ба мавҷудияти халқи тоҷик дар Туркистон ишорае пайдо накард, сахт нороҳат шуд. Эҳсос намуд, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва Давлати Шӯравӣ ташкил кардани давлати ягонаи туркӣ дар Осиёи Миёнаро ҳадафи хеш қарор додаанд.
Мусаллам аст, ки чунин иттифоқоти таҳрифкоронаву ғайримасъулона нисбат ба тақдири халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемурро ором гузошта наметавонист. Ӯ дар баробари дигар чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик дар он замон, назири Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров ба воситаи мактубу муроҷиатномаҳои пай дар пай ба унвони Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии тоҷиконро қотеона талаб мекард. Як мисоли равшани чунин талошҳо номаи Шириншоҳ Шоҳтемур ба роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ И. В. Сталин аст, ки дар бораи ҷузъияти ин мактуб ва нақши ҳалкунандаи он вобаста ба тақдири тоҷикон “Ҷумҳурият” матлаби алоҳида нашр карда буд.
Хонандагони ҳушманди рӯзномаи “Ҷумҳурият” хуб медонанд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1929 котиби аввали Кумитаи Ҳизбии Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1930) котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1932 барои такмили ихтисос ва донишҳои сиёсӣ ба Москва рафт ва соли 1933 ба Тоҷикистон баргашта, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон, яке аз муовинони раиси КИМ Иттиҳоди Шӯравиро иҷро намуд. Ин фарзанди фарзона ва зинданоми тоҷик дар ҳамаи мақомҳое, ки кор кард, барои ҳалли масоили муҳими миллӣ, рушди диёри азизаш хидматҳои бедареғу мондагоре анҷом дод. Вале ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ӯро дар чашми душманон ба ҳайси як пуштибони қавии арзишҳои миллии тоҷикон ангуштнамо кард ва дар пайи эҷоди дассиса алайҳи ӯ шуданд. 
Бадбинону султахоҳон ва сиёсатбозони замон пайваста нисбат ба Шириншоҳ душманӣ меварзиданд ва ахиран тавонистанд, ӯро бо туҳмат зиндонӣ ва қатл намоянд. Соли 1937 Шириншоҳ Шоҳтемур – ин фарзанди ҷоннисори Ватан дар пайи ҳукми сияҳкоронае қатл шуд. Вале чун фаъолиятҳояш бенуқсон ва дар ниҳоди покаш ҳеҷ айбе набуд, дертар доғи судӣ аз номаш бардошта шуда, сафед карда шуд. Бале ӯ сафед карда шуд, вале онҳое ки тақдирашро сӯзонданд, дар таърих ҳамеша сияҳном боқӣ хоҳанд монд. 
 
Иронбӣ   МӮСОЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2021    №: 152    Мутолиа карданд: 825
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед